• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ИДОМАИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ОМӮЗГОРОН ДАР БЕЛАРУС

Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, тибқи нақшаи Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ дар даври дуюм устодони донишгоҳ, деканони факултетҳои физика ва технологияву соҳибкорӣ Назруллоев А.С. ва Ширинов М.С. ҷиҳати таҷрибаомузӣ дар Донишгоҳи давлатии педагогии Беларус ба номи М. Танка, дар ҳудуди ин кишвар қарор доранд. Тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда онҳо таҷрибаи ҳамкасбони белорусиро омӯхта, дар ин баробар талаботи мансуб фаъолияти роҳбарони муассисаи таълимиро азхуд намуда истодаанд. Онҳо тариқи суҳбати телефонӣ изҳор намуданд, ки аз раванди таҷрибаомӯзӣ қаноатманд буда, инчунин тавассути дарсҳои кушод бо донишҷӯён дар муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз саҳми хешро гузошта истодаанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj