• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МАСИРИ  70-СОЛАИ  ЗИНДАГИИ ДУ ДОНИШМАНД

Имрӯз, 10 феврали соли 2023 бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода  устодони донишгоҳ , олимони забардасти тоҷик Мансур Нӯъмонов, профессори кафедраи методикаи таълими математикаи  факултети математика ва информатика, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  ва Абдулбоқӣ Нурзода,  доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ки маросими  зодрӯз доштанд, бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ҷараёни табрикот муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим Айнуллозода Н., муовини ректор оид ба корҳои илм Сангинзод Д.Ш.  ва раиси иттифоқҳои касабаи устодону кормандони донишгоҳ Зикирзода Ҳ. сухани табрикӣ баён карда, аз номи ректор ва раёсати донишгоҳ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён онҳоро ба ифтихори рӯзи таваллуд табрик карданд. Аз ҷумла зикр шуд, ки устодон Мансур Нӯъмонов  ва Абдулбоқӣ Нурзода,  новобаста аз синни хеш худро бардам эҳсос карда, дар роҳи илму таълиму тарбия гомҳои устувор мегузоранд ва таманно гардид, ки сиҳатии бардавом ва рӯзгори пурбаракат ҳамеша насиби эшон  бошад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj