• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

СОХТОРИ ВОЖАҲОИ НАВЪҲОИ АЛАФУ ГИЁҲ ВА БУТТАҲО ДАР ШЕВАИ ҶАНУБӢ ВА ҶАНУБӢ-ШАРҚИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Калимаву истилоҳоти умумии ин гурӯҳ. Мавҷудияти зиёди алафу буттаҳо гувоҳи он аст, ки дар тӯли таърих мардум аз онҳо барои эҳтиёҷоти гуногуни худ истифода кардаанд. Онҳоро чун хӯроки худашон ва барои ҳайвоноти хонагӣ, воситаи табобатии шифобахш, асбоби рӯзгор ва ғайра истифода мебаранд. Теъдоди ин калимаҳо ниҳоят бисёр аст. Таркибан сода, сохта мураккаб ва аз ибораҳо сохта шудаанд. Дар байни вожаҳои сода калимаи сатрú серистеъмол аст. Вожаи сатрú//сатърú дар шеваи ҷанубӣ аз рӯйи чанд маънӣ истифода мешавад, ки ҳамаи онҳо ба анвои гиёҳ робита доранд. Пеш аз ҳама сатрú номи навъи алаф аст ва дар робита ба ин ба маънии ним дарза, якчанд қабзаи алаф ё ғаллаи даравидашуда, чоряки дарза низ меояд; чан қавза-ра мемонем, сатрú меша (Чб.); бегайú шава, чил сатърú кä мезанъм (Мӯм.). Вобаста ба ин проф. Ғ.Ҷӯраев чунин фикри маъқулро пеш меоранд, ки “калимаву терминҳои ифодакунандаи ғарам дар шеваи ҷанубӣ аз рӯйи мундариҷа, ҳудуди интишор як хел нестанд. Чунон ки дар забони адабӣ барои ифодаи онҳо як силсилаи муайян ба вуҷуд омадааст (тор, қабза, банд, ғарам...), дар шеваи ҷанубӣ ҳамин гуна равиши аз ҷузъ ба кул мушоҳида мегардад. Калимаи сатри-ро дар ҳамин силсила баъди калимаи умумихалқии қабза//қавза воҳиди луғавии дуюм номидан мумкин аст”. [Ҷӯраев 1980,190]. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба маънои дарза (як банд сатрú) дар шеваи ҷануби шарқӣ вожаи веб истифода мешавад. Маънии дигари сатрú//сатърú навъи нонест, ки аз орди ҷуворимакка ва арзан тайёр карда, гоҳо равғану тухм ҳамроҳ мекунанд: сатрú-ра дар това мепазан (Лахш). Вобаста ба ин, ибораи нони сатрú мустаъмал аст, ки навъи ноне мебошад, ки дар натиҷаи турш шудани хамир аз танӯр меафтад: нуни сатри ширин мебийа (Лан.).

Ҳамчунин, калимаҳои содаи зиёде роиҷанд. Дар байни инҳо воҳиди луғавии каҳ//коҳ хусусияти умумиистеъмолӣ дорад. Истилоҳи патрум // патрум “навъи растании паҳнбарг” дар лаҳҷаҳои қаротегинӣ; пъсъмч // пъсънч “навъ буттаи кӯҳӣ”; пара“як навъ растанӣ, ки баргҳояш паҳну сафед аст” дар лаҳҷаҳои шимолии Кӯлоб: адир рафтú, иқа пъсъмч бийор, кайин мекънем (Кан.); йавшон “явшон, дармана (буттаи бемеваи худрӯй)”; анис “зира”; анис сангзъмино-да мешава дар гурӯҳи лаҳҷаҳои ғарбии Кӯлоб; чака “навъ дарахти кӯҳӣ, ки меваи туршомез дорад”: чака ранги олучабандак-ай дар гурӯҳи лаҳҷаҳои вахиёӣ-қаротегинӣ мустаъмал аст. Дар байни ин гурӯҳ калимаи йавшон дар лаҳҷаи Бухоро ҳам роиҷ аст [Маҳмудов 1989, 110].

Вожаҳои сохта тавассути пасвандҳои -ак//-ък//-ик, -акú, -ú, -а, -ча ба вуҷуд меоянд. Ин калимаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи аввал вожаҳоеро дохил кардан мумкин аст, ки бо пасвандҳо шакл гирифта бошанд ҳам, асосҳои онҳо дар марҳилаи кунунӣ маънои мустақил надоранд ва маҳз бо иштироки пасвандҳо соҳиби семантика мегарданд, рехта шудаанд. Аз рӯйи интишор чунин аст:

Дар гурӯҳи лаҳҷаҳои кулобии ҳисорӣ: пуғанак “бӯйи модарон (растании давоӣ)”. Дар лаҳҷаҳои шимолии Кӯлоб: шупак “навъи растании кӯҳӣ”; кълък “буттаи куҳӣ”; чавлабú “як навъи растанӣ”; чаблулӣ “навъи растанӣ”. Дар лаҳҷаҳои қаротегинӣ сақлак “навъи растанӣ”. дар гурӯҳи лаҳҷаҳои вахиёӣ-қаротегинӣ ҷъҷък “навъи растанӣ, ки бехмевааш мисли пиёз аст”; чирмович “ зарпечак”;

Чанд намуди муштарак мавҷуд аст. Аз чумла, даргурӯҳи лаҳҷаҳои шимолию ҷанубии Кӯлоб ва лаҳҷаҳои дарвозӣ шънък “навъи растании кӯҳӣ, ки истеъмол мекунанд”; лангурú// лангърú “каварбутта”;  дар гурӯҳи лаҳҷаҳои вахиёӣ-қаротегинӣ шимолию ғарбии Кӯлоб ғомък “навъи зироати мушунгмонанд”; ғомък-ъ сагпистун-а оварда нун мекаан (Дм.); дар гурӯҳи лаҳҷаҳои вахиёӣ-қаротегинӣ ва қаротегинӣ ҷоҷък// ҷоҷú “ҳолмон, навъи растании хӯрданӣ, ки гулаш мисли гули лола аст”: ҷоҷú камта бориктар-ай (Ҷав.) ва ғайра.

Дар гӯйиши Ванҷ калимаи “пухник” [Розенфелд 1964, 108] “пух (птичий)”, дар лаҳҷаҳои Бадахшон намуди “пахнук” “гусиная кожа” маъмул аст [Розенфелд 1971,122]. Дар гӯйиши бахтиёрии минтақаи Эрон калимаи “пух” ба чанд маънӣ истифода мешавад. Яке аз маъниҳо “калимаи тавҳиномез дар таҳқир ва кучак шумурдани касе” [Иршодӣ 1388, 225] мебошад. Дар шеваи ҷанубӣ  пъхник// пъхнък (Вқ., Шк.) ба маънии “тухми растании лух” истифода мешавад. Тухми растании лух назар ба тухми гандум хеле ночиз аст ва ин аст, ки ба назари мо асоси он (пъх) на ба пусту пари парранда, ки дар шеваҳои ҷануби шарқӣ ва Бадахшон истифода мешавад, балки чун семантикаи пух дар гӯйиши бахтиёрӣ мебошад. Бо ин асос вожаҳои пахол//пъхол ва пъхка низ мутадовил аст, ки болотар баррасӣ шудаанд.

Асоси вожаи кайик калимаи каҳ//коҳ аст ва бо замми эпентезаи -й ва илҳоқи пасванди -ик маънии “навъи гиёҳи кӯҳии сарсабз” ва бо пасванди -ин дар шакли кайин (Шк., Ҷк.) соҳиби ду маъно мегардад: 1. навъи буттаи кӯҳӣ, ки аз пӯсти вай банд тайёр мекунанд; 2. банд ё арғамчине, ки аз пӯстлоқи буттаи кайин бофта мешавад: дъмби хар-да кайин мебандан-у ай дайро мегъзаран (Хов.). Ҳамчунин, вожаи ғов (Вқ., Қ.), ғāв (Шк., Ғк.) ба ду маъно мустаъмал аст: 1. ғавғо, мағал; 2. дар таркиби ғов-ъ ғапа (Лб.) маънии “хасу хошок”-ро ифода мекунад. Аз рӯйи маънии дуюм бо пасванди -ък дар шакли ғовък (Яр.) омада, маънии навъи растании кӯҳиест, ки бехмевааш ба картошка монанд буда, гулаш сурхчатоб мебошад.

Як силсила истилоҳоти марбут ба гиёҳ дар шакли сохта бо пасвандҳои мазкур вомехӯранд, ки асосҳои онҳо исм, сифат, феъл ва ғайра буда, ниёз ба шарҳ надоранд, зеро дар забони меъёр, ба истиснои талаффузи шевагиашон, мустаъмаланд: часпак (Шк.) як навъи растанӣ; кашак (Шк.) як навъ алафи бадбӯи тунд; ховак (Вқ.) тухми гули як навъ растанӣ; нахутак (Шк.); шумак (Шк.): шумак сохти ғармаш ворú бълан меша (Шх.); руғанак (Вқ); гузък (Вқ.) як навъи буттаи кӯҳӣ, ки сӯзанбарг аст; шурък (Шк., Дарв.); хубак (Ҷк.,Шк.) хубак, шумтол, шунг, чормоғак (як навъи буттаи кӯҳии мевадор): ръндък // ръндак (Вқ., Қ., Шк., Вқ.), рундък // риндък (Ғк., Дарв.) як навъи растании бутанок, ки хорҳои лӯндаи часпак дорад ва онро ҳамчун дастаи кирмак истифода мебаранд; печак (Кҳ., Шк., К., Ванҷ), печък (Вқ.) печак (растанӣ): иқа печак бийор, гусала-ра те (Кан.); сийаҳак (Вқ.) як навъи растанӣ, ки дар даруни гандум мерӯяд, донааш сиёҳ аст; чъшмакú (Шк.) як навъи растанӣ. Даҳҳо чунин вожаҳо мавҷуданд, ки дар шеваҳои ҷанубӣ, ҷануби шарқӣ ва дигар шеваҳои забони тоҷикию забони меъёр дида мешаванд, ки дар шакли сохта муравваҷанд ва овардани онҳоро зарур намедонем.

Дар қолаби калимаҳои мураккаби тобеъ воҳидҳои луғавии зиёде сохта шудааст, ки дар онҳо вожаи ка //каҳ //коҳ ҳамчун ҷузъи асосӣ истифода мешаванд ва лексемаҳои нав номи растаниҳо: гулу буттаҳо ва алафҳоро мефаҳмонанд. “Калимаи ка//каҳ баръакси забони адабӣ дар қисми лаҳҷаҳои шеваи ҷанубӣ, асосан, дар маънии “алаф” маъмул аст” [Ҷӯраев, 1980, 188]. Ин аст, ки зимни сохтани калимаҳои мураккаби тобеъ ба маънои номи алаф чун ҷузъи асоси ка//каҳ меояд ва гоҳо вожаи алаф истифода мешавад. Барои ифодаи растании шифобахш на алаф ё ка//каҳ, балки вожаи умумихалқии гийоҳ роиҷ аст. Дар забони тоҷикӣ вожаи каҳ ва калимаҳое, ки бо он сохта шудаанд, назар ба алаф таърихи қадимтар доранд, зеро вай мутааллиқ ба забони тоҷикӣ ва алаф аз забони арабӣ [Фарҳанг 1969, 56] иқтибос шудааст. Ҷузъи тобеъ дар ин гуна вожаҳо аломат ва хусусиёти гиёҳон аз қабили талхӣ, ширишӣ, нармию дуруштӣ, ранг, хосияти табобатии онҳо ва ғайра мебошанд. Барои намуна чанд мисоле аз рӯйи интишори онҳо оварда мешавад, ки калимаи асосӣ дар мавқеи баъдӣ воқеъ аст. Дар лаҳҷаҳои қаротегинӣ шъдърка: у сън-ънда пъгайú мехезе, шъдърка дамидагú (Шу.); дъруштка - коҳи калон-калоне, ки бо ҷоду майда мекунанд. Дар гурӯҳи лаҳҷаҳои вахиёӣ-қаротегинӣ сийалаф- сиёҳалаф. пахтакаҳак - навъи растанӣ; съфедкаҳак - навъи растанӣ, ки ба гандум монанд аст; талхакä: талхака-ра маза-ш тъмч-ай (Мт.); нармакаҳ - навъи растанӣ; коҳи маҳин. Дар гурӯҳи лаҳҷаҳои ғарбии Кӯлоб дардкаҳак - навъи растании кӯҳӣ; момокаҳак - як навъ растанӣ, ки бӯйи хушу таъми гуворо дорад; ширинка - як навъ растанӣ, ки шираи гулу бехмевааш ширин бошад. Дар лаҳҷаҳои шимолии Кӯлоб пиркаҳ - коҳи калон-калон; чаноркаҳ - навъи растанӣ; шурбокаҳак - як навъ растании хушбӯю хуштаъме, ки ба хӯрок меандозанд; газандака - навъи растанӣ; рангкаҳ - навъи растанӣ, ки аз он ранг тайёр мекунанд.

Ҳамчунин, калимаҳои дар байни лаҳҷаҳо муштарак ҳам дида мешавад: шудрука (Қ., Вқ., Ванҷ) як навъи сабзаи кӯҳӣ; сийакä// сийаҳкä (Вқ., Қ., Шк., Ҷк.) як навъи растанӣ; кимйока (Ванҷ); овка //овикаҳ (Шк., Вқ., Дарв.) як навъ алаф, ки дар ҷойҳои намнок мерӯяд; сузанкаҳ (Қ., Шк.) газна, сӯзгиёҳ; сумбулкаҳ (Вқ., Қ.) як навъи растании гулаш чатршакл; чиноркä//чиноркаак (Шк., Ҷк.) чинорак, чанорак, як навъ растании зардгул, ки баргаш ба барги чанор монанд аст.

Зимни баёни юнучқаи тар, хушк ва ҳар навъ алафи силос кардашуда бо иштироки калимаи ка//каҳ вожаҳои каҳбеда//кабеда ва тарбеда//бедай тар дар муомилот мебошад, вале вожаи юнучқа дар шакли шевагии ръшқа дар шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ мутадовил аст. Дар ин замина калимаҳои говръшқа (Қ.) юнучқаи худрӯй; ръшқапайа (Қ.) юнучқапоя (муродифаш бедапайа) сохта шудааст, ки ҷузъи асосӣ дар мавқеи баъдӣ ҷойгир аст. Вожаи ръшқа чун муайяншавандаҳои ибораҳое, ки анвои юнучқаро мефаҳмонанд меояд: ръшқайи адирú (Б.) юнучқаи ёбоӣ (даштӣ); ръшқайи пъштагú (Қӯш.) ръшқайи говак (Вқ., Қ., Шк.) ръшқайи лалма (Қ.) юнучқаи лалмӣ. Ба гумони мо ръшқа дар асл аз вожаи лаҳҷавии ръждка //ръждкаҳ, ки қолиби маъмули калимасозӣ бо вожаи ка//каҳ мебошад, ба вуҷуд омадааст ва болотар теъдоди зиёди вожаҳоро бо ин қолаб ва аломатҳои мушобеҳ ба ръшд мушоҳида намудем. Зимнан бояд гӯем, ки калимаи ръжд дорои маъноҳои ҳамвор, суфта, хушсифат, зебо, тоза, пуртароват ва ғайра мебошад, ки аксарият ба юнучқа муносибанд.

Хулоса, теъдоди зиёди алафу гиёҳоне мавҷуд аст, ки аз тарафи одамон кишт карда намешаванд. Онҳо дар марғзор, дашту даман ва кӯҳҳо рӯйида мардум аз он истеъмол карда, барояшон номҳои мувофиқ гузоштаанд, ки дар асоси аломату хусусиёти тезию турушӣ, шӯрӣ, бӯйи хуш, монандии барг ё танааш ба ашёи гуногун ва дигар хосиятҳои онҳо ба назар гирифта шудааст. Таҳқиқ нишон медиҳад, ки қисме аз онҳо аз ҳудуди шеваҳои ҷанубӣ ва ҷануби шарқӣ берун меравад ва ё аз давраи классикӣ маншаъ мегирад.

Адабиёт:

  1. Абдуллоев Б. Т. Словообразование имен существительных в современном персидском литературном языке / Б.Т.Абдуллоев //Автореф. дис. канд. филол. наук. – Баку, 1964. – 22 с.
  2. Абдуллоева Г.З. Лексика каратагского говора/ Г.З. Абдуллоева // Автореф. дис. канд. филол. наук. – Душанбе, 2013. -22с.
  3. Алиев О. Язык таджикского эпоса «Гуругли» / О. Алиев // Автореф. дис. канд. филол. наук. – М., 1985. – 15 с.
  4. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология, фонетика ва морфология. -Душанбе: Маориф, 1973. Қисми I: Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ. -464 с.
  5. Забоншиносии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1976. – 119 с.
  6. Зарубин И.И. Очерки разговорного языка самаркандских евреев / И.И. Зарубин. Иран. – Л., 1928. Т.2.
  7. Земская Е.А., Кубрякова Е.С. Проблемы словообразования на современном этапе/Е.А.Земская., Е.С. Кубрякова // Вопр. языкознания. 1978. -№6. – С.112-123.
  8. Им С. Б. Морфологические альтернации в именном словообразовании /С.Б. Им //Автореф. дис. канд. филол. наук. – М., 1977. – 16 с.
  9. Исаев М. И. Осетинский язык. Основы иранского языкознания /М.И. Исаев //новоиранские языки – М., 1982. -С.537-642.
  10. Исматова М.Д. Лексика швейного вышивального искусства в Самаркандских говорах таджикского языка /М.Д. Исматова// Автореф. дисс. канд. филол. наук. – Душанбе, 1983 -20 с.
  11. Исмоилов Ш. Лексика каратегинского говора / Ш.Исмоилов // Автореф. дис. канд. филол. наук. – Душанбе, 1982. -24 с.
  12. Исмоилов Ш. Суффикси -акú дар лаҳҷаҳои Қаротегин / Ш.Исмоилов // Забоншиносии тоҷик. – Душанбе, 1984. – С .66-72.

Юсупова Сурайё Абдумаҷидовна, номзади илми филология, муаллими калони кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj