• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

КАФЕДРАИ ГЕОЭКОЛОГИЯ ВА МАЪРИФАТНОКИИ ЭКОЛОГИИ ҶОМЕА

Мушкилоти экологӣ, ки дар миқёси ҷаҳон ин вазъият  ҳоло ба таври умум эътироф шудааст, аз масоили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Боиси қайд аст, ки стувории биосфераи замин дар натиҷаи фаъолияти нодурусти инсоният аз ҷиҳати экологӣ вайрон гардида, қисми зиёди экосистемаҳои табиӣ ва аксарияти кулли экосистемаҳои сунъӣ дар ҳолати ноустувор ва буҳронӣ қарор доранд. Шароити кори муътадили зерсистемаҳои гуногуни биосфера низ вайрон шуда истодааст. Шиддати буҳрон метавонад ба фалокати экологӣ табдил ёбад, ки воқеан ба рушди инсоният дар асри ХХI таҳдид мекунад. Сиёсати фаъолонаи экологии давлатҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба рафъи ин таҳдид ва ба эътидол овардани вазъи экологӣ нигаронида шудааст, талаботи таъхирнопазири замони мост. Дар баробари ин ҳам ҷиҳатҳои глобалӣ ва ҳам маҳаллии проблемаҳои экологӣ аҳамияти якхела доранд.

Экология яке аз қисмҳои асосии илмҳои умумибиологӣ буда, муносибати организмҳоро байни худ ба муҳити зист меомӯзад. Профессори Донишгоҳи Париж  Ф. Дрё дар яке аз асари хеш навиштааст, ки “Экология илми ояндадор аст ва шояд худи мавҷудияти инсон дар сайёраи мо аз пешрафти он вобаста мебошад”. Дар робита ба ин аксар мамолики дунё б амасоили экологӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор дода, барои беҳбудии он ғамхории доимӣ зоҳир менамояд. Замони соҳибистиқлолии кишвар якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд, ки барои таъмини амнияти экологӣ ва шароити мусоиди зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд. Яке аз муҳимтарин ҷузъҳои сиёсати экологӣ ин тайёр кардани мутахассисоне мебошад, ки барои ҳалли масъалаҳои экологии миқёси гуногун қодиранд.

Фалокати экологиро танҳо дар сурате пешгирӣ кардан мумкин аст, ки агар дар рӯйи Замин қисми асосии одамон дар руҳияи баланди экологӣ тарбия карда шаванд. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” соли 2010 қабул гардида, мақсади он фаро гирифтани аҳли ҷомеа бо донишҳои умумии экологӣ, мусоидат намудан ба ташаккул ва инкишофи тарбия ва фарҳанги экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин баробар дар кишвар “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикитон” (2021-2025) амал менамояд. Мақсади ин барнома низ рушди тарбия ва маърифати экологии ҷомеа мебошад.

Тарбияи экологӣ якчанд вазифаро талаб менамояд: пеш аз ҳама шахсро бояд чунон тарбия намуд, ки вобастагии инсону ҷамъият ва табиатро дарк намояд, нисбат ба ҳолату вазъи муҳити атрофаш масъулият ҳис намояд. Тарбияи экологӣ он вақт ба ҳадаф мерасад, ки билофосила аз синни томактабӣ шуруъ шуда, то интиҳои умри инсон давом кунад.

Барои баланд бардоштани савияи донишу маърифати экологии ҷавонон ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар системаи маърифати экологии ҷаҳонӣ аз таҷриба, усул ва шаклҳои гуногун истифода намуда, дар ин самт ба фаъолияти амалӣ ва таҳқиқотӣ такя намудан зарур ва ба манфиати умум хоҳад буд. Шакл ва усулҳои маърифат инҳоянд: мактаби экологӣ, театри экологӣ, бозию ҷашнҳои экологӣ, лагери экологӣ, туризми экологӣ, коргоҳи эҷодӣ, ҷамъияти илмии муҳассилин, маҳфилҳои экологӣ, мубоҳисаҳо, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ, осорхонаи экологӣ, иқдому намоишҳо ва ғайраҳо.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан дар солҳои охир масъалаи маърифати экологии аҳолӣ дар сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти асосӣ маҳсуб ёфта, баҳри таъмини ташаккули маърифати экологӣ дар ин давра тадбирҳои сершумор амалӣ шудаанд.

Бемуҳобо эътироф шудааст, ки  дар тарбияи экологӣ ва омоданамоии  мутахассисони соҳаи экология  донишгоҳҳои дорои равияи омӯзгорӣ, ки барои ин захираи моддӣ-техникӣ доранд, нақши асосӣ бозида метавонанд. Дар ин масир метавон  кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро қайд намуд, ки  соли 1990 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии таъсиси ин кафедра таълими асосҳои экология ва ҳифзи табиат дар факултетҳои Донишгоҳ ҷиҳати  баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ва нигоҳдории рушди устувории муҳити зист мебошад.

Аз рӯзи таъсисёбӣ то ҳол кафедраро дотсент Б.Алидодов (1990-2003), профессор У.И. Муртазоев (2003-2004), дотсент К.В. Вазиров (2005-2007) ва профессор А.Эргашев (2007-2014) сарварӣ намудаанд. Ҳоло роҳбарии кафедраро дотсент Раҳимов Маҳмаднаврӯз (аз соли 2014) ба ӯҳда дошта, дар он 7-нафар омӯзгор, аз ҷумла 1-профессор, 2-дотсент, 1-муаллими калон, 3-ассистент ба таълиму тарбия машғуланд. Дар кафедра оид ба асосҳои экологии истихроҷи канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ (сел ва обхезиҳо), оқилона истифода бурдани сарватҳои табиии Тоҷикистон (замин ва об), таъсири омилҳои экологӣ ба маҳсулнокии биологии растаниҳои кишоварзӣ (пахта, гандум, офтобпараст, юнучқа) дар шароитҳои гуногуни иқлими Тоҷикистон корҳои илмӣ анҷом дода мешаванд. Мавзӯи тадқиқотии кафедра доир ба омӯзиши мушкилоти экологӣ дар минтақаҳои гуногуни табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Омӯзгорони кафедра қонунҳо ва барномаҳое, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушти илми экология ва фанҳои табиатшиносӣ қабул шудааст, сармашқи кори худ қарор дода, донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифанокии экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида оид ба ҳифз ва истифодаи табиат, кам кардани таъсири манфии инсон ба табиат ва нигоҳдории устувории муҳити зист тарбия медиҳанд.

Дар назди кафедра семинари илмӣ низ амал менамояд, ки дар он паҳлуҳои асосии мушкилотҳои асосии геоэкологӣ ба монанди тағйирёбии иқлим ва таъсири он, сӯрохшавии қабати озонӣ, боришоти ишқорӣ, проблемаи партовҳои маишӣ ва саноатӣ, нестшавии гуногунии биологӣ, таъсироти фаъолияти инсон ба қабати ҳаётӣ ва ғайра баррасӣ карда мешавад. Инчунин, дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Эколог» амал менамояд ва дар он мавзуъҳои гуногун дар бораи беҳтар гардонидани вазъи экологии муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологии захираҳои обӣ, беҳтар кардани вазъи ҳавои атмосфера, баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ ва ғайра баррасӣ карда мешавад.

Бо мақсади пурзӯр гардонидани ҳолати экологӣ ва пешгирӣ намудани мушкилоти экологӣ кафедра ҳамкориҳои хешро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, инчунин бо институтҳои тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил кардааст.

Таълиму тарбияи экологӣ дар курси асосҳои экология, ки ба донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои Донишгоҳ таълим дода мешавад, ба таъмин ва дастгирии идеяи рушди устувор, ки муҳити зистро вайрон намекунад, балки биосфераи заминро ҳамчун хонаи умумии инсоният бе харобшавӣ нигоҳ медорад, равона карда шудааст. Зеро омӯзиши маърифати экологӣ дар ҳама сатҳҳо, оғоз аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ то муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои ноил шудан ба ҳадафи таъхирнопазир - коҳиш додани хатари экологӣ дар ҷаҳон равона гардидааст.

Курси «Экология» дар аксар факултетҳо аз рӯйи ихтисосҳои гуногун таълим дода мешавад ва барои ҳеҷ кадоми онҳо тахассусӣ нест. Омӯзгорони кафедра  бошанд, дар баробари корҳои таълиму тарбия, инчунин ба тадқиқи масъалаҳои экологӣ, ҳифз ва истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиии Тоҷикистон машғуланд. Аз оғози фаъолияти кафедра то имрӯз устодони кафедра зиёда аз 60 номгӯи корҳои илмӣ, китобҳои илмӣ, таълимӣ, илмию методӣ, илмию оммавӣ ва барномаҳои таълимиро нашр намудаанд.

Дар заминаи таълими фанҳои кафедра ихтисоси нав – “географияи ҳифзи табиат” кушода шудааст, ки хатмкунандагони ин ихтисос ба таълиму тарбияи экологӣ дар муассисаҳои миёна ва дигар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта мешаванд.

Нахустин хатмкунандагони ихтисосҳои кафедра фаъолияти меҳнатии худро соли 1997 оғоз карда буданд. Ҳоло раванди таълиму тарбия ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, илмию методӣ бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи устодони баландихтисосу соҳибтаҷриба анҷом ёфта истодааст.

Дар ниҳояти сухан ин нуктаро бояд қайд намуд, ки таълим ва тарбияи экологӣ асоси некӯаҳволии экологии ҷомеа мебошад. Яке аз шартҳои ноил шудан ба ҳамоҳангӣ бо табиат ин маърифатноккунонии экологии аҳолӣ мебошад. Тарбияи экологӣ бояд дар тамоми умри инсон сурат гирад.

Раҳимов М.М. - н.и.б., дотсенти кафедраи геоэкологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj