• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ОЗМУНИ «ТОҶИКОН» ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» - АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», ки оғози баргузории он  дар моҳи феврали соли 2023 ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст, аз ташаббусҳои роҳбарияти олии давлату миллати тоҷик мебошад ва  мақсади ин озмун асосан арҷгузорӣ ба таърихи миллати тоҷик мебошад. Омӯзиши корномаҳои ниёгон, комил намудани эҳсоси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ба таври бештар шинохтани нақши миллати тоҷик дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ва амсоли инҳо низ аз ҳадафҳои озмуни мазкур мебошанд.

Мусаллам аст, ки китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи осорест, ки метавон онро ҳамчун шоҳкори инъикоскунандаи  таърихи миллӣ ва ватанӣ маҳсуб донист.  Китоби мазкур дар интиҳои солҳои шастуми асри XX дар шакли асари илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом расида, бо унвони “Тоҷикон” мунташир гардид. Он дар даври нахуст, соли 1972 ба забони русӣ дар шаҳри Маскав ба табъ расида, минбаъд, солҳои 1973 ва 1985 дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Дар ин баробар, дар замони соҳибистиқлолӣ ба китоби мазкур  талабот афзун ёфт ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур донист, ки китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуровро ба забони миллӣ  ду маротиба бознашр намояд: (Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 1998. - 870 с.; Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008. - 870 с.).

Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш (соли 2019) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  масъулини сохтору  мақомоти марбута дастур  доданд, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон  Ғафуровро  бо  теъдоди бузург нашр карда, ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ ройгон тақдим намоянд. Хушбахтона, ин иқдоми бузурги Сарвари давлат анҷом пазируфта, имрӯз дар рӯйи мизи хонаводаи ҳар як тоҷикистонӣ ин китоби гаронарзише, ки аз таърихи пурифтихори тоҷикон ҳикоят мекунад, қарор дорад.  Воқеан, ба таври ройгон тақдим гардидани  китоби “Тоҷикон” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ нишонаи он аст, ки миллати тоҷик  таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсиятҳои бузурги миллӣ, дар мисоли аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамеша арҷ мегузорад.  Дар ин маврид сухани Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки  дар пешгуфтори “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”  зикр ёфтааст, лоиқ ба қайд аст:  “Асари “Тоҷикон”, воқеан шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор оварда ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу равон бахшид” (ниг.: Раҳмон, Эмомалӣ. Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён (Нашри дувум). Китоби якум. –Душанбе: “Ирфон”, 2016. –С.5).

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ аз ҷумлаи иқдому ташаббусҳои маорифпарварона ва ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамчун тадбири саривақтӣ ва муҳим дар роҳи омӯзиши таърихи гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик арзёбӣ мегардад ва дар ин росто зарур медонем дар боби зарурат ва аҳамияти баргузор кардани ин озмун чанд ҳарфе барои хонанда ироа кунем.

Аввалан, дар ин боб таҳти №АП-227 аз 7 июли соли 2022 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, ки дар он вобаста ба низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун, саволнома ва руйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» замимаҳо пешниҳод карда шудаанд. Мақомоти дахлдор, аз қабили вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур ва андешидани чораҳои зарурӣ муваззаф шуданд.  Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ супориш дода шуд, ки иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмунро, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд. Ба вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намуда, истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин кунанд.

Муҳтавои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» таърихи халқи тоҷикро аз аҳди бостон то давраи соҳибистиқлолӣ дарбар гирифта, тибқи талаботи низомномаи озмун иштирокдорони он ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

— хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);

— донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр);

— омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ);

— калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Ҷиҳати гузаронидани озмун комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва он дар доираи салоҳияти хеш масоили зеринро аз қабили таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он, тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун, пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун, якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ, назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун, омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокдорони озмун ба даври ниҳоӣ, баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикоятҳои иштирокдорон, тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври чоруми озмун, ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва маълумот баррасӣ мекунад. Озмун дар доираи  чор давр баргузор шуда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва барпо карда мешавад:

— даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

— даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

— даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври чорум – нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тибқи талабот, донишҷӯён, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳои муассисаҳои таълимӣ, илмӣ танҳо дар ҳамон маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиии онҳо дар ҳамон маҳал қарор дошта бошад.

Дар доираи талаботи низомномаи озмун ҳамчунин муқаррар шудааст, ки шумораи ғолибони даври сеюми озмун, ки ба даври чорум пешниҳод мешаванд, довталабони номинатсия ва гурӯҳ набояд аз 6 нафар зиёд бошад ва ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба Комиссияи озмун то 10 ноябр муқаррар карда мешавад. Тавассути аксар шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма ҷараёни баргузории ҳама даврҳои озмун ба таври васеъ инъикос ва пахш карда мешавад, ки ин аз шаффоф гузаштани озмун шаҳодат медиҳад.

Дар озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»  аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд ва савияи дониши иштирокдорони озмун асосан аз рӯйи хондани асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ, аз ҷумла донистани маълумоти муфассал доир ба асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва муаллифи он, қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян, баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти ровигӣ, сухандонӣ, асосноккунии рӯйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик, донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик, донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик, маълумот доир ба ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ки баёнгари таърихи бостони миллати тоҷик мебошанд, донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик муайян карда мешавад.Ба ғолибони даври чоруми озмун ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоизаро сазовор шудаанд ва ба омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода шуда, шоҳҷоиза ба иштирокдоре дода мешавад, ки беш аз 70 фоизи асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва дигар адабиёти таърихии тавсиягардидаро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Баргузории озмуни мазкур баёнгари он аст, ки воқеан имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб ва донистани таъриху фарҳанги хеш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста аз синну сол барои хондану азбар намудани мероси адабиву илмӣ саҳми муносиб мегузоранд. Мо умед дорем, ки устодону кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ба таври фаъол иштирок намуда, мақомҳои беҳтаринро ишғол хоҳанд кард.

 

Ибодуллозода А.И., ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj