• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

МЕТОДҲОИ ИНТЕРАКТИВӢ ВА РОҲУ ВОСИТАҲОИ АМАЛКАРДИ ОНҲО

(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Масъалаи соҳаи маориф аз масоили умдаи ҷомеаи имрӯз маҳсуб меёбад ва аз ин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба мушкилоти ин соҳа бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, чунин таъкид карданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.

Дар ин росто мо, омӯзгорон вазифадор ҳастем роҳу усулҳои нави таълиму тарбияро кашф кунем, ки дар рушди соҳаи маориф, ба ҳадди каме бошад ҳам, ангеза эҷод кунад. Дар ин робита дар мақолаи мазкур истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар дарси муосир мавриди таҳқиқ қарор додем, ки корбурди он ҳамчун шарти омӯзиши технологияи педагогӣ аз манфиат холӣ нест.

Бояд гуфт, ки барои самаранок истифода намудани усулҳои навини таълим дар дарси муосир ба мисли интерактив, ҳамфаъол, ҳамгиро, босалоҳият баррасӣ шудааст.  Идораи раванди дарс, тақсими имконияти таълимгирӣ ва ҳамкорӣ асоси таълими интерактивиро ташкил медиҳанд. Ҳангоми банақшагирии дарси интерактивӣ иштироки фаъолу мақсадноки хонанда, ҳамкории ӯ барои ноил гаштан ба мақсад ва натиҷаҳои таълим, арзёбии дуруст ва саривақтӣ нақши калон мебозанд.

Калимаи «интерактив» аз калимаи англисии «interact» гирифта шуда, маънояш «inter» - «байни …» ва «act» - «амал, фаъолият» мебошад. Яъне ҳамкорӣ ҳангоми азхудунии донишҳои нав, ноил гаштан ба мақсаду натиҷаҳои таълим аст. Ин ҳамкорӣ дар муоширати байни омӯзгор ва хонандагон, хонанда ва хонандагон, омӯзгор ва хонанда зоҳир мегардад.

Принсипҳои таълими интерактивиро чунин баён кардан мумкин аст:

  1. Тақсимоти баробари имкониятҳои таълим – яъне ба ҳар як хонанда имконияти дар раванди дарс иштирок кардан дода мешавад. Ин амал тавассути корҳои дунафара ва гурӯҳӣ сурат мегирад.
  2. Озодии баён – хонанда (хонандагон) имконияти озодона баён кардани фикрро доранд;
  3. Масъулиятшиносӣ – хонандагон ба гирифтани таълим масъуланд;
  4. Тағйири нақшҳо – омӯзгор дар дарси интерактивӣ нақши роҳбаладро касб мекунад. Ӯ тавассути масъалаву саволҳои гуногуни таълим хонандагонро ба самти дуруст равона месозад;

5. Фазои мусоиди таълим – масъалаҳо, матнҳо, саволҳо ва тарзи муоширату ороиши синф ба ҳавасмандгардонии фаъолияти таълимии хонанда равона мешаванд;

6. Таълими бе «тамға» – дар раванди дарси интерактивӣ калимаҳои «духонак», «танбал», «сегирак» ва амсоли ин истифода бурда намешаванд;

  1. 7. Арзёбии ташаккулдиҳанда – арзёбӣ дар таълими интерактивӣ на барои танбеҳ додан, балки барои ташаккули фаъолияти таълимии хонанда истифода мешавад;

8. Идораи бонизоми дарс – ҳамагуна фаъолият дар дарс ба азхуд кардани донишҳо ва ноил гаштан ба мақсаду натиҷаи таълим равона мегардад.

9. Ба эътибор гирифтани шахсияти хонанда – дар дарси интерактивӣ хоҳиш, завқ ва зеҳни хонанда ба эътибор гирифта мешаванд.

Методҳои таълими интерактивиро чунин баён кардан мумкин аст:

1. Лексияи интерактивӣ– лексияи омӯзгор дар назди аудиторияи сершумор, аз ҷумла мубоҳисаҳо, истифодаи презентатсияҳо ё маводи видеоӣ, ҳамлаи фикрӣ, суханронии ҳавасмандкунанда.

2. Усули омӯзиши портфолио – арзёбии натиҷаҳои омӯзиш ва таҷрибаи касбӣ дар тӯли як давраи муайян. Натиҷаҳо характери моддӣ доранд ва дар як ҷои нигоҳдорӣ ҷамъ карда мешаванд.

3. Омӯзиш дар асоси лоиҳа - кор дар лоиҳаи инфиродӣ ё гурӯҳӣ дар мавзӯи додашуда, ки дар давоми он хонадагон мустақилона маълумот ҷамъ мекунанд, тарзи истифодаи онро меомӯзанд, малакаҳои тадқиқотӣ ва тафаккури системавиро инкишоф медиҳанд

4. Ҳуҷуми фикрӣ - раванди тавлиди муштараки ғояҳо ва табодули афкор мебошад, ки дар он иштирокчиён миқдори ҳадди аксар пешниҳодҳоро барои ҳалли масъалаи додашуда дар як муддати кӯтоҳ баён мекунанд. Дар асоси натиҷаҳо баҳодиҳии интиқодии қарорҳои гирифташуда гузаронида мешавад ва дар амал татбиқшавандатарин интихоб карда мешавад.

5. Кор дар гурӯҳҳои хурд - тақсим кардани даста ба гурӯҳҳои хурд барои муҳокимаи баъзе масъалаҳо ва таҳияи роҳҳои ҳалли мушкилоти омӯзиш. Ин усул ба шумо имкон медиҳад, ки ҳамаи хонандагон ба кор ҷалб карда шаванд, малакаҳои ҳамкорӣ ва муоширати байни шахсонро тарбия кунед.

Татбиқи таълими интерактивӣ аз омӯзгор малакаҳои зеринро талаб мекунад, ки воситаҳои гурӯҳбандиро истифода бурда,хонандагонро ба муҳокимаи масъалаҳои таълим водор созад ва саволу масъалаҳоеро, ки хонандагонро барои амиқ азхуд кардани маводи таълим водор мекунанд, таҳия карда, идораи синфро дуруст  ба роҳ мондад, инчунин тавассути муоширати хуб фазои мусоиди таълимро ташкил кунад.

Мақсади асосии истифодаи низоми интерактивии таълим тайёр намудани хонандагон ба фаъолияти зеҳниву иҷтимоии минбаъда аст. Зеро дар асри XXI аз шаҳрвандон малакаҳои тавассути ҳамкорӣ таҳлили масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ ва қабули қарори зарурӣ талаб карда мешаванд.Аз ин рӯ, ҳама чизи нав ва воқеан шавқовар танҳо дар ҳамкорӣ пайдо мешавад, аз ин лиҳоз кори гурӯҳӣ ниҳоят самарабахш аст. Аммо фаҳмиши содда ва қабули ин мақсадҳо маънои онро надорад, ки муаллим ба осонӣ фаъолияти гурӯҳиро дар дарси худ ташкил карда метавонад.

Ба саволҳои «Аз чӣ бояд оғоз кард?» ва «Чӣ тавр кори гурӯҳиро дар синфхонае, ки хонандагонаш маҳорати дар гурӯҳ кор кардан надоранд, ташкил кардан мумкин аст?»,  посух чунин аст: корро ба таври  дунафарӣ  оғоз кардан беҳтар аст, зеро он тарзи тағйир додани мавқеи мизу курсиро талаб намекунад. Шарти муҳим барои кор кардан дар гурӯҳ хонандагонро тайёр намудан лозим аст. Усулҳои гуногуне мавҷуданд, ки аз онҳо истифода карда хонандагон метавонанд ба якдигар барои азхуд кардани мавзӯи нав, машқ кардан, фаъолияти ҳамдигарро санҷидан ва ғайра мадад кунанд. Кори дунафариро ба воситаи истифодаи тартиби муайян (алгоритм) ташкил кардан мумкин аст. Онро, пеш аз ҳама бо мақсади дуруст таъмин намудани омӯзиши ҳамдигар, инчунин санҷиш, муҳокима ва фаҳмиш истифода бурдан мумкин аст.

Принсипҳои муҳимтарини усулҳои интерактивӣ, ки онро гоҳо фаъол ва саҳеҳтар усули ҳамкорӣ низ мегӯянд, аз инҳо иборат аст:

ü  омӯзгор ва хонандагон ҳангоми муҳокима имконияти баробар доранд;

ü    хонандагон ташаббускор ва омӯзонандаи  ҳамдигаранд;

ü    муҳити ҷустуҷӯ ва тадқиқот фароҳам оварда мешавад;

ü    бо ҳар як хонанда муносибати хайрхоҳона ва фардӣ карда мешавад;

ü    фаъолиятҳои дунафарию гурӯҳӣ, ки кӯшишҳои якҷояро талаб мекунанд, бартарӣ доранд.

Асоси ин усулҳоро «машварат» (маслиҳат, гуфтугузори салоҳандешона дар атрофи ягон масъала) ташкил медиҳад.

Дар ҳама кор машварат бояд,

Кори бемашварат накӯ н-ояд.

(«Анвори Суҳайлӣ»)

Таъкид бояд кард, ки усулҳои интерактивӣ дар раванди таълим, ҳам дар синфҳои ибтидоӣ ва ҳам дар синфҳои болоӣ ҳеҷ гоҳ маънои аз усулҳои анъанавӣ даст кашиданро надорад. Усулҳои анъанавӣ бештар барои аз худ намудани системаи донишҳои амиқи муайян ва усулҳои интерактивӣ бо мақсади омӯзонидани малакаю маҳоратҳо дар ҳамкорӣ истифода мешаванд. Омӯзгор бояд дар як дарс дар лаҳзаҳои мувофиқ ҳам аз усулҳои интерактивӣ ва ҳам аз анъанавӣ истифода намояд.

Муҳим он аст, ки омӯзгор фарқи ин усулҳоро дарк созад ва нагузорад, ки танҳо аз рӯи расмияту фармоише яке аз ин усулҳоро истифода намояд.

Ҳамгироии усулҳои санҷидашудаи анъанавӣ ва замонавии интерактивӣ дар таълим барои бою рангинтар гузаронидани дарсҳо мусоидат менамояд.

Фозилов С.М. – н.и.п., мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj