• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-СИПАРИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ

Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон мебошад. Он ҳамчун ҳодисаи фараҳбахшу ғайриодӣ дар ҷамъияти инсонӣ падид омада, рушд кардааст. Ҳар гоҳ ҷомеа рӯ ба рушд оварад, забон низ рушд мекунад ва такомул меёбад. Баръакс, агар ҳар ҷомеаи соҳибзабон рӯ ба пастиву таназзул орад, забонаш ҳам ба ин ҳол гирифтор мешавад.

Забони тоҷикӣ аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, дар тули таърихи ҳазору ансолаи худ чандин марҳалаи рушдро аз сар гузаронидааст. Дар ин миён вобаста ба ҳаводиси таърихӣ аз таназзулу коҳиш низ бархӯрдор гаштааст.

Ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ, ҳуҷуми арабҳо, ҳуҷуми туркҳои бодиянишин ва шикасти давлати Сомониён, ҳуҷуми муғулҳо, ҳуҷуми шайбониҳо, ҳуҷуми аштархониҳо, ҳуҷуми манғитиҳо ва ғайра ба бинои муҳташами миллати мо-забон, ки асоси фарҳангу тамаддуни ҳамаи ориёиҳост, зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар натиҷаи ин ҳуҷумҳо қадимтарин миллатҳо дар мисоли Миср, Финикия, Сурия истодагарӣ карда натавониста, ҳатто баъзеашон аз байн рафтанд ва баъзеи дигар дар ҳудуди ҷуғрофиашон забону фарҳанги ғайрро пазируфтанд.

Забони тоҷикӣ ва соҳибонаш бошад, ҳамаи инро таҳаммул карда, аз тундбоди бераҳми таърих бо вуҷуди маҳдудият ва маҳрумиятҳои зиёд берун шуда, аз нав эҳё гаштааст.

Пас аз пош хурдани империяи бузурги Сомониён ягона силоҳ ва ҳамзамон сипаре, ки сабаби аз нестшавӣ эмин мондани миллати мо шудааст, забонамон мебошад.

Таърихшиноси маъруф, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ бар ин назар аст, ки “баъди хонадони Сомониён мо тоҷикон ҳаргиз бедавлат набудаем”, хеле ба маврид мебошад. Зеро давлатҳои хурде, ба мисли Оли Ғурия дар Фирӯзкӯҳи Хуросон ва Оли Хуҷанд дар Исфаҳон ва ғайра ба ин далели хуб аст. Аммо он ҳашамату бузургие, ки Оли Сомон дошт, ин давлатҳо ҳаргиз надоштанд.

Хизмати арзишманди сулолаи Сомониён хеле зиёд аст. Бузургтарину намоёнтарини он эҳтиром ба забону фарҳанги худӣ ва рушду тавсеаи бемайлони он арзёбӣ мешавад. Маҳз дар замони ҳукумати ин хонадони муътабар, ташаккули халқияти тоҷик ба анҷом расид ва забони тоҷикӣ ҳамаҷониба рушд кард ва ташаккул ёфту дар тамоми соҳоти ҳаёти ҷамъият раҳандозӣ гардида, бо шевогӣ узубат ва равонии худ маъвои дили ҳамагон шуд. Шоирону нависандагон ва олимони замон аз иқдомоти амирони худ истиқбол намуда, дар ин замина садҳо китоби илмиву адабӣ эҷод кардаанд, ки ҳамагӣ аз пешрафт ва гулгулшукуфии забон, фарҳанг ва тамаддуни мо дар ин асри тиллоӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин боис шуда, ки давлатҳои туркнажоди пас аз Сомониён ба сари қудрат омада, забони тоҷикиро дар сатҳи давлатии худ нигоҳ доштанд. Гузашта аз ин, онҳо, ки резачини хони Сомониён буданд, тамоми расму анъаноти тоҷикиро дар давлатдории худ истифода кардаанд. Аз ин рӯ, бедавлат набудани мо баробари чанд давлати хурд, ки номҳояшон дар боло зикр шуд, ба пойдории забонамон дар давлатҳои ғайр сахт вобаста мебошад. Вақте ки хотираҳои амир Олимхон-охирин амири сулолаи манғития, ки асли туркӣ-ӯзбекӣ дорад, варақ мезанед, дар ҳайрат мемонед, ки вай ин қадар забони тоҷикиро хуб медонистааст. Пас маълум мешавад, ки дар тамоми тули таърихи бедавлати мутамарказ будани мо забони қудратманду шевоямон мавриди истифода будааст ва аз ҷониби соҳибонаш ҳамвора ғамхорӣ дидааст. Соҳибзабонони бошарафи мо бар ивази ҷон ҳам бошад, ба муқобили нотавонбинони худ мубориза бурда, дар ҳифзи ин ҳуҷҷати ғайриодӣ ва беназири миллат ҳеҷ гоҳ ғолибиятро аз даст надодаанд. Дар ин миён, номи миллёнҳо шахсиятҳои фарҳангию сиёсиро метавон зикр кард, ки барои ному нишони тоҷикон-забони тоҷикӣ шабонарӯз заҳмат кашида, осори арзишмандеро дар тамоми соҳаҳо аз худ ба мерос гузошта, номашонро дар сафаҳоти таърихи миллат ба хатти зарин ҷовидона сабт кардаанд. Дар олами адаб аз устод Рӯдакӣ то устод Айниву Турсунзодаю пайравонашон; дар олами илм Муҳаммад Ғазолӣ, Аҳмади Ғазолӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Насируддини Тӯсӣ, Хайём то кунун; дар олами сиёсат аз амирони сомонӣ то Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати бедареғ кардаанд. Ин ҷараён бояд идома ёбад. Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳаввулоти азими фарҳангию техникӣ рӯ ба рӯст, метавонад ба тамоми соҳоти зербиноии ин ё он миллат таъсири мусбӣ ва манфии худро расонад.

Бо қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли 1989 ва баъдан дар таҳрири нав қабул гаштани он таҳти унвони Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри 2009 марҳалаи ҷадиди рушди забони тоҷикӣ ба миён оварда шуд, ки дар амалӣ шудани ин марҳалаи таърихии забон ҳамаи аҳли зиё саҳиманд ва саҳму нақши Пешвои миллат калидист. Дар тули 31-соли истиқлолият бо ташаббус ва ибтикороти ин абармарди таърих ва дастгириву ҳамовозии халқи барӯманди тоҷик хотираи таърихии миллат дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла забон, адабиёт, сиёсат, давлатдорӣ, дину мазҳаб, фарҳанг, меъморӣ, барқарор гардид. Дар ин давра, иду ҷашнҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ қайд карда шуданд. Аз ҷумла, 1100-солагии давлати Сомониён, 1000-солагии «Шоҳнома», 1150-солагии устод Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно, 1310-солагии Имоми Аъзам, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ эълон ва таҷлили аз «Рӯзи Рӯдакӣ», «Рӯзи Мавлоно», «Рӯзи забони давлатӣ» ва ғайра мебошад, ки дар тамоми таърихи тоҷикон чунин ибтикорот рӯйи кор наомадааст. Бо ин ҳама, Пешвои миллат забони тоҷикиро аз гуфтугӯи хонаводагӣ ба минбари баланди сиёсати давлатӣ бароварданд ва аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо лафзи шевои тоҷикӣ баромад намуда, тоҷику тоҷикистониёнро ба оламиён шиносонданд. Дар лобалои ҷаҳонишавӣ мо бояд сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати худро дастгирӣ намоем ва дар атрофашон муттаҳид бошем ва меҳри забондониву тоҷикона сухан гуфтанро аз Пешвои хеш биомӯзему пайравашон шавем. Ин аст, яке аз роҳҳои ҳифзи забони давлатӣ дар равандҳои инкишофи ҷаҳонишавӣ.

Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким:

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

 

Шоев Абдуҳамид Абдунабиевич, номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлтаии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj