• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ЗАБОНШИНОСӢ: ДИАЛЕКТИЗМҲО – МАВЗУИ БАҲСИ УСЛУБШИНОСИИ ТОҶИК

Дар осори илмие, ки ба масоили забон ва услуби асари ҷудогона ва ё эҷодиёти адибони тоҷик бахшида шудааст, оид ба корбурди истилоҳи “диалектизм” муносибати якхела дида намешавад. Масалан, Н. Маъсумӣ дар аввалин рисолаи ба забон ва услуби асари бадеӣ ба табъ расонидааш мафҳуми “калимаҳои халқӣ-гуфтугӯӣ”-ро истифода бурда, роҷеъ ба ин масъала фасли калонеро ҷудо карда, муҳим будани истифодаи унсурҳои забони зиндаро чун як воситаи муассири бадеию услубӣ таъкид намуда, навиштааст: “Қайд кардан даркор аст, ки дар забони асари бадеӣ кор фармуда шудани калима ва ибораҳои халқӣ-гуфтугӯӣ танҳо вобаста ба хусусиятҳои мавзуъ, жанр, метод ва приёмҳои эҷодӣ, услуб ва тарзи ифода мувофиқ меафтад. Бинобар ин, дар интихоб ва истеъмоли ин гуна элементҳо маҳорат ва забондонии нависанда роли асосӣ мебозад” (Маъсумӣ, 1959, 119). Ӯ доир ба ҷойгоҳи истеъмоли ин қабил унсурҳои луғавӣ таваққуф намуда, зикр мекунад, ки “калима ва ибораҳои халқӣ, одатан, дар услуби нутқи шифоҳӣ дар гуфтугӯи муқаррарӣ характерноканд. Онҳо дар муносибатҳои расмӣ, хизматӣ ва дар забони асарҳои илмӣ муносибати бевосита надоранд” (Маъсумӣ, 1959, 2019,118).

Тадқиқгари забон ва услуби романи “Одамони ҷовид”-и Р.Ҷалил, Р. Ғаффоров шакли “калимаҳои халқӣ-гуфтугӯӣ”-ро, ки Н. Маъсумӣ истифода кардааст, чаппа оварда, “калимаҳои гуфтугӯӣ-халқӣ” номгузорӣ карда, бинобар ба забони омма наздику қаробат доштан, услуби Раҳим Ҷалилро услуби халқӣ-фолклорӣ номида чунин менигорад: “Луғатҳои халқӣ ба асарҳои вай содагӣ, возеҳӣ, ҷозибаю рехтагӣ-хулоса руҳи халқӣ бахшида, асарҳои ӯро ба китобҳои дӯстдоштаи халқи мо табдил додаанд. Маҳз аз ҳамин сабаб услуби Раҳим Ҷалилро услуби халқӣ-фолклорӣ меноманд, ки он асоси мустаҳкам дорад” (Ғаффоров.1966, 22).

Дар забони асарҳои Ҳаким Карим истеъмоли диалектизмҳо мавқеи муҳим дорад, ки ин паҳлуи масъаларо ба мушоҳида гирифта Б. Камолиддинов мафҳуми мазкурро аз тариқи “лексикаи нутқи гуфтугӯӣ” ифода намуда менависад: “Беҳуда нест, ки ҳар як нависанда тамоилҳои услубии худро дорад. Майли зиндаю табиӣ тасвир кардани образҳо, бо таъбирҳои махсуси худашон ба тарзи реалӣ инъикос намудани ҳаёти меҳнаткашон, роҳ надодан ба сохтакории забон, бо назари эҳтиром нигоҳ кардан ба бойигарии забони халқ ва ҳусну назокати он маҳз бо ёрии лексикаи нутқи гуфтугӯӣ осонтар аст” (Камолиддинов. 1967, 12).

Гарчанде ки истилоҳи “диалектизм”-ро бори аввал чун объекти таҳқиқи услубшиносӣ Х. Ҳусейнов манзур карда, бо унвони “Диалектизм дар ҳикояҳои Ҳаким Карим” соли 1964 мақолаи калонҳаҷме ба табъ расонида бошад ҳам (Баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик. – Душанбе: нашр. АФ. Тоҷикистон, 1964, 58-72), минбаъд низ дар таҳқиқоти муаллифони дигар мафҳуми диалектизм бо истилоҳоти гуногун ифода мегардад. Адабиётшинос Т. Зеҳнӣ онро андаке дигаргуна “калима ва шаклҳои маҳаллӣ” номгузорӣ карда, дар эзоҳи ин истилоҳ чунин овардааст: “Дар осори шоир ва нависандагон гоҳе калима ва ибороти маҳаллӣ низ оварда мешавад. Агар ин гуна калима ва ибораҳо ба нормаи умумии забон мувофиқ бошад, чӣ хуш; вале агар калима ва ибораҳо ғайри маънус (забонзад)-и халқ бошад, ба фасоҳат ва балоғат халал мерасонад” (Зеҳнӣ, “Санъати сухан”, 1978, 212).

Н.Маъсумӣ дар рисолаи дигари худ – “Забон ва услуби Аҳмади Дониш” (1976) баъзе хусусиятҳои забонию сабкии асарҳои Донишро бо Савдо муқоиса намуда, истилоҳоти “калима ва ибораҳои халқӣ” ва “унсурҳои шевагӣ”-ро, ки мафҳуми “диалектизм”-ро дода метавонанд, истеъмол намудааст: “Аз ин ҷиҳат Савдо дар шеърҳои ҳаҷвӣ ва ҳазломези худ калима ва ибораҳои зиёди халқиро кор мефармояд” (Маъсумӣ, 1976, 69). Номбурда ба ҷои мафҳумҳои боло ҳамчунин муродифҳои наздикмаънои онҳо – “унсурҳои забони халқ” (Маъсумӣ, 1976, 69,70), “ифодаҳои халқӣ” (1976, 71), “унсурҳои забони гуфтугӯӣ” (72) ва дар такя ба Садриддин Айнӣ истилоҳи “забони авом”-ро (1976,71) низ кор бастааст.

Р. Ғаффоров бошад, дар рисолаи “Нависанда ва забон” (1977) ба масъалаҳои назария ва амалияи забон ва услуби асари бадеӣ рӯ оварда, дар бобати муносибати нависандагони муосир – С. Айнӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, С. Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев ба лаҳҷаҳои забон як фасли калони рисоларо (с.118-150) бахшида, дар такя ба муҳаққиқи рус А.И. Ефимов истилоҳи “калимаҳои маҳаллии шевагӣ” (1977, 119)-ро кор баста, дар баррасии масъала вай инчунин муодили унсури мазкур – “Калимаҳои халқӣ ва гуфтугӯӣ”-ро истифода бурдааст (1977, 124). Зимнан ӯ хусусиятҳои истеъмоли унсурҳои нутқи гуфтугӯӣ ва унсурҳои шевагиро низ дар осори мансури адибони тоҷик нишон додааст. Ӯ ба сабки Р. Ҷалил эрод гирифта қайд мекунад, ки “нависанда дар истифодаи калимаҳои лаҳҷавӣ чандон эҳтиёткор нест. Вай баробари дониста, дар вазифаҳои муайяни услубӣ ба кор бурдани унсурҳои шевагӣ гоҳҳо онҳоро нодуруст ва бемавқеъ низ истеъмол менамояд. Нависанда баъзан саргарми фардӣ кунонидани нутқи персонажҳо шуда, худаш ҳам аз пайи онҳо меравад” (1976, 131). Минбаъд Р. Ғаффоров асосан ҷиҳати ифодаи мафҳуми “диалектизм” истилоҳи “калимаҳои шевагӣ” ва “калимаҳои лаҳҷавӣ”-ро мавриди корбаст қарор додааст (1977, 118-150).

Профессор Ш. Исмоилов дар мақолаи ба забон ва услуби достони “Мотами Сафед”-и Гулрухсор Сафиева бахшидааш истилоҳи “воҳидҳои халқӣ”-ро бештар ба кор бурдааст: “Воҳидҳои халқӣ аз нигоҳи маънӣ ва тобишҳои семантикию услубӣ дар ниҳояти гуногунӣ амал мекунанд. Аҳли сухан аз ин вожа гоҳ беҳтаринашро саррофона санҷида дар эҷодиёти хеш мавриди истифода қарор медиҳанд” (Исмоилов. 2001, 145).

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ду кори илмӣ-тадқиқотӣ, ки бевосита ба истеъмоли диалектизмҳо дар забони асари бадеӣ муроҷиат шудааст, рисолаҳои Ш. Раҳимова (1992) ва Ҷ. Саидова (2019) қобили қайд мебошанд, ки дар онҳо муаллифон оид ба ҷойгоҳи диалектизмҳо дар асари бадеӣ, таснифи онҳо, зарурат ва омилҳои истифодаи диалектизмҳо дар мисоли эҷодиёти Ҷ. Икромӣ (Ш. Раҳимова,1992) ва Абдулҳамид Самад (Ҷ. Саидова, 2019) маълумоти муфассал додаанд.

Ба ҳамин тариқ, аз таҳлили мухтасари тавзеҳи истилоҳи “диалектизм” ва мафҳуми он бармеояд, ки он хусусияти духӯра дошта, объекти омӯзиши ду соҳаи ҷудогонаи забоншиносӣ-шевашиносӣ ва услубшиносӣ маҳсуб ёфта, дар якумӣ мафҳуми “калимаи хоси лаҳҷа ё шева” ва дар дувумӣ “калимаи лаҳҷавие, ки дар забони асари бадеӣ чун воситаи тасвири бадеӣ ба кор меравад”, фаҳмида мешавад.

Чи аз мавқеи шевашиносӣ ва чи аз нигоҳи услубшиносӣ муайян намудани моҳияти диалектизмҳо ба ҳудуди интишори онҳо вобастагӣ дорад, чунки дар рафти истифодаи диалектизмҳо дар забони асари бадеӣ эҳтиёҷ ба истеъмоли ин қабил вожаҳо, ки заминаи шевагӣ доранд, ба инобат гирифта мешавад. Диалектизмҳо моли нутқи аҳолии маҳалли муайян буда, онҳо дар шаклҳои бадеӣ чун воситаи услубии забони адабӣ дар робита ба мақсадҳои мушаххаси адибон истифода бурда мешаванд.

Ба ҳамин минвол, диалектизмҳое, ки дар забони асари бадеӣ истеъмол меёбанд, дорои чунин хусусиятҳо буда метавонанд:

а) чун воҳидҳои луғавии забони меъёрӣ диалектизмҳо хусусияти номгузорӣ доранд. Ҳиссаи онҳо дар ифодаи унвони предметҳои рӯзгор, асбобу анҷомҳои хоҷагӣ, сару либос, расму русум ва маросимҳои мардуми маҳаллоти гуногун кам нест;

б) калимаву ибораҳои лаҳҷавӣ дар қолаби ҷумла муттаҳид гардида, хусусияти коммуникативӣ пайдо намуда, барои таъмини табодули афкор буда метавонанд;

в) диалектизмҳо дар услуби оммавӣ ё рӯзноманигорӣ барои дар маҳалли муайян дар матни рӯзномаву маҷаллаҳои минтақавӣ ҷой додани мафҳуми ашё, ҳодиса, кушодани ягон хислату характери хубу манфури одамон низ ба кор мераванд;

г) дар адабиёти бадеӣ бошад, имкониятҳои корбурди диалектизмҳо васеътар мебошад, зеро: 1) барои фардӣ кунонидани нутқи персонажҳо заруранд ва тавассути диалектизмҳо дараҷаи фарҳангию сухандонӣ, хислату характер ва сатҳи иҷтимоии одамон равшан мегардад; 2) дар ҳолатҳои дигар адиб мехоҳад ба воситаи нутқи персонажҳои асараш бо истифода аз диалектизмҳо курсинишинони бепарвою бемасъулиятро, ки нисбат ба ҳалли мушкилоти зиндагии мардум бетарафанд, танқид менамояд; 3) дар мавриди тасвири зебоиҳои табиат, баъзе лаҳзаҳои зиндагӣ ва маишати одамон ба истифодаи диалектизмҳо даст зада метавонад.

Ҳамин тариқ, тавассути воситаҳои гуногун муҳаққиқон диалектизмҳоро дар услубшиносии тоҷик шарҳу тавзеҳ дода, ба ҳаводорони забоншиносӣ муфаҳмонад, ки истеъмоли диалектизм дар ин ё он мавриди нутқ амали ногузир аст.

 

Умедҷони Лоиқшо, муаллими калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj