• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Вусъати ҳамкориҳои судманд

Ишангулӣ Аманлиев, сафири Туркманистон дар Тоҷикистон, ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ректор, академик Н.Салимӣ мулоқот намуд. Ҳадаф аз вохӯрӣ вусъати ҳамкориҳои маърифатгоҳи мо бо соҳаи маориф ва илми Туркманистон арзёбӣ гардид. Зимни суҳбат сафир иброз дошт, ки тибқи нақша аз 11-ум то 16-уми майи соли равон ҳафтаи фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон дар назар аст ва ширкати донишҷӯёни туркман дар ин чорабинӣ мувофиқи матлаб мебошад.

 

Ректор дар навбати хеш зикр кард, ки шаҳрвандони Туркманистон, ки дар таълимгоҳи мо таҳсил менамоянд, ҳамеша мавриди дастгирӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, раёсати донишгоҳ тасмим гирифта, ки барои беҳтар гардидани сатҳи забондонии муҳассилини туркман курсҳои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ташкил намояд.

Дар охир ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj