• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ИБОДУЛЛОЗОДА: ЯК БИНОИ НАВИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА СЕ ЛАБОРАТОРИЯИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки зиёда аз 31 намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нишасти матбуотиро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмилаливу хоҷагидорӣ дар ҳузури рӯзноманигорон ёдовар шуд. Инчунин Аҳлиддин Ибодуллозода дар идомаи гузориш ба намояндагони васоити ахбори омма иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ дар соли ҷорӣ, аз ҷумла як бинои 2-ошёнаи замонавиро барои донишҷӯёни факултаҳои химия, биология ва география баҳри самаранокии корҳои таҷрибаомӯзӣ мавриди истифода қарор дода, дари Литсейи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро барои хонандагони синфҳои 5-11 боз ва инчунин 3 лабораторияи навро дар факултетҳои физика, химия ва билогия ифтитоҳ менамояд. Илова бар ин Аҳлиддин Ибодуллозода изҳор дошт, ки дар рӯзҳои наздик ба сохтмони бинои истиқоматии барои омӯзгорон оғоз хоҳем бахшид.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj