• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

АРЗИШИ АМАЛИИ ЗАБОНДОНӢ АЗ НИГОҲИ АҲМАДИ ДОНИШ ДАР “НАВОДИР-УЛ-ВАҚОЕЪ”

Мусалламан, забон муҳимтарин воситаи муошират ва гуфтугӯи байни одамон аст. То кунун васоити зиёдеро илми муосир муайян кардааст, ки иртиботи инсонро дар ҷомеаи худ метавонад таъмин созад, аммо ҳеҷ кадоми онҳо дар ин роҳ, мисли забон муассиру қобил набудаанд. Биноан, забон ҳамчун дастовард, муъҷиза ва воситаи арзишманд дар таъмини иртибот ва ҳусни тафоҳуми ҷомеаи башарӣ ивазнашаванда боқӣ мемонад. Аҷобати забон боз дар он зоҳир мешавад, ки ин ҳадяи бебаҳо дар тамоми олам вазифаи худро якранг иҷро намояд ҳам, мазмуну мундариҷа ва маъниву тарзи ифодаю баёни мухталиф дорад. Аз ин нигоҳ, ҳар халқу миллат дорои забони худ мебошад, ки ӯро маҳз ба ин тавассут мешиносанд ва таъриху маънавиёташро ба ҳар сабаб меомӯзанд ва ғайра. Ҷомеаи инсонӣ, ки бар пояи тааҳҳуд устувор аст, инсонҳо наметавонанд беиртибот, беҳамдигарфаҳмӣ, бедодугирифт зиндагӣ кунанд. Агар ин гуна муносибатҳо дар як ҳавзаи забонӣ бемушкилӣ, тавассути як забони умумӣ раҳандозӣ шаванд, ниҳоят табиист ва ниҳоят саҳлу осон асту зарурати дигареро пеш намеорад. Вале берун аз як ҳавзаи забонӣ муносибат кардан ва равобити гуногунҷабҳаро таъмин сохтан, зарурати забондонӣ ва забономӯзиро пеш мегузорад. Гузаштагони мо, аз он ҷумла Саъдии Шерозӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, “забон”-ро “ганҷ” ва забондонро “соҳибҳунар” ба қалам додааст. Чунончи, фармудааст:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?!

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Чу дар баста бошад, чӣ донад касе?

Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар [Шерозӣ, Саъдӣ. Гулистон/ Саъдии Шерозӣ. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008.- 232 с.-С.9].

Дар ин ҷо шоир, ба таври худ забону забондониро шиносонандаи шахсияти инсон муаррифӣ намуда, мушаххас кардааст, ки маҳз забон кӣ будани одамро дар баробари он чи гуфта омад, ба дигарон равшан нишон медиҳад. Мавлавӣ бошад, ба масъалаи мавриди назар, аз дидгоҳи худ мутаваҷҷеҳ гашта, “ҳамзабониро хешию пайвандӣ” дониста, дар ин зимн “ҳамдилӣ”-ро низ тарғиб кардааст. Чунончи:

Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст [Балхӣ, Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад. Маснавии маънавӣ: Дафтари аввал ва дувум/ Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. — Душанбе: Адиб, 2013. - 480 с.-С.92 ].

Воқеан, агар ҳамдилӣ миёни мардуми олам мавҷуд бошад, ҳама гуна муносибат ва иртиботот саҳл хаҳод шуд ва омӯзиши забони ҳамдигарӣ ҳам, кори сахту сангин аст, аз ин роҳ самимию пурбору муфид хоҳад буд. Гузашта аз ин, таваҷҷуҳи забономӯзон ба омӯзиши забоне бештар аст, ки дар он самимият, манофеи мухталиф ва ҳамдилӣ дида шавад.

Забондони хирадманд, дар зиндагӣ ҳам барои худ ва ҳам барои ҷомеаву миллаташ нофеъ мебошад. Махсусан, онҳое, ки забонҳои ҷаҳониро мисли забонҳои русӣ, англисӣ, хитоӣ, олмонӣ, арабӣ, туркиро медонанд, дари олам ба рӯяшон боз аст ва дар ҳеҷ ҷо мувоҷеҳи мушкилӣ нахоҳанд шуд. Арзиши забондонӣ агарчи муайян аст, вале он ҳангоми ба кишварҳои дигар сафар намудани шахс мушаххастар ба ҷилва меояд. Аз классикони мо Аҳмади Дониш аз нахустин мутафаккиронест, ки арзиши забондониро бар пояи далелҳои ҳаётӣ, ки аксари онҳоро худу муосиронаш таҷриба кардаанд, воқеъбинона баҳогузорӣ намудааст. Ҳикояти маъруфе, ки адиби ҷомеашинос ва мутафаккири маорифпарвар аз надонистани забон дар шаҳри Петербург дар “Наводир-ул-вақоеъ” нақл кардааст, ҳақиқати бебаҳс аст. Зеро инсоне ки забони кишвари бегонаро бадурустӣ намедонад, ба таври воқеӣ ба сарсонию саргардонӣ ва мушкилиҳои гӯшношуниду сӯйистифода мувоҷеҳ хоҳад шуд. Пеш аз ин, адиб аз номи яке аз муосирини худ ҳодисаи вахимтареро, ки аз надонистани забон ба сари он мусофири сайёҳ омадааст, чунин нақл кардааст: “Қозӣ Яҳё валади Бақохоҷа, раиси Бухоро, боре бо муҳаррири сутур рафии сафарӣ буд. Рӯзе ба тақриб ҳикоят кард, ки навбате яке аз сайёҳон бо ман гуфт: «Дар вақте ки аз сафари ҳаҷҷи ислом муроҷаат мекардам, ҳам дар киштӣ нишаста, бо рафоқати ҷамъе ба азимати сайри Ҳиндустон аз баҳри Ҳинд гузашта, ба замини Калката ва навоҳии Кунуҷ баромадам, ки ақсои замини Ҳинд аст”[Дониш, Аҳмад. Наводир-ул-вақоеъ,китоби 1/ Аҳмади Дониш.- Душанбе: Дониш, 1988.-287 с.-С 168]. Ин манотиқи мавриди сайр дақиқ зикр шуда, пас аз ин оғози мушкилоти надонистани забон иброз ёфтааст. Сайёҳ таъкид мекунад, ки: “Рӯзе чанд дар миёни ҳиндувон ба сар мебурдам. Ва ба воситаи ихтилофи луғат ва забон муҳимми ман ба душворӣ кашида, дар байъу широ бисёр ташвишманд шуда, ҳарчанд тараддуд мекардам, ки шахсе форсизабон ёбам, муяссар намешуд”[Дониш, Аҳмад. Наводир-ул-вақоеъ,китоби 1/ Аҳмади Дониш.- Душанбе: Дониш, 1988.-287 с.-С. 168]. Дар ин ҷо се нуктаи муҳим зикр шудааст, ки онҳо барои сайёҳ душворӣ эҷод кардаанд: ихтилофи луғат, ихтилофи забон ва ҷустани нафари ҳамзабон будааст. Агарчи забони форсии тоҷикӣ дар таснифоти ҷаҳонии оилаи забонҳои дунё ҳиндуаврупоӣ маҳсуб меёбад ва аз ин рӯ, баъзе калимаҳои муштаракистеъмол дар миёни забонҳои ҳиндӣ ва тоҷикӣ мавҷуд аст, аммо истифодаи онҳо чунонки дар матни мавриди истифода дида мешавад, ба “ихтилоф” зикр гаштааст, ки ин як ҳолати воқеист. Зеро калима чун воҳиди луғавӣ мувофиқи табиати забон мавриди истеъмол қарор мегирад ва ғайра. Дар идомаи ҳикоя маълум мегардад, ки сайёҳ тасодуфан, ба як тоҷири пешоварии воқиф аз забони ҳиндӣ вохӯрдааст, чунончи ӯ гуфтааст: “То рӯзе яке аз туҷҷори пишоварӣ, ки ба аксари истилоҳоти аҳли Ҳинд воқиф буд, бо ман бархӯрда, маро ба ҳуҷраи хеш бурд ва гуфт: «Ҷои ту дар ин диёр нест ва ҳарчӣ зудтар худро ба маъмане андоз, ки лоақалл каломи аҳли онро бибояд фаҳмид» [Дониш, Аҳмад. Наводир-ул-вақоеъ, китоби 1/ Аҳмади Дониш.- Душанбе: Дониш, 1988. - 287 с. – С.168]. Воқеан, дар кишваре, ки забонашро кас намедонад, вай дар он ҷо зиндагӣ хубу осоишта карда наметавонад ва таъкиди тоҷир ин ҷо хеле баҷост. Бо мақсади аз вазъияти муҳлик берун овардани сайёҳ тоҷири мазкур чанд кори муҳимро анҷом додааст, ки навиштани калимоти серистеъмолу рӯзмарра, самти роҳро нишон додан ва ҳадя кардан аз ҷумлаи онҳост. Чунончи, сайёҳ нақл кардааст: “Ва дафтаре муштамил бар муфрадот ва луғоти ҳинд ва мураккаботи он набишта бо ман дод, ки дар хариду фурӯхт ва доду ситад ва нишасту хост онро ба кор бар. Ман ӯро дуои хайр гуфта, аз мақсад нишон талабидам. – Гуфт:

«Вақте ки азимати хуруҷ кунӣ, аввалан туро ба Ҷалолобод бояд рафт, баъд ба Пишоварва он гоҳ ба Кобул».

Ва самти ин билод бо ман ба даст таъин мекард. Он гоҳ бо ман ҳадя ва тӯҳфа дод, мураххас фармуд [Дониш, Аҳмад. Наводир-ул-вақоеъ,китоби 1/ Аҳмади Дониш.- Душанбе: Дониш, 1988.-287 с.-С.168-169]. Пас аз ин сайёҳ сафари худро дар кишвари Ҳинд давом дода, бо он чи тоҷири пешоварӣ кӯмак намуда буд, мехоҳад ба он тавассут мушкилоти надонистани забони ғайрро дар чанд лаҳза рафъ намояд, аммо ин ба вай саҳлу осон даст надодааст. Чунончи, вай нақл кардааст: “Баъд аз он маро дар ҳар ҷо ки ноне боист харид, пеши хаббоз дафтар мекушодам ва шаб ба ҳар хона, ки нузул боист кард, назди хасм сафҳа паҳн мекардам. Ва сухане, ки дар ин муомалот аз аҳолии онҷо мешунидам, боз аз дафтари худ ба варақгардонии бисёр ёфта, ҷавоби нолоиқ медодам, ки мардуми он ҷо ба ин ҳоли ман механдиданд ва ба мазҳака мегирифтанд ва ҳамчу девона, ки тифлон аз дунболаш афтанд, мудом ба гирди ман мардум ҷамъ мешуданд ва аз суоле, ки мекарданд, дар ҷавоби ман механдиданд” [Дониш, Аҳмад. Наводир-ул-вақоеъ,китоби 1/ Аҳмади Дониш.- Душанбе: Дониш, 1988.-287 с.-С. 169]. Маълум мегардад, ки тоҷири пешоварӣ ба ҳамзабони худ бо дархости вай калимаву ифодаҳои соҳаҳое, ки сайёҳ ба он эҳтиёҷи корӣ ва муомила доштааст, навишта дода будааст. Вале онҳоро сайёҳ ба сабаби надонистани забон, тарзи талаффуз, мавриди истифода ва монанди инҳо ба кор бурда натавониста, ба сароҳат иброз доштааст, ки: “Аз ин ваҷҳ басе дашномҳо шунида ва басо силиҳо дар қафо хӯрда, дар охир аз умр ва ҷон сер гаштам”[Дониш, Аҳмад. Наводир-ул-вақоеъ,китоби 1/ Аҳмади Дониш.- Душанбе: Дониш, 1988.-287 с.-С.169]. Пас аз ин ҳолати вахим, сайёҳ пайи амалӣ намудани таъкиди асосии тоҷири пешоварӣ гашта, дар фикри аз кишвари Ҳинд берун омадан афтидааст: “Ва харчанд ҷустуҷӯ мекардам, ки қофилае ба ҳам расонам ва худро ба рафоқати онҳо ба замини Кобул ва диёри Туркистон андозам”, афзудааст сайёҳ “ба сабаби уҷмати забон, ҳеҷ ба хуруҷ ва духули корвоне пай намебурдам”[Дониш, Аҳмад. Наводир-ул-вақоеъ,китоби 1/ Аҳмади Дониш.- Душанбе: Дониш, 1988.-287 с.-С.169]. Дар ниҳояти ин нақли ҳаётӣ, муаллифи “Наводир-ул-воқоеъ” забони тастиқ кошуда, чунин иброз намудааст: “Оре, сахт ҳолатест, ки касе дар миёни ҷамъе афтад, ки ба забони онҳо воқиф набувад, бисёр дар тааб ва таҳлука афтад” [Дониш, Аҳмад. Наводир-ул-вақоеъ,китоби 1/ Аҳмади Дониш.- Душанбе: Дониш, 1988.-287 с.-С.169]. Аҳмади Дониш зимнан, таъкид кардааст, ки “Аз ин ҷиҳат дар дабиристони Низомия аз ҳамаи забонҳо таламмуз мекунанд ва вуқуф бар истилоҳи ҳар тоифаро аз мавоҷиб медонанд” [Дониш, Аҳмад. Наводир-ул-вақоеъ, китоби 1/ Аҳмади Дониш.- Душанбе: Дониш, 1988.-287 с.-С.169]. Пас аз ин ҳикоя воқеаи аз саргузарондаи худро, ки мисли ин нақл надонистани забонро дар худ дорад, оварда забон надониста сафар карданро, аз забономӯзӣ конораҷӯӣ намуданро ва ҳамчунин забономӯзиро кори саҳлу осон пиндоштанро маҳкум фармудааст. Аз баррасии ин мухтасар метавон ба натиҷаи зайл расид:

1. Забонро бояд ҳамчун муъҷиза ва воситаи муҳими таъминкунандаи муносибати байни инсонҳо шинохту баҳогузорӣ кард. Агарчи дар олам забонҳо хеле зиёданд, вале ҳамаи онҳо вазифаи ягона дорад, ки ин таъмини муошират ва мубодилаи афкори бани башар аст.

2. Ҷомеаи инсонӣ, ки бар пояи тааҳҳуд устувор аст, биноан, ҳеҷ фарде наметавонад дар алоҳидагӣ рӯз барад ва дар танҳоӣ зиндагӣ кунад. Омили нахустини баҳаморандаи ҷомеаи башарӣ ва таъминкунандаи иртиботи байналмилалӣ забон маҳсуб меёбад, ки бетаъхиру ногузир бояд онро омӯхт ва дар зиндагӣ аз муҳассаноти он кор гирифт.

3. Забондонию забономӯзӣ илм нест, балки ҳунар аст, ки барои ба даст овардани он шароити хуб, вақти мувофиқ ва зеҳну самимияти том зарур мебошад.

4. Гузаштагони мо, мисли Саъдию Мавлавию Аҳмади Дониш ба омӯхтани забон ва донистани он таваҷҷуҳ зоҳир карда, фикрҳои ҷолибу муҷарраберо манзур намудаанд, ки онҳо чун сарчашмаи раҳнамунсоз дар нияту мақсади зиндагисози хонанда бетаъсир буда наметавонанд. Забон ва забондониро агар Саъдии Шерозӣ чун “калид дар дасти соҳибҳунар” дониста бошад, Мавлавӣ “ҳамзабониро хешию пайвандӣ” муаррифӣ намуда, дар ин зимн, “ҳамдилӣ”-ро тарғиб карда бошад, Аҳмади Дониш вобаста ба талаби замон по фаротар ниҳода, бо далелҳои ҳаётӣ надонистани забонро мушкилкунандаи зиндагӣ ба қалам додааст.

5. Дар баробари омӯзиши илм, омӯхтани забон низ талаби замон буда, онҳо дар якҷоягӣ метавонанд дар таъмини саодати рӯзгори шахс ва тафоҳуми ҷомеаи инсонӣ нақши муассире дошта бошанд.

Шоев Абдуҳамид Абдунабиевич, номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлтаии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj