• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ОБ-МУЪҶИЗАИ НОТАКРОРИ ТАБИАТ

«Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худ ҳаёт аст, об- ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Об манбаи ҳаёт буда, ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аз об вобаста аст. Сарсабзии гулу буттаҳо, сиҳатию саломатии одамон, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, коркарди бисёре аз маҳсулотҳои ниёзи мардум ба об вобастагии калон дорад.

Об дар рӯзгори инсон талаботи рӯзмарра ба ҳисоб рафта, нисбат ба дигар ғизоҳову манбаъҳо бештар истифода мегардад, ҳаёти инсонро бе истифода аз об тасаввур кардан мумкин нест. Дар ҳаёти инсон об бо мақсадҳои гуногун истифода мешавад. Пеш аз ҳама об ҳамчун ғизои организми инсон ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи саломатӣ нақши муҳим мебозад. Аз нигоҳи тиб истифодаи оби тозаи ошомиданӣ барои саломатии инсон зарур буда, раванди мубодилаи моддаҳо (метаболизм) бо иштироки об мегузарад.

Дар раванди фотосинтез об якҷоя бо гази карбонат дар пайдоиши моддаҳои органикӣ иштирок намуда, дар ташаккули ҷисми зинда дар рӯи Замин ҳамчун манбаъ хизмат мекунад.

Об ин неъмати атокардаи Худованди бузург мебошад. Аз қадимулаём инсоният обро дар қатори чаҳор унсури муқаддас: об, хок, оташ ва ҳаво дохил карда буданд, чунки хуб медонистанд бе обу хок ҳаёт вуҷуд надорад.

Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Созмони Милали Муттаҳид маълумот медиҳад, ки 3/4 ҳисссаи тамоми беморон ва аз 1/3 ҳиссаи ҳодисаҳои фавти одамон дар курраи замин ба истеъмоли оби ифлос ва заҳролуд ба қайд гирифта шудааст. Гидросфера дар сайёраи мо ниҳоят бузург буда, ба 1,5 млр м3 мерасад, вале 96,5% онро оби шӯри баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳанд. Оби нӯшокиӣ ҳамагӣ 2,5% ҳаҷми умумии гидросфераро ташкил медиҳад. Бинобар ҳамин, хариду фурӯши оби нӯшокӣ чанд сол аст, ки дар байни давлатҳои ҷаҳон идома дорад. Масалан, давлати Дания аз оби ширини кӯлҳои кӯҳии Шведсария, ИМА аз Канада, Олмон аз Шведсия, Арабистони Саудӣ аз Малайзия обӣ нӯшокӣ мехаранд.

Саҳми Тоҷикистон дар ташаккулёбии гидросфераи Осиёи Миёна назаррас мебошад. Аз 115,6 км3 оби ҳавзаи баҳри Арал 90%-и он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Оби дарёҳои Тоҷикистон 64 км3 ва оби кӯлҳо 44 км3 ро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон дорои 20 км3 оби нӯшокии тоза дорад ва дар зери замини он 6 км3 оби тоза ниҳон аст.

Об сарчашмаи шифои беморон аст. Абӯалӣ ибни Сино дар асри Х дар асараш «Қонуни илми тиб» дар қатори дигар воситаҳои муолиҷаи маризон обро чун нигоҳдорандаи саломатӣ қайд намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дили қитъаи бузурги Осиё ҷойгир асту аз ҷиҳати захираи нерӯи об дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Агар захираи оби Осиёи Миёнаро 100% гӯем, Тоҷикистон-54,8%, Қирғизистон-26,4%, Узбекистон-14,5%, Туркманистон-4,3%-и захираи оби ин минтақаро дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои об асоси захираҳои энергетикии кишвар ба ҳисоб мераванд. Аз ҷиҳати захираи умумии потентсиалии гидроэнергетикӣ дорои 527 млрд кВт/соат дар як сол буда, дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Аз ҷиҳати захираи хоси гидроэнергетикӣ бошад (87.8 ҳазор кВт/соат бар ҳар сари аҳолӣ) ҷойи дуюмро ва аз ҷиҳати захираи хоси гидроэнергетикӣ ба масоҳат (ба км2) дар як сол (3,62 млн. кВт.соат/сол) ҷойи аввалро дар ҷаҳон мегирад. Айни замон, зиёда аз 98 фисади нерӯи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба гидроэнергетика рост меояд. Ҳамаи ин захираҳои обию гидроэнергетикӣ сабаби он гаштааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикии худро ба даст орад ва ба як кишвари интиқолкунандаи қувваи барқ ба кишварҳои ҳамсоя гардад, ки ин боз ҳам иқтисодиёти ҷумҳуриро боло хоҳад бурд.

Аз рӯйи тадқиқотҳои олимони тоҷик маълум гардид, ки дар як сол дар миқёси ҷумҳурӣ 68 млрд м3 боришот мешавад, аз ин 14,5 млрд м3 бухор гашта, 31 млрд м3 ба дарё ҳамроҳ мегардад ва 1,5 млрд м3 ба барфҳои кӯҳию пиряхҳо ҳамроҳ мешавад. Боқимонда 22,1 млрд м3 ба обҳои зеризаминӣ ҳамроҳ мегарданд.

Дар қуллаҳои осмонбӯси кӯҳҳои мамалакати мо миқдори умумии пиряхҳо бо масоҳати умумии яхбастагӣ 11 146 км2 буда, қариб 6%-и тамоми масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Пирях захираи бузургии оби ширин аст. Пирях ва барфу кӯҳҳои баланди Помир ва Ҳисор барои хоҷагии халқи мамлакатамон аҳамияти калони иқтисодӣ дорад, зеро онҳо ба аксар дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ғизо мебахшанд. Минтақаи аз ҳама бузурги пиряхҳои Тоҷикитон (60%) ба қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Синою Коржиневский мансубанд. Маҷмӯи захираи ях дар пиряхҳо тақрибан 845 км2 мебошад. Лекин таъғирёбии иқлим, гармшавии ҳарорат дар сайёра ба захираҳои обии ин минтақа таъсири манфии худро расонида истодааст. Дар натиҷаи гармшавии иқлими сайёра масоҳати пиряхҳо кам шуда истодааст. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 адад дарёҳои хурду калон ҷорӣ мегардад, ки дарозии умумии онҳо ба 28500 км баробар аст. Инчунин, дар мамлакати мо беш аз 1300 кӯлҳо, ки масоҳати умумии онҳо 705 км2 баробар аст, вуҷуд дорад. Дар ин кӯлҳо 43,6 км3 об захира гаштааст ва аз ин 20 км3 оби ошомиданиро ташкил медиҳад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ҳамзамон мисли дигар кишварҳои ҷаҳон ба тағйирёбии ҷиддии иқлим дучор шуда, бар асари гармшавии ҳарорати ҳаво пиряхҳои он дар давоми 50-60 соли охир 20%-и ҳаҷм ва 30%-и майдонашонро аз даст додаанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон ба ҳифзи захираҳои обӣ, аз ҷумла бунёди обанборҳо эҳтиёҷ дорад.

Масъалаи оби тоза ва таъмини он ба аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз мушкилотҳои асри ХХ1 мебошад, чунки аз нарасидани оби ошомаданӣ ҳар сол дар ҷаҳон беш аз як миллиард аҳолии кураи замин ташнагӣ мекашанд ва аз истеъмоли оби нопок беш аз панҷ миллион одамон вафот мекунанд ва зиёда аз даҳҳо миллион ба касалиҳои гуногун дучор мегарданд. Пуршавии сатҳи дарёҳо, сарорез шудани кулу обанборҳо ба обхезиҳои шадид оварда мерасонад ва ин бояд барои мардуми сайёра ҷои нигаронии бузург бошад, чунки нобудшавии пиряхҳо мушкилоти норасии оби ошомиданиро ба амал меорад.

Мушкилоти таъминоти об танҳо мушкилоти минтақавӣ набуда, солҳои охир ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бар асари гармшавии иқлим норасоии об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён омада, то соли 2030 боиси он мегардад, ки зиёда аз 40%-и сокинони сайёра аз оби нӯшокӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Бинобар ин, Пешвои миллат бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба ин масъала ҷалб намудаанд.

Бояд гуфт, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори тамоми қатъномаҳои дар даҳсолаҳои охир қабулнамудаи СММ буда, то ин дам чаҳор пешниҳод дар ин самт қабул намудааст. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, ки бори аввал соли 1999 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Маҷмуаи умумии СММ мушкилоти дар ҷаҳон вуҷуд доштани оби нӯшокиро ба назар гирифта, таклиф намуд, ки «Соли 2003 соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад ва ин таклиф аз ҷониби 180 давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 ва ахиран қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Қарор аст, ки даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 22-юми марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом хоҳад расид.

Ҳадафҳои бар асоси ин ташаббусҳо гузошташуда, хеле наҷибона, инсондӯстона ва оқилонаву саривақтӣ буда, онҳо ба бартараф намудани мухолифатҳо байни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои об фароҳам овардани фазои боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии боз ҳам шаддидтар шудани танқисӣ аз захираҳои об равона шудаанд. Чорабиниҳои номбурда имкон медиҳанд, ки сиёсатмадорон, иқтисодчиён, олимону коршиносони соҳа, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тариқи мубоҳисаҳои созанда ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои соҳа муваффақ шаванд. Масалан, дар тӯли солҳои 2005-2015 чӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва чӣ аз ҷониби ташкилоту барномаҳо бисёре аз деҳотҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда шуданд. Дар давоми даҳсоли зикргардида бисёр заминҳои беобу бекорхобида обёрӣ карда шуданд, ки ин иқдоми пешгирифтаи сарвари давлат иқтисодиёти кишварро боло бурд. Чунин иқдомҳои ғамхоронаю некбинонаи Пешвои миллатро мо мардуми ин сарзамин ҳамавақт дастгирӣ менамоем.

Сарфакорона истифода бурдани об ва тозаю соф нигоҳ доштани сарчашмаҳои ҷоришавию тақсимшавии он вазифаи муқаддаси ҳар як фард мебошад. Бо оби кӯлу дарёҳо партофтани партову хошокҳо боиси сар задани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мегардад, ки ин дур аз одоби инсонӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, моро мебояд насли ҷавони имрӯзаро дар чунин роҳҳое, ки ҳамеша нафъи он ба мардум мерасад, тарбият намоем. Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб гуфтаанд: «Мо бояд заминро эҳтиёт кунем, захираҳои обиро ҳифз намоем, табиатро аз харобшавӣ нигоҳ дорем, файзу баракати аҷдодиро дучанду сечанд гардонем».

Моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо, ки ҳастии кулли мавҷудот аз он вобастааст, бирасем. Зеро бузургони мо фармудаанд:

Ҷудоӣ то наяфтад, дӯст қадри дӯст кай донад?

Шикастаустухон донад баҳои мумиёиро.

Дар ин ҷо дӯсту ҳамдами мо неъмати нотакрори табиат – об буда, шикастаустухон бошад он давлатҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати нарасидани оби ошомиданӣ танқисии зиёд мекашанду ба қадри он расидаанд. Ба мисли давлатҳои араб ва минтақаи Африқо, ки ҳамин неъмати худовандӣ хариду фурӯш карда мешавад.

Асрори мӯъҷизаноки обро нависандаи фаронсавӣ Сент – Экзюпери чунин қаламдод кардааст. «Об ту на мазза дорӣ, на ранг дорӣ, на буй дорӣ, туро тасвир кардан душвор аст. Ба ту кайфу сафо мекунанд, намедонам, ки ту чистӣ, ту на танҳо муҳим астӣ, балки ҳаёт астӣ». Оре, об ин муъҷизаи нотакрори табиат ва ҳаётбахши тамоми мавҷудоти рӯйи замин аст ва онро на ба дурру марҷон, на ба лаъли Бадахшон ва на ба ёқуту марворид иваз кардан номумкин аст, чунки қиммати оби нушокӣ болотар аст, ӯро қадр бояд кард. Чунон, ки шоир гуфтааст:

«Ташнаро як қатра об аз дурри дарё беҳтар аст»

Об ин худ муъҷиза аст, дар ин маврид ривояте низ ҳаст, ки аз ҳамаи муъҷизаҳои офаридаи Худованд танҳо об ҷамоли Холиқи якторо дидааст ва бояд мо бикӯшем, ки аз ин ҳикмат бохабар бошем ва ин муъҷизаро гиромӣ нигоҳ дорем.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кулу обанборҳои зиёде мавҷуданд, ки назари бисёре аз сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардаанд.

Дар қатори чунин кулҳо кули Искандаркул воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, Ҳафткӯл воқеъ дар сарҳади байни ноҳияҳои Айниву Панҷакент, обанбори Баҳри тоҷик воқеъ дар шаҳри Гулистон вилояти Суғдро номбар кардан мумкин аст.

Дар ҷумҳурӣ беш аз 200 чашмаи шифобахш мавҷуд аст. Обҳои маъданӣ ва чашмаҳои зулоли Тоҷикистон низ сарвати беинтиҳои кишварамон мебошад чунки оби ин чашмаҳо хусусиятҳои табобатии худро дорад. Аз ҷумла чашмаи Шоҳамбарӣ ноҳияи Шаҳринав, чашмаҳои Хоҷаобигарми ноҳияи Варзоб, Чилучорчашмаи ноҳияи Қубодиён, чашмаи Шифои деҳаи Шифочашмаи ноҳияи Балҷувон, ки барои бемории сулфакабутак (гулузиндонак) хусусияти табобатӣ дорад, чашма дар ҳудуди деҳаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ва гармчашмаҳои вилояти Бадахшони кӯҳӣ, ки барои бемориҳои пӯст; сафедпустӣ ё ин ки аллопетсия табобатӣ аст.

Мо шукргузор аз он ҳастем, ки дар як ватани ободу зебо, обу ҳавои тозае, ки гузаштагони мо барои мо ҳифз карда буданд умр ба сар бурда истодаем. Агар хоҳем, ки ватанамон ободу зебо, обу ҳавояш софу зулол, насли ояндааш солим ба воя бирасад, имрӯз бояд саъю кӯшиш кард, чунки ояндаро имрӯз бояд сохт.

Мардуми тоҷик бояд бо ин мамлакати биҳиштосои худ бифахранду шукргузори он бошанд, ки Худованд ин неъмати бебаҳои худро ба мо арзонӣ доштааст.

Бобиев Холмурод Абдувадудович, номзади илми химия дотсенти кафедраи биохимия ва генетикаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj