• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ШИНОХТИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ВАТАНДӮСТӢ ВА ҲАДАФҲОИ ОН

Ватандӯстӣ як рукни шинохти маънавии инсон буда, фарогири масоили зерин, ба мисли ҳифзи забони модарӣ, дӯст доштани Ватан,  эҳтиром ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, эҳсоси масъулият барои тақдири Ватан ва амсоли инҳо мебошад. Ватандӯстӣ аслан дар даврони кӯдакӣ талқин шуда, бо мурури замон дар ҳаёти маънавию ахлоқии шахс  инкишоф меёбад. Ҳадафи асосии ин маром, яъне тарбияи ватандӯстӣ дар насли наврас  бедор кардани муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз Ватани худ, ташаккули майлу хоҳиш ва омодагӣ ба ҳимояи Ватан дар ҳолати зарурӣ, хоҳиши саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ва мисли ин равишҳо мебошад. Дар ҷомеаи имрӯз, ки тарбияи ватандӯстӣ  яке аз вазифаҳои муҳимтарини соҳаҳои мухталифи ҷомеа, хусусан соҳаи маорифи кишвар мебошад, бояд ҷоннок карда шуда, он бояд дар натиҷаи ҷалб намудани шаҳрвандон баҳри саодати Ватан, бедор кардани меҳру муҳаббати онҳо  ба таърих, фарҳанг ва  анъанахои миллӣ  ба амал бароварда шавад. Лоиқ ба зикр аст, ки масъалаи тарбияи ватандӯстӣ бидуни ташаккули муносибати эҳтиромона ба гузашта ва имрӯзи кишвари худ дар байни шаҳрвандон ҳал намешавад. Дар ҳамин баробар бояд донем, ки яке  аз хусусиятхои тарбияи ватандӯстии имрӯза ин тақвият намудани алоқаи шаҳрвандон ба Ватани худ  мебошад. Имрӯз тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ҳамасола барои ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас  пешниҳод мешаванд. Дар таърихи  2-юми ноябри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардида, дар таърихи  24-уми декабри соли мазкур аз ҷониби Президенти кишвар ба тасвиб расид, ки аз ҷумлаи чораҳои саривақтии роҳбарияти ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Қобили қайд аст, ки ба тасвиб расидани ин қонун дар чунин шароит, ки вазъияти сиёсии ҷаҳон номусоид аст, зарур мебошад. Вобаста ба мубрам будани ин масъала инчунин дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, чанд нукта зикр шуда, аз ҷумла таъкид намуданд: “Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд”.

Дар замони муосир  ватандӯстӣ ҳамчун манбаи рушди шахсият, ҷомеа ва давлат баромад мекунад ва аз ин лиҳоз зарур донистем якчанд нуктаҳои муҳимро, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тааллуқ дорад, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор диҳем. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 21 модда таркиб ёфта, дебочаи он бо ин мазмун оғоз меёбад: «Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватан­дӯстии шаҳрвандон муайян менамояд». Боби нахустини қонун «Муқаррароти умумӣ» унвон дошта, мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашударо ташреҳ мекунад ва  дар моддаи 2 – и ин қонун моҳияти  тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тафсир шудааст.

Боби дуввуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»  «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» унвон дошта,  дар доираи даҳ  моддаи ин боб (фарогири моддаҳои 3-12) мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватан­дӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳа, низоми тарбияи ватандӯстӣ, мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва амсоли инҳо мавриди  танзим ҷарор гирифтааст. Инчунин, дар моддаи 4 – и қонуни мадди назар муқаррар шудааст, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба принсипҳои муносибати мураттаби ташкилӣ асос меёбад. Ин принсипҳо ҳамоҳангии кори ташкилотҳои давлатию ҷамъиятиро оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон; кори унвонию фардӣ бо шаҳрвандон, усул ва воситаҳои гуногуншакл, ки манфиат, майлу рағбат, сатҳи таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраро фаро мегирад, гуногунҷабҳа ва алоқаманд будани самтҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ, ки муносибати тому маҷмӯии амалигардонии онҳоро дар бар мегиранд, ба назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ, этникӣ — маданӣ ва хусусиятҳои дигар дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва арзишҳо, ки мазмун ва мундариҷаи ватан­дӯстиро муайян мекунанд, инчунин, ошкор ва мус­тақилияти арзёбии натиҷаи иҷрои тадбирҳои ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нигаронидашударо дар бар мегиранд. Дар ин баробар дар банди саввуми моддаи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян мушаххас гардида, тибқи талаботи он фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон, таҳия ва татбиқи шаклҳои самараноки технологияҳои иҷтимоисози шахсияти шаҳрванд, бахусус ҷавонон, ҷалби фаъоли онҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, экологӣ ва масъалаҳои дигари давлат, навсозӣ ва ғанигардонии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ, усул, шакл ва воситаҳои он, ташкили механизми илҳомбахш ва ҳамоҳангсози фаъолияти самараноки низоми тарбияи ватан­дӯстии гурӯҳҳои гуногуни шаҳрвандон дар ҳамаи сатҳҳо, тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тавсеаи субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, ташкил ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон маҷмӯи чорабиниҳоест, ки давлат дар сиёсати худ барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамояд.

Моддаи 5 – и қонун вобаста ба субъектҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, ин нуктаро мушаххас кардааст, ки коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, оила ва шаҳрвандон субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ  субъектҳои ин соҳа мебошанд.

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар моддаҳои 6 ва 7 – и қонун мавриди танзим қарор гирифта, пешбурди сиёсати давлатӣ, муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ, тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро  мегирад. Тибқи талаботи пешбинишуда таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳияи лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва пешниҳод кардани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар доираи салоҳияти худ таҳия ва қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, ки ­масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунанд, муайян кардани тартиби ташкили феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар татбиқи барномаҳои идоравии тарбияи ватандӯстӣ иштирок мекунанд ва аз дастгирии давлатӣ бархӯрдоранд, муайян кардани воҳиди сохторӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстиро ба зимма дорад, ҳамоҳангсозии фаъо­лияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин масоилро мақоми ваколатдори давлатӣ иҷро менамояд.

Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бошад, дар моддаҳои 8-9-и Қонун зикр гардида, дар моддаи 10 – и Қонуни мазкур  муносибатҳое, ки  соҳаи тарбияи ватан­дӯстиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ танзим менамоянд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. амалӣ менамояд. Дар банди аввалии моддаи 11, ки  «Низоми тарбияи ватандӯстӣ» унвон дорад, мақсади ташкили низоми давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зикр шудааст. Дар  банди саввуми  моддаи зерин бошад, нишон дода шудааст, ки  сохтори низоми тарбияи ватандӯстӣ аз ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд, кормандон (мутахассисон)-и омӯзгорӣ, шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони ноболиғ ва волидайн (намояндагони қонунӣ)-и онҳо, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигари амалкунандаи тарбияи ватандӯстӣ, мақомоти маслиҳатию машваратӣ ва мақомоти дигаре, ки онҳо созмон додаанд, ташкилотҳое, ки таъмини тарбияи ватандӯстӣ ва арзёбии сифати тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ амалӣ менамоянд, иборат мебошад. Мавқеи оила ҳамчун зинаи ибтидоӣ дар низоми тарбияи ватандӯстӣ дар банди чаҳоруми ҳамин модда инъикос ёфтааст.

Боби 3 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» таҳти унвони «Таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» масоили  тартиби бо иттилооти ба тарбияи ватандӯстӣ тааллуқдошта таъмин кардани шаҳрвандон, таъмини илмӣ ва таълимию методии тарбияи ватандӯстӣ, таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини ташкилию методии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини идоракунии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстӣ, таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстиро фаро мегирад. Боби 4 – и он бошад,  таҳти унвони «Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фарогири  як модда (моддаи 19) буда, тибқи банди дуввуми ин  модда  танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз таҳлил, арзёбӣ, пешгӯӣ ва тарҳсозии вазъи кори низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо назардошти тамоюлҳои рушди ҷомеа, муайян ва ­масъалагузории вазифаҳои ҷорӣ ва ояндаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, банақшагирии илман асосноки тарбияи ватандӯстӣ, интихоб, омӯзиш ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таҳлили вазъ ва таъсирбахшии кори тарбияи ватандӯстӣ ва мунтазам иттилоъ додани мақомоти давлатӣ аз рафти амалисозии вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тасҳеҳи саривақтии низоми таъсиррасониҳои тарбиявӣ, таъмини дастгирии давлатии ­субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо захираҳои зарурии таълимӣ, воситаҳо, ҳамчунин, усул ва технологияҳои пешқадами тарбияи ватандӯстӣ бо ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон иборат аст.

Вобаста ба татбиқи нуктаҳои қонуни мазкур ва ҷиҳати тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан донишҷӯён метавон роҳу усулҳоеро истифода намуд, ки татбиқ намудани онҳо аз манфиат холӣ нест. Аз ҷумла, ин пешниҳодро ҷиҳати таваҷҷуҳ ба назари масъулини соҳа ҳавола менамоям. Пешниҳоди мазкур иборат аз ин аст, ки ба Вазорати мудофиаи кишвар дар робита ба талаботи  Қонуни мазкур таҳия ва баргузор намудани чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод”-ро тавсия мекунам. Дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар минтақаҳои қисмҳои ҳарбӣ бобати шиносоӣ бо рӯзгори сарбозон чорабиниҳо ташкил карда мешаванд, яъне ҳама шаҳрвандон хоссатан донишҷӯёну ҷавонон тавассути ҳузури худ ба қисми ҳарбӣ бо ҳаёти ҳаррӯзаи афсарону сарбозон ошноӣ пайдо карда, эҳсоси ватандӯстии онҳо афзун меёбад. Ба ин васила эҳсоси ҳифзи Ватан-модар, ифтихори сарбоз будан, паси сар кардани мактаби мардонагӣ ва амсоли инҳо низ дар қалби ҳар як ҷавон, хусусан донишҷӯе, ки аз ин мактаби садоқату мардонагӣ дидан мекунад, бештар мешавад. Дар иҷрои ин амал метавон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси масъули иҷрои талабот қабул намуд, ки дар ҷалби доираи насли ҷавон ба ин маърака дорои имкониятҳои фарох аст.

Дар ниҳояти сухан ин нукта қобили қайд аст, ки қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар шароити зуҳури омилҳои хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон буда, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд мебардорад. Қонуни мазкур, ҳамчунин барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад. Ҳадафи асосии ин қонун ин танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа буда,  бобати таҳкими худшиносии миллии шаҳрвандони кишвар мусоидат менамояд.

Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj