• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 23-юми декабри соли 2022 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли паёмҳои қаблӣ баррасии масъалаҳои соҳаҳои муҳими кишварро фаро гирифта буд.

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҳифзи манфиатҳои милливу фарҳангӣ буда, дар ин самт пайваста талош меварзанд, то ин ки ба натиҷаҳои судманд ноил гардем. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, пеш аз ҳама рушди соҳаҳои илму маорифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Чи хеле ки дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, “мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад” (иқтибос аз Паём).

Рушди соҳаи маориф ба фаъолияти омӯзгорон ва шароиту имкониятҳои муассисаҳои таълимӣ вобастагӣ дорад, “зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад” (иқтибос аз Паём).

Сиёсати кунунии мамлакат гувоҳ бар он аст, ки “давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Истифода аз технологияҳои нави илм, ба нигоҳу равиши нав истифода бурдани раванди таълим таъмин намудани ҷараёни таълим аз вазифаҳои асосии омӯзгор ба ҳисоб меравад, ки дар Паёми Пешвои миллат дарҷ ёфтанд.

Дар паёми имсола қайд гардид, ки “дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард (иқтибос аз Паём, 23.12.2022). Ҳамаи ин ғамхориҳо далели онанд, ки рушди соҳаи маориф аз ҷумлаи соҳаҳои меҳварии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз самтҳои соҳаи маориф, ки пайваста дар мадди назари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ин бунёди биноҳои муассисаҳои таълимии соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Қобили қайд аст, ки “аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст (иқтибос аз Паём). Ин дастовардҳо аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарварона шаҳодат медиҳад.

Таърих гувоҳ аст, ки “давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст” (иқтибос аз Паём).

Боиси ифтихору сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ дар Паём дарҷ гардид, ки “аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд” (иқтибос аз Паём). Дар қатори дигар соҳаҳо зиёдшавии музди меҳнати кормандони илму маориф ва стипендияи донишҷӯён низ 20 фоиз дар назар дошта шудааст.

Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаҳои илму маориф кормандони соҳаро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, содиқона меҳнат кунанд, ба масъалаи таълиму тарбия аҳамияти бештар диҳанд, сатҳу сифати таълимро беҳтар кунанд ва барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода намоянд. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён ва рақобатпазирӣ, оид ба омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ҷиҳати масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

 

Сатторов Нуралӣ Саидалиевич, Раиси Шурои кураторони Донишгоҳ, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии назди факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj