• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

МАФҲУМҲОИ АМАЛКУНАНДА ВА НАВОВАРИҲОИ ТЕХНОЛОГИИ ПЕДАГОГӢ

Дар зери мафҳуми технологияи нави педагогӣ мо маҷмуи усулҳо, воситаҳо ва чорабиниҳои муназзами фаъолияти инноватсиониро дар назар дорем. Дар инноватика навъҳои гуногуни навовариҳои технологӣ, ки дар соҳаи педагогика таҷассуми худро ёфтаанд, низ вуҷуд доранд:

1. Ҷорӣ кардани технологияи наве, ки раванди он аз тарафи худи тайёркунанда – муаллим (навовар) татбиқ карда мешавад. Барои навоварӣ на ҳамаи маҷмуи хадамоти инноватсионӣ истифода мешавад.

2. Муҳандисӣ (инжинерӣ) – маҷмуи технологияи нав, ки ҳамаи марҳилаҳои инноватсиониро аз маркетинг сар карда, то санҷиши лоиҳа, банақшагирии бизнес, коркард ва расонидани таҷҳизот, ҳамроҳӣ кардан бо кадрҳо ва хидмати сервисӣ дарбар мегирад. Технологияи мазкур ба ақидаи мо дар барномаи компютеркунонии мактаби деҳот фоидаовар мебошад.

3. Консалтинг – технологияи наве, ки марҳилаи интихоби стратегия ва банақшагирии фаъолияти инноватсиониро таъмин менамояд. Ин амал аз тарафи ташкилотҳое, ки дар соҳаи экспертиза (ташхис) ва машварат вобастаанд, иҷро карда мешавад.

4. Омӯзиш-технологияи наве, ки марҳилаи омодагии кадрҳои навро ташкил мекунад. Дар ин барномаи компутеркунонӣ ба масъалаи тайёр кардани мутахассисон барои кор кардан бо компутер бояд аҳамияти зиёд дода шавад, зеро дар акси ҳол аз ҷорӣ намудани навоварии «Компютер дар мактаб» фоида нахоҳад буд.

5. Гузаронидани технология-технологияи наве, ки аз ҳисоби ба фанни дигар ё ҷои дигар гузаронидани технологияи азхудшуда татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ таъмин карда мешавад.

Дар конспектҳои такягоҳии В.Ф. Шаталов ин кор аввал дар риёзӣ ва физика, баъд дар фанҳои дигар татбиқ карда шудааст. Техникаи кори гурӯҳӣ аз таълими рӯзона имрӯз ба таълими фосилавӣ (омӯзиш аз роҳи дур) гузаштааст. Бисёр навовариҳои педагогиро, ки шакли технологӣ доранд, мумкин аст ба соҳаҳо ё маконҳои дигар гузаронид.

Навоварӣ чун шакли идораи рушди низоми таълим

Навоварӣ дар инноватика ҳамчун ҷузъи рушди идорашаванда ва тағйироти мақсаднок баррасӣ мегардад, он ба маънои васеаш шакли рушди идорашаванда мебошад. Навовариро ҳамчун раванди татбиқи ғояи илмӣ дар амал ва татбиқи тағйироти дахлдори он дар муҳити иҷтимоӣ-педагогӣ низ метавон баррасӣ намуд.

Навоварӣ таҷрибаи воқеии таълимиро, ки аз ҷиҳати рефлексивӣ маънидод карда мешавад, метавонад чун сарчашма дошта бошад. Маҳсули чунин маънидодкунӣ навоварии педагогӣ мегардад, ки онро баъд ба ҳамон муҳит ё вазъи дахлдор ворид менамоянд.

Сатҳи навоварӣ махсусияти идораи онро муайян менамояд. Қонунҳои асосии лоиҳакашии инноватсияро дар муқоиса бо принсипҳои системаҳои мураккаб ба тариқи зерин метавон муайян кард: ҳар қадар, ки сатҳи инноватсия баланд бошад, талабот ба идораи илмӣ ҳамон қадар меафзояд.

Навоварӣ натиҷаи раванди инноватсионӣ аст. Раванди инноватсионӣ дар баробари ҷорӣ намудани ягон чизи нав, боз дар мақсад, шароит, мазмун, восита, усул, шаклҳои ташкили таълим ва идораи равандҳои тағйиротҳои зиёдро фаро мегирад. Ин тағйиротҳо барои навигарӣ, нерӯи баланд бардоштани маҳсулнокии равандҳо, умуман, ягон ҷузъи онҳо мебошанд. Онҳо метавонанд фоидаи дарозмуддат оваранд ва хароҷоти дар татбиқи навовариҳо шударо рӯйпӯш намоянд; онҳо бо дигар навовариҳои татбиқшаванда дар мувофиқат мебошанд.

Дар бораи мувофиқати ин ё он навоварии низоми таҳсилот бояд алоҳида таваққуф намуд.

Зимни мафҳуми низом мумкин аст курси алоҳидаи таълимӣ, ки онро муаллими алоҳида, муассисаи таълимӣ, умуман маҳал ва ғайра мегузаронанд, дар назар дошта шавад.

Лазарев В.С. сифатҳои зерини навовариро, ки ҳанӯз ҳангоми коркарди онҳо муайян карда мешавад, номбар кардааст:

- инноватсия, яъне, ҳамон ҷузъи мактаб, ки тавассути ҳамин навоварӣ аз нав тартиб дода шуда, тағйирот дошта бошад;

- амиқии азнавсозӣ, яъне сатҳи радикалии тағйиротҳои инноватсия;

- ҳаҷми азнавсозиҳо, яъне, шумораи мактабҳои ба навоварӣ ҷалб карда шуда ва азнавсозииҳое, ки бо инноватсия вобатагӣ доранд;

- таъмини захиравӣ, яъне, бо ҳаҷми зарурии моддӣ ва кадрӣ таъмин будани раванди азхудкунии навовариҳо;

- сатҳи кор карда шудани навовариҳо, яъне, бо ворид кардан омода будани навигариҳо.

Хусусиятҳои номбаршуда дар муносибат бо ин ё он муҳити воридшаванда ҳамчун меъёри ташхиси пешакии навовариҳо мебошанд. Дар натиҷаи ташхис маълум мешавад, ки оё аз ворид намудани навигариҳо вазъи таълимӣ-тарбиявии мактаб ё ягон низоми дигари таълимӣ беҳтар мешавад ё хайр?

Силсилаи навигариҳои педагогӣ

Раванди паҳншавии ғояҳои педагогӣ ва навовариҳои педагогиро дар се самти мустақил метавон баррасӣ намуд:

- стихиявӣ;

- мақсаднок, давлатӣ;

- мақсаднок, ҷамъиятӣ;

Ҷараёни мақсадноки давлатӣ ин аз кӯшишҳои санҷидашуда, амалиёти мақомоти таҳсилот оид ба ҷорӣ намудани навовариҳо иборат мебошад.

Ҷараёни мақсадноки ҷамъиятӣ ин натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятии педагогӣ мебошад. Боз ҷараёни стихиявӣ (фавқулодда) низ вуҷуд дорад, ки он дар доираи муносибати байниҳамдигарии муаллимон ва ҳамкории касбии онҳо амал мекунад. Ба пайдоиши он мумкин аст воситаҳои ахбори умум-матбуот, телевизион, муҳити махсус ташкилшуда, иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ аз рӯи ҳавас, масалан, Интернет сабабгор шаванд.

Ташкилотҳои алоҳида, иттиҳодияҳои одамон, ки дар паҳн намудани навовариҳо фаъолнокии худро нишон медиҳанд, дар инноватика ядро номида мешавад. Онҳо фаъоланд, обрӯю эътибор доранд, машҳуранд, ба ҳар масъала бо назари навоварӣ менигаранд.

Фаъолнокӣ дараҷаи фаъолияти инноватсиониро муайян мекунад.

Эътиборнокӣ ду меъёр дорад: теъдоди одамон, ки сарчашмаи мазкурро эътироф мекунанд ва дараҷаи эътиборнокии ядро барои ҳар як шахс.

Доираи фарогирӣ-теъдоди одамоне, ки дар атрофи як ядро муттаҳид шудаанд.

Раҳёфт (ориентация) якчанд тавсиф дорад:

1. Синфхонае, ки ба он фаъолнокии ядро баҳри ташвиқи ғоя (назарӣ) ё паҳн намудани тарзҳои амалиёт (амалӣ) равона карда шудааст.

Азбаски ядрои ҳамагуна инноватсияи педагогӣ доимӣ нест, бинобар ин, бо гузашти вақт маҳсулнокӣ, ҳаҷм ва дигар хусусиятҳои он тағйир меёбанд. Мо дар боло қайд карда будем, ки дар давраи муайян ва дар ҷои муайян инноватсияи радикалӣ баъди чанд вақт аломатҳои навигарии худро гум карда, аз назари ҷомеаи педагогӣ дур мемонад. Ин ҳолат бо сабаби характери оммавӣ гирифтани навгониҳо ё бинобар аз байн рафтани моҳияти актуалии онҳо руҳ медиҳад. Масалан, системаи омӯзиши Занков Л.В. дар замони худ навоварӣ ҳисоб мешуд, вале имрӯз бисёр паҳлуҳои он бинобар характери оммавӣ пайдо карданашон инноватсионӣ ҳисоб намешаванд.

Дар чунин ҳолатҳо навоварӣ метавонад аз ҳолати радикалӣ ба ҳолати модификатсия-такомули ночиз гузарад. Ба ҳар ҳол, давраи амали навовариҳо бо вақт маҳдуд мебошад.

Навовариҳои педагогие низ ҳастанд, ки дар сатҳи ғоя ё консепсия радикалӣ мебошанд. Ин қабил навгониҳо бо мурури замон баробари пайдо шудани шароит ва имкониятҳои дар амалияи умум ҷорӣ намудани онҳо зуд инкишоф меёбанд ва ба сатҳи нав гузаронида мешаванд. Ҳамин тариқ, ренессанси педагогии (аз нав тавлидшавии) хос ба амал меояд. Масалан, мо чунин мепиндорем, ки ғояи эвристикии Суқрот имрӯз дар хоб аст. Барои аз хоби гарон бедор намудани ғояи Суқрот оид ба тавлиди дониш педагогикаи инноватсионӣ бояд аз характери умумӣ (оммавӣ) пайдо кунад.

Ҳама гуна инноватсия майли ба тафаккури қолабӣ ва фаъолияти амалӣ табдил ёфтанро дорад. Бинобар ин, инноватсия метавонад садди роҳи татбиқи навовариҳои дигар гардад ва барои ин монеаҳои зеринро ба вуҷуд меоварад:

- ба догма (чизи шахшудамонда, тағйирнаёбанда) табдил додани инноватсия-боварӣ ба доимӣ будани навгонӣ;

- содда ва оддикунии инноватсия истифодаи схемаи оддии навоварии аввала;

- истифодаи ҷузъҳои (қисмҳои) алоҳидаи навгонӣ;

- тақлидкорӣ ба навгонӣ;

Давраи амали педагогикаи инноватсионӣ баробари қатъ гардидани талаботи ҷомеа ва ҳалли зиддиятҳои дохилию берунии таҳсилот ба охир мерасад. Бинобар ин, стратегияи азнавсозандаи фаъолияти инноватсионӣ сарҳадҳои муваққатӣ дорад ва чун барномаи муваққатӣ бояд пешниҳод гардад.

Барномаи инноватсионӣ

Ҳамбастагии якчанд лоиҳаҳои ба ҳам вобаста ҳамчун объекти идорашаванда аз лоиҳаи алоҳида фарқ дорад. Дар барномаи инноватсионӣ лоиҳаҳо аз ҷиҳати вазифа, мӯҳлат, иҷрокунандагон ва захираҳо бо ҳам алоқаманданд. Мавзӯи идоракунӣ ҳамчун шабакаи маҷмуи лоиҳаҳо баромад мекунад. Барномаҳо бояд роҳбарии ягона, ба нақшагирии стратегии марказонидашуда, маблағгузорӣ, мониторинг, координатсия –мутобиқаткунӣ, таъминоти ҳуқуқӣ дошта бошанд. Барномаҳои инноватсионӣ метавонанд чунин бошанд:

- раҳёфти технологӣ дар самти додашуда: масалан, дар соҳаи компутеркунонии таҳсилот;

- баланд бардоштани обрӯю эътибор ё рақобатпазирии системаи таҳсилоти миллӣ;

- аз нав муҷаҳҳазнамоии техникии мактабҳо;

- беҳтарнамоии шароити экологӣ ва ғ.

Таҳия ва татбиқи барномаи инноватсиониро танҳо иттиҳодияҳои ташкилотҳои бузург, вилоятҳо ё мегаполисҳо, мақомоти федералӣ, алянсҳои байнидавлатӣ қодиранд.

Таҳияи барномаи инноватсионӣ муттаҳид сохтани ташкилотҳои гуногун, муассисаҳои молиявӣ, маъмурияти маҳалҳо ва давлат ва дар як қатор мавридҳо қарордодҳои байнидавлатиро талаб мекунад.

Дастурҳои инноватсионӣ

Дастурҳои инноватсионӣ дар соҳаи таҳсилот системаи дастурҳои асосиест, ки аз тарафи роҳбарияти давлат ё маҳалҳои он кор карда шуда, сиёсати давлатро дар самти додашуда муайян мекунанд:

  1. Объекте, ки дар он навгониҳо (соҳаҳои таҳсилот ва фанҳои таълимӣ; ноҳияҳое, ки дар он ҷойҳо ҷорӣ намудани навгониҳо ва ғ. ба нақша гирифта шудаанд) ба вуҷуд меоянд.
  2. Мавзӯи таъсиррасонӣ, яъне, чиро нав бояд кард (мақсадҳо, стандартҳо, сохтор ё мазмуни таҳсилот, технологияи педагогӣ, системаи ташхис ва назорат; Захираҳои таҳсилӣ, системаи идоракунӣ, сохтори ташкилӣ ва ғ.) ва дар асоси чӣ навгонӣ дохил карда мешавад (дар асоси мақсадҳои муайяни инкишоф ва принсипҳо); натиҷа дар шакли консепсияи сиёсат.

Тартиби коркарди дастурҳои миллӣ аз Низомнома сарчашма мегирад. Масалан, дар сатҳи давлат пешниҳодҳои ҷамоатҳо, мутахассисон ҷамъ оварда, баъди таҳлили онҳо лоиҳа тартиб дода, баъдан дар ҷомеа аз санҷиш гузаронида мешавад. Ин лоиҳа бо мақомоти қонунгузор ва ҳокимиятҳо мувофиқа карда шуда, барои иҷрои ҳатмӣ пешниҳод ва баъд, мониторинги иҷрои он гузаронида мешавад.

Дастурҳои инноватсионӣ дар соҳаи таҳсилот дар Русия вуҷуд надоранд. Дар ин ҷо танҳо «Дастури миллии таҳсилот дар Федератсияи Русия» вуҷуд дорад. Дастури мазкур то соли 2025-ро дар бар мегирад. Вале дар он масъалаҳои инноватсионии ба таҳсилот дахлдошта ба таври аниқ ва мушаххас нишон дода нашудааст.

Дастурҳои инноватсионӣ то як дараҷа дар «Консепсияи замонавикунонии таҳсилоти Русия дар давраи то солҳои 2010»-ро, ки дар он талаботҳои нави иҷтимоии давр барои таҳсилот муайян шудаанд, адо мекунад.

Масалан, образи одами маълумотдор ҳамчун намуна интихоб шудааст: «Ба ҷамъияти рушдкунанда одамони бомаълумот, бомаърифат, дорои маънавиёти баланд ва кордон лозиманд, одамоне, ки дар шароитҳои зиндагӣ мустақилона қарорҳои дахлдор қабул карда метавонанд ва натиҷаҳои онро хуб медонанд, ба ҳамкориҳо қоиманд, фаъолу эҷодкор буда, масъулиятшинос мебошанд».

Мухторова Гавҳар Ғаффоровна, номзади илми педагогика, дотсенти кафедраи технология, нақшакашӣ ва дизайни факултети технологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj