• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Тағйири муносибат ба мундариҷа ва раванди таълим аз талабот ва нақшаҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 бармеояд. Дар ин санади муҳими рушди соҳа навсозии мазмуни таҳсил, тағйироти сохтории соҳаи маориф, таъмини дастрасии таҳсилоти босифат вазифагузорӣ карда шудааст. Оид ба тағйир додани мазмуни таҳсилот таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои замонавӣ бо мақсади таъмини инкишофи кӯдакон, омодасозии ҷисмонию рӯҳии онҳо ба фаъолияти мунтазами маърифатӣ ва навсозии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар асоси гузариш аз модели донишандӯзӣ ва ҳам рушди қобилияти салоҳиятнокии таълимӣ вазифагузорӣ карда шудааст.

Татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар доираи самтҳои асосӣ ба ҳалли вазифаҳои зерин равона карда шудааст:

- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои нави замонавӣ бо мақсади таъмини инкишофи кӯдакон, омодасозии ҷисмонию рӯҳии кӯдакон ба фаъолияти мунтазами маърифатӣ;

- навсозии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар асоси модели донишандӯзӣ гузариш ба модели салоҳиятнокии таълим;

- аз худ намудани малакаи ҳаётан муҳиму тарзи ҳаёти солим ва ташаккули дониши рафтор дар ҳолатҳои фавқулода;

- омодасозӣ ба фаъолияти касбӣ;

- навсозии таҳсилоти иловагӣ, бо назардошти вусъат бахшидани фаҳмишу тасаввуроти кӯдакон дар бораи муҳити атроф, воридшавии онҳо ба дунёи касбҳо;

- навсозии таҳсилоти махсус дар муносибати байниидоравӣ нисбат ба таҳсилот, офиятбахшӣ ва ба ҷомеа ҷалб намудани кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус;

- навсозии мазмуни таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷавобгӯ намудан ба талаботҳои бозори дохилӣ ва байналмиллалӣ меҳнат.

Ҳамзамон, ин санади муҳими соҳаи маориф самтҳои тағйироти низоми таълимро мушаххас намуда, гузаришро аз модели анъанавӣ ба модели таълими босалоҳият ба нақша гирифтааст. Амалӣ намудани он пас аз гузаронидани озмоишҳои даврӣ аз сентябри соли 2016 дар синфҳои ибтидоӣ ва озмоиш дар зинаи таҳсилоти асосӣ дар синфҳои 5-6 аз фанни забони модарӣ ва математика оғоз карда шуд. Дар натиҷаи озмоиш маълум гашт, ки бо ташаккули салоҳиятҳои хонанда ба саволе, ки кадом натиҷаи таълим имрӯз ба хонанда лозим аст ва талаботи ҷаҳони имрӯзаро қонеъ мекунад, ҷавоб пайдо намудан мумкин аст. Зеро истифодаи мақсадноки муносибати босалоҳият дар таълим имкон медиҳад, ки мушкилоти баланд бардоштани саводнокии хонандагон бо зиёд кардани сарборӣ аз байн бардошта шавад, зеро моҳияти ин муносибат ба хонанда имконият додан барои ҷустуҷӯйи мустақилонаи иттилооти зарурӣ аст.

Зарурати асосии гузариш дар низоми анъанавӣ ба муносибатҳои нави таълимӣ аз омилҳои муайян вобастагӣ дорад. Низоми кунунӣ ё анъанавии таълим аз назарияи таълими педагоги чех Коменский Я.А. сарчашма мегирад. Низоми мазкур аз ҷиҳати ташкили раванди таълим низоми синфӣ-дарсӣ буда, мазмуну мундариҷа тавассути методҳои шарҳӣ-аёнӣ амалӣ карда мешавад. Назарияи мазкур ҳанӯз дар асри XVII дар асоси принсипҳои дидактика ташаккул ёфтааст. Дар низоми анъанавӣ фаъолияти таълимиро дар раванди дарс омӯзгор идора мекунад. Ӯ натиҷаҳои таълими фанро арзёбӣ карда, дараҷаи азхудкунии ҳар як хонандаро дар алоҳидагӣ санҷида, дар охири соли таълим оид ба гузаронидан ё нагузаронидани хонанда ба синфи оянда қарор қабул мекунад.

Дар низоми анъанавӣ диққати асосӣ ба фаъолияти омӯзгор дода мешавад. Ҳангоми арзёбии фаъолияти омӯзгор ба масъалаҳои зерин аҳамият дода мешавад: омӯзгор чӣ тавр дарсро ташкил намуд? ҳангоми пурсиши вазифаи хонагӣ чӣ қадар вақт сарф кард? чанд нафар хонандаро пурсид? мавзуи навро чӣ тавр баён кард? мустаҳкамкуниро гузаронд ё не? бо кадом роҳҳо дониши нав мустаҳкам гашт? барои иҷрои кори амалӣ чӣ қадар вақт сарф шуд ва кори амалӣ чӣ натиҷа дод? баҳоро эълон кард ё не?

Дарсҳо дар низоми анъанавӣ мувофиқи қолабҳои мушаххас ба нақша гирифта мешаванд. Одатан омӯзгор дониш (маълумот)-ро дар шакли тайёр пешниҳод менамояд, хонандагон онро қабул ва бозгӯйӣ мекунанд. Мундариҷаи таълим дар ин навъи таълим ботартиб ва дар алоқамандӣ пешниҳод карда мешавад. Фаъолияти омӯзгор асосан ба таври шифоҳӣ фаҳмонда додани мавуъ ва истифодаи аёниятҳо равона мегардад. Ин навъи таълим ба анъана ва одат табдил ёфтааст.

Муносибати нав, ки ба салоҳиятҳо нигаронидашуда дар таълим фаъолӣ, мустақилият ва озодии академии хонандаро дар интихоби маводи таълимӣ ва омодагӣ ба мавзӯи барномавӣ ва мавқеи назоратии омӯзгорро фаъол намуда, барои истифодаи усул ва методҳои фаъолу гуногуни самарабахш мусоидат менамояд.

Аз таҳлилу омӯзишҳо бармеояд, ки мафҳуми “муносибати босалоҳият” бори аввал дар Англия коркард шудааст. Он на дар дохили низоми маориф, балки ҳамчун ҷавоб ба фаромиши мушаххаси соҳаи касбӣ (бозори меҳнат) ба миён омад. Дар ибтидо салоҳиятҳо ҳамчун ҷузъи фаъолияти касбии бомуваффақият арзёбӣ мешуданд ва гӯё он ба соҳаи маориф иртиботе надошта бошад. Чунки соҳаи маориф бо воҳидҳои асосӣ – дониш, малака ва маҳорат сару кор дорад ва соҳаи касбӣ бошад бо воҳидҳои дигар, ки дар доираи салоҳиятҳо инъикос меёбанд, андозагирӣ карда мешаванд. Дар ин ҷо ихтилоф ба миён омад, касбият бо салоҳиятҳо сару кор дорад, таълим бошад бо дониш, малака ва маҳорат.

Баъдтар барои ҷавоб ёфтан ба масъалаи мазкур ва саволи оё салоҳиятҳоро омӯзондан ва омӯхтан мумкин аст, ба низоми маориф рӯ оварда шуд. Ташаккули салоҳиятҳои касбиро аз низоми маориф пайдо намуданд ва оҳиста-оҳиста ин мафҳум ва муносибати нав дар соҳаи маориф мавқеи хеле муҳим пайдо кард.

Дар ИМА мафҳуми “салоҳият” ва “салоҳиятҳои асосӣ” солҳои 70-уми асри гузашта дар соҳаи тиҷорат барои муайян намудани сифати корманди муваффақ истифода мегардид. Тадриҷан дар натиҷаи талаботи ҷомеа омӯзонидан ва истифодаи салоҳиятҳои гуногун дар муассисаҳои таҳсилотӣ ба роҳ монда шуд.

Шуруъ аз соли 2000-ум инҷониб дар соҳаи маорифи Иттиҳоди Аврупо барномаҳои таълимӣ ва муҳити таълиму омӯзиш дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба тағйирёбии майл намуда, ба муносибатҳои босалоҳият дар таълим рӯ оварда шуд. Тайи солҳои охир рӯоварии таҳсилот ба муносибатҳои босалоҳият ба таълим ба як тамоюли ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, гарчанде салоҳиятҳо ҳанӯз пурра муайян карда нашудаанд.

Барномаҳои таълимӣ бо назардошти эҳтиёҷоти ҷомеаи муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ, ки ба салоҳиятҳои таълимӣ ва касбӣ равона шудаанд таҳия гардиданд. Дар ин робита муносибати таълим ва омӯзиш низ тағйир ёфтаанд ва бознигарӣ шудаанд. Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки салоҳиятҳои таълимии хонандагон ва слоҳиятҳои касбии омӯзгор дар тамоми ҷаҳон шакли нав гирифтаанд ва дар баъзе кишварҳо ҳатто тағйир ҳам ёфтаанд.

Яке аз бартариҳои асосии муносибати салоҳиятнок аз низоми анъанавии таълим дар ташкили фаъолият ба ҳисоб меравад. Дар гузариш ба муносибати салоҳиятнок таълим агарчанде фаъолнокӣ ва мустақилияти хонанда бештар гардад, ҳам нақши омӯзгор ҳамчун роҳнамо ва ташкилкунандаи раванди таълим бо истифода аз усулҳои муосир ва технологияи иттилоотӣ назарррас аст. Бартарияти ин муносибати таълимиро омӯзгор метавонад дар ташкил ва ба роҳ мондани муносибатҳои зерин амалӣ намояд:

- ташаккул додани маҳоратҳои таълимии хонандагон дар асоси принципи аз ҷузъ ба кул;

- таъмини устувории донишу малакаҳои таълимии хонандагон;

- дар раванди таълим ба китоби дарсӣ қаноат накардан, ки маводи асосии маълумот аст, бештар сарчашмаҳои иловагиро истифода намояд;

- хонанда хамчун объекти фаъол бо фикру ақидаҳои худ иштирокчии пурраи раванди таълим гардад;

- омӯзгор ҳамчун барранда ва ташкилкунандаи фаъолияти омӯзишӣ -тадқиқотӣ набояд дониш ва ақидаҳои хонандаро ҳамчун андешаи кулл ба хонадаи дигар бор кунад;

- омӯзгор ҷавоби ҳар як хонандаро новобаста аз дурусти ё маҳдудияти он зери танқид қарор надода, онро "оқилона" ислоҳ намояд;

- ҳар як фаъолияти хонанда, ки кӯшиши ӯро дар ташаккули донишҳои нав ва рушди шахсияти он ба ҳисоб меравад, пайваста арзёбӣ намояд;

- ба хонандагон имконияти иҷрои супоришу вазифаҳоро дар гурӯҳҳои хурд, дастаҳо ва ҷуфтӣ дода шавад, то онҳо имкон дошта бошанд, ки тавассути баҳсу масъалагузорӣ ҳалли масъаларо пайдо намоянд.

Салоҳиятҳо таълим дода намешавад, балки он дар натиҷаи азхуд намудани дониш, малака ва маҳорати таълим ташаккул меёбад. Салоҳият натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат буда, дар амал татбиқ карда тавонистан, иҷро кардани фаъолияти муайянро дар хонанда ташаккул медиҳад. Унсурҳои муносибати босалоҳият, махсусан дар зинаи донишандӯзӣ тавассути донистан, тавонистан, дар амал иҷро намудан нишон дода мешаванд.

Салоҳияти донишандӯзии хонандагон аз шавқу ҳавас, қобилият, фаъолияти омӯзишӣ, шаклҳои гуногуни кор бо иттилоот ва аз маводи таълимӣ иборат буда, ба малакаҳои худомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ, фаъолияти амалӣ, мустақилият ва рушди эҷодии онҳо мусоидат менамояд. Дар ин самт омӯзиш ба худомӯзӣ ва фаъолии хонанда мусоидат намуда, малакаи кор дар коллектив ташаккул меёбад. Барои рушди салоҳияти мустақил, ибрози андеша, пешниҳоди ақидаи худ ба муносибатҳои ҳамкории омӯзгор ва хонанда, хонанда бо омӯзгор, хонанда бо хонанда ва кори гурӯҳӣ диққати ҷиддӣ додан муҳим аст.

Нависанда ва муҳаққиқи фаронсавӣ Антуана де Сент-Экзюпери навиштааст: «Бар дӯши кӯдакон бори гарони далелҳоро бор накунед, ба онҳо роҳу усулҳоеро нишон диҳед, ки худашон он донишҳоро касб кунанд». Фаъол ва мустақил будани хонанда яке аз талаботи низоми маорифи миллӣ ба ҳисоб рафта, он маҳаки асосии ислоҳот ва навсозиҳои соҳаро ташкил медиҳад, ки он тавассути ба роҳ мондани муносибати салоҳиятнок дар таълим роҳандозӣ карда мешавад.

 

Кабиров Нурмаҳмад Гулович, номзади илмҳои химия, омӯзгори калони кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Мавлонов Боронқул Гулмуродович, муаллими калони кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj