• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

«Навои ҷовидон»-тарғибгари маърифати духтарон

Бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмуни маърифатӣ-фарҳангии «Навои ҷовидон» миёни ҷавондухтарони донишгоҳ баргузор гардид.

Баланд бардоштани завқи ҳунаромӯзӣ, тайёр намудани ҷавондухтарон барои бунёди оилаи солим, дастгирӣ ва дарёфти духтароне, ки ҳозирҷавобанду ҳунари сарояндагӣ доранд ва ташаккули инсондӯстиву меҳанпарастӣ дар қалби онҳо ва мубориза алайҳи ҳама гуна амалҳои номатлуб, аз қабили танфурӯшӣ, хариду фурӯши одамон, хушунату зӯроварии рӯҳию ҷисмонӣ нисбат ба занону духтарон мақсаду мароми ин озмун ба ҳисоб мерафт.

Озмун аз чор шарт иборат буд: пешкаши беҳтарин либоси арӯсӣ, ороиши мӯй дар 10 дақиқа, печонидани лӯхтак дар парпеч дар 5 дақиқа ва маҳорати сароидани суруди «Алла». Ҳамчунин, одоби рафтору гуфтор, либоси миллӣ ва мӯи дарози тоҷиконаи духтарон ба назар гирифта мешуд.

Ба ҳайати ҳакамон Фирӯза Тошпулодова, мудири  кафедраи математикаи байнифакултавӣ, Муҳаббатхон Рустамова ва Зебуниссо Латифова, кормандони китобхона, шомил буданд. Дар сабқат аз факултаи забони англисӣ Азима Сариева, аз факултаи филологияи тоҷик Умедахони Абдуқаҳҳор, аз  факултаи биология Моҳрӯи Мадаюб ва аз факултаи педагогика Гулбону Абдуева ширкат варзиданд. Дар озмун Азима Сариева ва Умедахони Абдуқаҳҳор дар ҳама шартҳо бартарӣ нишон доданд ва дар озмуни шаҳрӣ яке аз инҳо донишгоҳи моро муаррифӣ хоҳанд кард.

Илҳоми Абдулло

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj