• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ИХТИРОЪКОРӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАШАККУЛДИҲИИ ҚОБИЛИЯТИ ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОН ДАР ТАЪЛИМИ ФИЗИКА

Ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд шавқу ҳаваси хонандагон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ бедор карда шуда, ташаккул дода шавад. Бинобар ин ба маҷмӯи корҳои мустақилонаи дорои тавсифоти эҷодии хонандагон супоришҳо оид ба тарҳкашӣ ва сохтани асбобҳои физикии содда дохил намудан мувофиқи мақсад аст. Аз ҷумла, навъҳои зерини корҳоро доир ба тарҳкашӣ ва сохтани асбобҳои физикии содда тавсия намудан имконпазир аст:

1. Аз ҷузъҳои тайёр васл кардану сохтани асбобҳо. Ба ин гуна корҳо васл кардану сохтани электромагнит, релейи электромагнитӣ, занги электрикӣ, телеграфи электромагнитӣ ва ғ. тааллуқ доранд. Ин корҳоро баъди омӯхтани сохт ва принсипи амали асбобҳои мувофиқ пешниҳод намудан мавофиқи матлаб аст.

2. Супориши хонагӣ доир ба тайёр намудани асбобҳое, ки принсипи амали онҳо дар дарcҳо омӯхта шудааанд. Чунин корҳоро аз иҷрои супориши тайёр намудани асбобҳои оддӣ cap карда, баъд ба мураккаб гузаштан лозим аст. Дар синфи 7 ба хонандагон оид ба сохтани динамометр, тарозу бо борсангҳояш ва ғ., дар синфи 8 бошад, тамсилаи (модели) мушак (ракета), трансформатор, релейи электромагнитиро супориш додан мумкин аст.

3. Супоришҳо оид ба дохил намудани тағйирот ба нақшаи занҷири электрӣ. Масалан, дар синфи 8 ҳангоми омӯхтани мавзӯи «Пайвасти пайдарпайи ноқилҳо» супориш додан лозим аст, ки хонандагон дар нақшаи релейи манометрӣ ва пневматикӣ тағйирот ворид намоянд.

4. Супоришҳо оид ба такмили асбобҳои намоишдиҳӣ, ки дар дарсҳо истифода бурда мешаванд.

5. Супоришҳои инфиродӣ доир ба тайёр намудани тамсила ва нақшаи амали асбоб.

Ҳангоми ташкил намудани корҳои марбут ба такмил додан ва сохтани асбобҳо лозим аст, ки ба хонандагон дар бораи самаранокии кори иҷронамудаи онҳо маълумоти кофӣ дода шавад. Самаранокии иҷрои ин супоришҳо дар он ҳолат имконпазир мегардад, ки агар омӯзгор онҳоро шурӯъ аз синфи 7 ба нақша гирад ва ба хонандагон мунтазам пешниҳод намояд. Ҳангоми банақшагирии маҷмӯи супоришҳо оид ба васл намудану сохтани асбобҳо зарур аст, ки принсипҳои асосии дидактика ба роҳбарӣ гирифта шаванд. Дар баъзе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни «Ихтироъкорони ҷавон» гузаронида мешавад ва ҳар як иштирокчии он худаш мавзӯи дилхоҳашро интихоб менамояд.

Барои мисол, мавзӯъҳои озмуни «Ихтироъкорони ҷавон»-ро барои хонандагони синфҳои 7-11 тавсия медиҳем:

1. Сохтани асбобҳои соддаи ченкунандаи дарозӣ (намудҳои гуногуни ҷадвали андозадор аз чӯб, тасма, пластика). Аз бутилҳои холӣ сохтани истаконҳо барои намоиши таҷрибаҳои физикӣ.

2. Сохтани таҷҳизоте, ки ба таври автоматӣ занҷири электриро ба манбаи ҷараён пайваст намояд, то ин ки хонандагон дар вақти муайяншуда ба дарсҳо дароянд ва аз дарс бароянд.

3. Таҷҳизотеро фикр карда баромадан лозим аст, ки идоракунии филмоскопро аз масофа таъмин намояд. Баъди гузаронидани озмун натиҷаҳои онро дар рӯзномаи девории мактаб қайд намудан лозим аст.

4. Сохтани аробачаҳо барои намоиш додани ҳаракатҳои мунтазам ва номунтазам, таъсири мутақобили ҷисмҳо, инерсия. Сохтани тарозуи фашангӣ ва борсангҳо. Сохтани асбоб мувофиқи расмҳои 56 (а,б), 62 (а, б)-и китоби Физика барои синфи 7.

5. Сохтани динамометри содда. Сохтани асбоб барои намоиш додани қувваи соиш ва чен кардани он.

6. Сохтани асбоб барои намоиш додани фишор ва тарзҳои каму зиёд кардани он.

7. Сохтани асбоб барои намоиш додани фишори газ, қонуни Паскал, фишор дар моеъ ва газ.

8. Сохтани асбоб барои намоиш додани амали зарфҳои пайваста, фишори атмосферӣ.

9. Сохтани асбоб барои намоиши «Тарзи амали манометрҳо ва шино кардани ҷисмҳо». Сохтани тамсилаи мошини гидравликӣ.

10. Сохтани фашангҳо ва ғарғараҳои гуногун.

11. Аз рӯйи расми 135-и китоби дарсӣ (Физика-7) сохтани асбоб барои намоиши «Табдилёбии энергияҳои механикӣ» [1, c. 242].

12. Сохтани асбоб барои намоиши гармигузаронии моддаҳои гуногун.

13. Сохтани асбоб барои намоиши ҳодисаҳои конвексия ва кашиш.

14. Сохтани электроскопи сода ва султон. Аз фолга сохтани гилза барои намоиши электрнокшавии ҷисмҳо.

15. Сохтани асбоб барои намоиш додани таъсири майдони магнитӣ ба ноқили ҷараёндор.

16. Сохтани асбоб барои намоиш додани «Сохтани тасвир дар линзаи ҷамъкунанда».

17. Сохтани ҷадвалҳои формулаҳои физикӣ, доимиҳои физикӣ, доимиҳои астрономӣ ва ғ.

Азбаски хонандагони синфҳои 7-9 ба асбобсозию ҷамъоварии маводи зарурӣ шавқи зиёд доранд, бинобар ин, мо нақшаи кориро барои хонандагони ин синфҳо мураттаб намудем. Барои хонандагони синфҳои болоӣ бошад, сохтани асбобҳои нисбатан мураккабро ба нақша дохил намудан мувофиқи мақсад аст. Дар ин маврид сохтани якчанд асбобро тавсия медиҳем:

Сохтани перископ. а) Перископро аз банкаи дарози тунукагин сохтан мумкин аст. Барои ин сарпӯшҳои болоӣ ва поёнии банкаро бурида, онҳоро нисбат ба ҳамвории паҳлӯии банка таҳти кунҷи 450 қат карда, ба ин сарпӯшҳо оиначаҳоро бо ресмон мебанданд ё тавассути скотч мечаспонанд.

б) Қуттии гӯгирдро гирифта канорҳои асосҳои болоӣ ва поёниашро тавассути корд бурида, онҳоро таҳти кунҷи 450 нисбат ба паҳлӯҳои қуттӣ қат кунед. Ба ин асосҳо оиначаҳои росткунҷашаклро бо ресмон бандед ё тавассути скоч часпонед. Тарзи амали перископҳои сохтаатонро фаҳмонед. Нақшаи асбобҳои сохтаатонро кашида, рафти нурҳоро дар онҳо нишон диҳед. Бо асбобҳои сохтаатон мушоҳидаҳо гузаронед. Асбобҳои сохтаатонро барои санҷиш ба назди омӯзгор ба мактаб оред.         Қобили қайд аст, ки асбобу таҷҳизоти худсозро натанҳо ҳангоми омӯзиши маводи назариявӣ, инчунин, дар шабнишиниҳои физикӣ низ истифода кардан мумкин аст. Дар ин баробар  ҷалб намудани муаллифони асбобҳои сохташуда ба маҳфилҳои илмӣ, инъикос намудани  дастовардҳои онҳо дар нашрияҳо ва дар саҳифаҳои рӯзномаи деворӣ аз аҳамият холӣ нест.

Тайёр ва ихтироъ намудани асбобҳои худсози физикӣ аз ҷониби хонандагон дар шароити мактаб ба омӯзиши амиқи қонунҳои физикӣ, дар онҳо ташаккул ёфтани маҳорат ва малакаҳои тарҳсозӣ, инчунин дар бедор кардани шавқу ҳаваси хонандагон  тавассути методҳои озмоишии омӯзиш мусоидат менамояд.

Мавлонов Иззатулло Шамевич, муаллими калони кафедраи методикаи таълими физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj