• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ҶУЗЪҲОИ ЛУҒАВИИ СОМАТИКӢ ДАР ТАРКИБИ БАЪЗЕ ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ

(Аз рӯйи маводи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ)

Дар ин нигоштаи мухтасари худ дар хусуси мавқеъ ва ҷойи вожаҳои соматикӣ – қабати луғавии марбут ба узвҳои бадан, ки дар забоншиносӣ соматизмҳо номида мешаванд, дар яке аз шоҳасарҳои шуҳрати ҷаҳонидоштаи адабиёти форсу тоҷик, шоҳасари безавол, ки моломоли идеяҳои қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ ва дар навбати худ ба забони муосири тоҷик қаробат ва наздикидошта, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебахшем. “Шоҳнома” мукамалтарин, асари бадеӣ, таърихӣ ва таҷассумгари таърихи тамаддуни мардуми форсизабон аст, аз он барои таҳқиқ ва пажӯҳиши масоили мавриди омӯзиш қарорнагирифтаи забони муосири тоҷик маводи фаровон ба даст овардан имконпазир аст.

Шоҳнома дар муддати 30 сол навишта шудааст ва дар бораи шоҳони эронӣ, аз Каюмарс оғоз карда, то замони истилои Искандари Мақдунӣ маълумот медиҳад. Он масъалаи асосие, ки мо тавққуф карданием, на далелҳои таърихӣ, балки истифодаи воҳидҳои фразеологиро бо компонентҳои узви бадан, яъне бо ифодаи забоншиносӣ – соматизмҳоро дар бар мегирад ва ин масъала дар забоншиносии тоҷик масъалаи нав ба шумор меравад.

Пеш аз он, ки ба масъалаи асосӣ тавҷҷуҳ намоем, рӯй оварданро ба ду чизи асосӣ лозим медонем: Аввалан, дар бораи с о м а т и з м ва таърихи пайдоиши он чанд нуктаеро ёдоварӣ лозим ва зарур аст. Агар баъзе мақола ва фишурдаҳои ҳаҷман хурди забоншиносонро доир ба ин масъала дар забони тоҷикӣ ба эътибор нагирем, дар забоншиносии тоҷик ин масъала батамом нав аст. Соматизм як қабати луғавии таркиби луғавии ҳама гуна забонҳо номида мешавад, ки бо вуҷуди мавҷудияти худ чи дар нутқи шифоҳӣ ва чи дар нутқи хаттӣ аз ҷиҳати мақеъ ва аҳамияти забонӣ ба таври бунёдӣ омӯхта нашудааст. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки забоншиносии тоҷик ба пажӯҳиши мавзуи соматизм ниёзманд аст.

Соматизмҳо мисли дигар воҳидҳои луғавӣ, аз ҷумла неологизмҳо, историзмҳо, архаизмҳо дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ мавқеи назаррас доранд. Яъне ба ибораи дигар зиёда аз 15 фоизи таркиби луғавии ҳар гуна забонҳоро унвони узвҳои бадан ташкил медиҳанд. Албатта, ин миқдор бо назардошти он калимаҳое ба ҳисоб гирифта шудааст, ки бо унвони узвҳои бадан сохта шудаанд. Масалан, калимаҳои сохта ва мураккабе, ки ҷузъи аввали онҳо вожаи “даст” аст, хеле фаровонанд: даста, дастӣ, дастак, дастакӣ, дастгирӣ, дастовез, дасткушод, дастпона, дастовард, дастбӯсӣ ва ғ. Ба ҳайси реша ва ҷузъи дуюм: бедаст, гулдаст, кушодадаст, хушдаст, зердаст, забардаст, кӯтоҳдаст ва ин барин калимаҳои зиёде сохта мешаванд. Чунин ҳодисаи калимасозӣ бо калимаҳои сермаъно, аз ҷумла унвони узвҳои бадан боиси бой ва ғанӣ кардидани таркиби луғавии забон гардидааст.

Аввалин маротиба истилоҳи “соматизм”-ро муҳақиқи забони эстонӣ - Ф. Вакк истифода намудааст, ки ба ақидаи ӯ луғати соматикӣ қадимтарин қабати луғавии таркиби луғавии забон ба шумор меравад. Оре, дар забонҳо қоидаҳое мавҷуданд, ки аксар муштарак маҳсуб мегарданд ва масъалаи луғати соматикӣ аз ин истисно нест. Номи узвҳои бадани инсон даст-рука, сар – голова, пой – нога, чашм – глаза, рӯй – лицо мӯй - волосы), забон - язык ва ғ. дар ҳама забонҳо маҷуд, маъмул ва серистеъмоланд.

Чун инсон пеш аз ҳама мавҷудоти рӯи ба узвҳои бадани худ тавҷҷуҳ зоҳир намуд, аъзои бадан номгузорӣ шуданд ва ин номҳо минбаъд чун замина барои пайдоиши калимаҳои нав хизмат карданд. Ва ҳамин тавр, соматизмҳо чун ҷузъи воҳидҳои дигари забонӣ, аз ҷумла, таркибу ибораҳо, воҳиҳои фразеологӣ, зарбулмасалу мақолҳо батадриҷ ба таври васеъ истифода шуданд. Дар забони тоҷикӣ ин қабати луғавӣ ҳанӯз аз замони Рӯдакӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Масалан, калимаҳои “чашм”, “даст”, “дил” дар ҳолати зерин истифода шудаанд:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ

Киштие соз, то бад-он нигарӣ

***

Дил гусаста дорӣ аз бонги баланд,

Ранҷаке бошад-ту озору газанд. ӯдакӣ]

Агар аз назари мантиқ нигариста шавад, хирад, яъне ақл чашм надорад ва маънои ибораи изофии чашми хирад маҷозӣ аст. Яъне, ибораи изофии чашми хирад ба ҷаҳон назари боақлона кардан, дуруст ва бодиққат муоина карданро дорад.

Ифодаҳои даст ба даст задан, яъне ба ваҷд омадан, ҳайрон шудан, хушдилӣ, дил гусаста доштан, яъне аз баҳри чизе ё коре гузаштанро доранд ва бо ифодаи “даст шустан”, яъне аз баҳри чизе гузаштан ва гоҳо “дасту дил шустан”-ро низ вомехӯрем.

Муродифи он «каф ба каф задан»-ро Фирдавсӣ низ истифода намудааст:

На овардгаҳ диду на ҷои саф,

Ҳаме барзад аз хашм каф ба каф”. [5, 318]

***

Гирифтанд бар маймана ҷойгоҳ,

Замин сар ба сар гашт аз оҳан сиёҳ. [5, 318]

Рӯдакӣ чунин воҳидҳоро дар ашори худ хеле фаровон истифода кардааст:

Ман сухан гӯям, ту коноӣ кунӣ,

Ҳар замоне даст бар дастат занӣ.

Ҳамин маъниро дар “Шоҳнома” дар чунин шакл вомехӯрем:

Ҳам эдун чу ӯ зад ба сар - бар ду даст,

Шигифте маро дар дил омад шикаст. [5, 99]

Ифодаи ду даст бар-сар задан ба маънои нолаву фиғон кардан корбурд шудааст.

Дуюм луғатҳои соматикӣ дар калимасозӣ, ибораороӣ ва маҷозофарӣ дар таносуби дигар калимаҳо нисбатан фаъолтар ба шумор мераванд, ки мо дар ин фишурдаи худ бархе аз онҳоро ба ҳайси мисол пешкаш менамоем.

Чи тавре ки маълум аст, агар Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикӣ ба шумор равад ва Ҳаким Фирдавсӣ шоири достонсаро ва офарандаи «Шоҳнома»-и безавол шинохта мешавад. Ва “Шоҳнома” сар то по иборат аз намунаи ифодаҳои маҷозӣ аст. Баъзе аз воҳидҳои фразеологиро, ки дар он истифода шудаанд, дар нутқ истифода намебарем, вале маънои луғавии онҳо барои ҳама маълуманд. Масалан, дар воҳиди “ба дил гуфтан”, ки вожаи дил истифода шудааст, муодили “ аз дил гузаронидан” низ дорад ва дар забони гуфтугӯӣ серистеъмол аст. Маънои нисбатан содаи он “худ ба худ гуфтан”, “фикр кардан” аст:

Ба дил гуфт, агар бо набиву васӣ

Шавам ғарқа, дорам ду ёри вафӣ [ 5, 34]

Ё дар ҷойи дигар мегӯяд:

Дилат гар ба роҳи хато моил аст,

Туро душман андар ҷаҳон худ дил аст [5, 35]

Ва боз бо ҳамин вожаи “дил” чунин овардааст:

Ҳар он кас, ки дар дил-ш буғзи Алист,

Аз ӯ зортар дар ҷаҳон зор кист? [5, 35]

Чи тавре ки дида мешавад, дар байти аввал воҳиди маҷозии “ба дил гуфтан”, дар байти дуюм “дил ба хато моил будан” ва дар байти сеюм “дар дил буғз (кина)доштан” истифода шудаанд.

Вожаи “сар” дар бадани инсон асоситарин аст ва дар забон низ он ба ҳайси асоситарин ҷузъи луғавӣ истифодаи густурда дорад. Ин вожа дар нахуст ба маънои аслӣ васеъ истифода шудааст. Лексемаи соматикии “сар” аз дигар воҳидҳои луғавии соматикӣ камистеъмолтар нест ва Фирдавсӣ дар Шоҳнома аз он васеъ истифода намудааст:

Задам ба сараш гурзаи говчеҳр,

Бар ӯ кӯҳ борид гуфтӣ сипеҳр.

Шикастам сараш чун сари жандапил,

Фурӯ рехт з-ӯ заҳр чун рӯди Нил. [5, 319]

Баъзан соматизмҳоро дар шакли ҷуфтистеъмолшавӣ (сару тан, сару дил, ҷону тан, сару пой, дилу ҷой ва ғ.) вомехӯрем:

Сару дил пур аз кина карду бирафт,

Ту гӯӣ, ки аҳди Фаридун гирафт. [5, 98]

Дар нутқ вожаи “сар” ба маънои роҳбар истифода мешавад, сари тухма, маънои сардори гурӯҳ, сарвари авлод (тухма)- ро дорад:

Гуроза сари тухмаи Гевгон,

Завора нигаҳбони тахти каён

Аксар ба ҳамин маъно “сар” дар шаки ҷамъ – сарон низ истифода шудааст, ки ба маънои сарварон, роҳбарон, ашхоси калонсол ва ғ.-ро дорад:

Саронро ҳама хонд наздики хеш,

Паси пушт Шедушу Фарҳод пеш.

Вожаи дигари шомил ба аъзои бадан “чашм” аст, ки дар “Шоҳнома”яке аз вожаҳои серистемолтарин ба шумор меравад, ки чи ба маънои аслӣ ва чи маҷозӣ фаровон истифода шудааст:

Чу ду обгираш пур аз хун ду чашм,

Маро диду ғурриду омад ба хашм. [6, 320]

***

Ҷаҳон пеши чашмам чу дарё намуд,

Ба абри сияҳ баршуда тира дуд. [7, 290]

Муродифи мутлақи “чашм” дар забони тоҷикӣ вожаи “дида” аст, ки дар “Шоҳнома” дар ин шакл низ фаровон мавриди истеъмол қарор гирифтааст:

Зи дида хурӯшидан оростӣ,

Бигуфтиву Гударз бархостӣ. [8, 389]

***

Дурафши дилафрӯз “бар пой кард”,

Ялонро ба қалб андарун ҷой кард.

***

Мо дар боло таркиби «даст ба даст задан» -ро аз ашъори Рӯдакӣ овардем, ки аз муродифи он «каф ба каф задан»-ро Фирдавсӣ низ истифода намудааст:

На овардгаҳ диду на ҷои саф,

Ҳаме барзад аз хашм каф ба каф.

Таркибҳои такрори “сар ба сар”, “тан ба тан”, “рӯ ба рӯ, “даст ба даст” “по ба по“лаб ба лаб”, “кифт ба кифт”, “сина ба сина”, “гардан ба гардан”, “як ба як” дар забони тоҷикӣ серистеъмол буда, ба нутқ таъсирнокӣ ва ҳусни ифода мебахшанд ва унвони аъзои бадан, яъне воҳидҳои соматикӣ дар таркибҳои пешояндии такрор низ истифода шудаанд:

Гирифтанд бар маймана ҷойгоҳ,

Замин сар ба сар гашт аз оҳан сиёҳ.

Чу фардот аз он гуна созам хӯриш,

К-аз ӯ бошадат сар ба сар парвариш. [ 5, 73]

Ҷаҳон сар ба сар подшоҳӣ турост,

Даду дом бо мурғу моҳӣ турост. [5, 72]

Таркиби “рӯ ба рӯ дар шакли“рӯ дар рӯ низ дошта метавонад, вале дар нисбати таркиби сар ба сар шаклҳои дигар камтар ба назар мерасанд.

Ҳар яке аз ин таркибот маънои мушаххаси луғавӣ дошта метавонад. Масалан, “сар ба сар”- ҳама, “тан ба тан”- набарди ду нафар, “рӯ ба рӯ- ошкоро, мустақим “даст ба даст” - якҷоя, “по ба по” бо ҳам қадам задан, “лаб ба лаб” бӯсидан, “кифт ба кифт” - якдилона, “сина ба сина”, “гардан ба гардан” - дӯстона, “як ба як” – муродифи “тан ба тан” ва ғ.-ро ифода мекунанд.

Ҳамин тавр, мавқеи калимаҳои соматикӣ дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ хеле назаррас буда, дар сохтори ҳама гуна воҳидҳои забонӣ васеъ истифода мешаванд. Ба ибораи дигар, аҳамияти онҳо на танҳо дар сохтани калимаҳои нав, балки дар сохтани таркибу ибораҳо, зарбулмасалу мақолҳо ҳам калон аст. Дар ҷодаи маҷозофарӣ низ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, ки мо каме бошад ҳам, дар мақолаи мазкур ба ин ҷиҳати масъала рӯшанӣ андохтем.

 

Адабиёт

1. Калонтаров Я.И. Мудрость трёх народов. – Душанбе: Адиб, 1989. – 430 с.

2. Луғати мухтасари тоҷикӣ-русӣ (Краткий таджикско – русский словарь). – Душанбе: Маориф, 1988. – 494 с.

4. Назарян А.Г. Фразеология современного французского языка – М:, «Высшая школа»1976 –320 с.

5. Фирдавсӣ А. Шоҳнома. Ҷилд 1. – Душанбе: Адиб, 1987. – 480 с.

6. Фирдавсӣ А. Шоҳнома. Ҷилд 2. – Душанбе: Адиб, 1987. – 320 с.

7. Фирдавсӣ А. Шоҳнома. Ҷилд 3. – Душанбе: Адиб, 1988. – 528 с.

8. Фирдавсӣ А. Шоҳнома. Ҷилд 4. – Душанбе: Адиб, 1988. – 408 с.

9. Хушенова С.В. Библиографический указатель литературы по таджикской фразеологии. – Душанбе: Дониш, 1977.

10. Шанский Н.М. Фразеология современного русского языка. – М., Русский язык, 1963. – 213 с.

11. Шанский Н.М., Быстрова Е.А., Салихов С. 700 фразеологических оборотов русского (700 Ибораи фразеологии забони русӣ). – М:, Русский язык.

 

Гулзода Наврӯз Давлатович, номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj