• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ВАЗЪИ ИЛМИ ХИМИЯ ВА ТАДРИСИ ОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегардад.

Ҷавҳари сиёсати давлатро дар соҳаи маориф масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ба шароити нави муносибатҳои бозаргонӣ рақобатпазир ва ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳанд.

Чуноне ки маълум аст, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб ба раванд ва низоми таълим, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зич алоқаманд мебошад.

Бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тарақиёти илми муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва вобаста ба ин, пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.

Пеш аз ҳама, бояд қайд намуд, ки химия - як қисми махсуси илми табиатшиносӣ мебошад, ки аз дигар фанҳои табиатшиносӣ - физика, биология, география фарқ дорад. Агар дар физика барои омӯхтан ва тавсифи объект, донистани якчанд қонунҳо кифоя бошанд. Химия миқдори зиёди маводи воқеиро дар бар мегирад, ки онҳоро пайи ҳам дар як қатор мондан ғайриимкон мебошад. Хосияти моддаҳои химиявӣ ба омилҳои гуногун вобаста мебошанд. Ягона омил ё принсипе, ки ҳамаи моддаҳои химиявӣ ба он пурра итоат намоянд вуҷуд надорад. Ин бештар дар хосиятҳои биологӣ ва физиологии моддаҳои химиявӣ зоҳир мегардад.

Масалан, спирти этилро ҳамчун нӯшокӣ истифода менамоянд, вале спирти метил заҳри қотил мебошад.

Чунин ҳодиса дар байни пайвастаҳои химиявие, ки дорои изомерҳои оптикӣ мебошанд, бештар мушоҳида карда мешавад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мутаассифона, имрӯзҳо ихтисоси химия ба ихтисосҳои бозоргир табдил наёфтааст, хонандагон ба ин ихтисос таваҷҷуҳи зиёд надоранд. Дар ҷумҳурии мо, асосан, химияро на барои мутахассиси соҳаи химия шудан чуқур мехонанд, балки барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба дигар ихтисосҳо. Пӯшида нест, ки аксарияти дохилшавандагони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, барои пурра аз худ намудани барномаи таълимии химия дар литсею гимназияҳои овозадор таҳсил мекунанд ва аз устодони варзидаи соҳа дарси иловагӣ мегиранд.

Вале дохилшавандагони ихтисосҳои химиявӣ чунин саъйу кӯшиш надоранд ва аз имкониятҳои мавҷуда истифода намекунанд. Далели равшан он аст, ки донишҷӯйи курси якуми Донишгоҳи тиббӣ борҳо дар олимпиадаи донишҷӯёни ҷумҳурӣ аз фанни химия соҳиби ҷойи якум гардиданду, донишҷӯйи курсҳои панҷуми факултетҳои химияи Донишоҳи миллӣ ё Донишгоҳи омузгорӣ ба онҳо баробар шуда натавонистаанд.

Химияро фақат хонандагоне дӯст медоранд ва ё мехоҳанд хуб омӯзанд, ки онро муъҷизавор дӯст доштаанд. Аз ҳамин сабаб, дар байни он миқдори ками касоне, ки химияро ҳамчун касб интихоб мекунанду ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ (Россия, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой ва ғайра) дохил мешаванд, одамони тасодуфӣ нестанд.

Шавқу рағбат надоштани хонандагон ба ихтисоси химия боиси он гардидааст, ки хатмкунандагон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои олии кишвар дониши суст нишон медиҳанд: гувоҳи ин натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ мебошад.

Аз хулосаи мутахассисони Маркази миллии тестӣ дар соли 2015 бармеояд, ки холҳои миёнаи бадастовардаи довталабон аз фани химия ташвишовар аст. Масалан, аз химия дар доираи кластери 1‑ум (фанҳои табии –техникӣ) дар ҷумҳурӣ 8236 нафар имтиҳон супориданд. Ҳиссаҳои бештари довталабон (6801 нафар) дар доираи 4– 11 хол комёб шудаанд. Дар умум, 1085 нафар холи гузариши фанниро соҳиб нашуданд.

Дар ҷумҳурӣ ягон нафар субтести химияро дар ин кластер ба пуррагӣ дуруст иҷро накардааст ва калонтарин холи бадастоварда аз 37 холи имконпазири ҳадди аксар ҳамагӣ 33 аст, ки онро ҳам танҳо 1 нафар ноил гардидааст.

Дар доираи кластери 5-ум (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) 12778 довталаб аз химия имтиҳон супориданд. Ҳиссаҳои бештари довталабон (8278 нафар) аз 5 то 12 хол гирифтаанд. Дар умум, 1465 нафар холи гузариши фанниро соҳиб нашуданд. Танҳо 2 нафар субтести химияро дар кластери 5‑ум ба пуррагӣ дуруст иҷро карда, 37 холи имконпазири ҳадди аксарро ба даст овардаанд. Натиҷа нишон медиҳад, ки миқдори ками довталабон аз 18 хол зиёд гирифтаанд.

Сабабҳои асосии чунин вазъият инҳо мебошанд:

1. Яке аз сабабҳои кам таваҷҷуҳ доштани хонандагон ба фанни химия ин миқдори зиёди маводҳои мантиқан бо ҳам кам алоқаманди химиявӣ мебошанд, ки аз номукаммалии сохтор, мазмун ва мундариҷаи таълими химия гувоҳӣ медиҳад. Ин мушкилот на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ мебошад.

2. Дар ҷумҳурӣ таблиғи донишҳои химиявӣ дар байни аҳолӣ ва алалхусус дар байни ҷавонон хуб ба роҳ монда нашудааст. Масалан, дар қатори идҳои касбӣ «Рӯзи химикон» дохил гардидааст, вале он дар доираи хеле танги мутахассисон ва корхонаҳои алоҳида қайд карда мешавад, аз он ҷомеа ва ҷавонону хонандагон қариб, ки бехабар мемонанд. Ҳол он ки дар Россия рӯзи химикон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мешавад, дар ШМА бошад, на рӯзи химикон, балки ҳамасола «Ҳафтаи химия» гузаронида мешавад. Дар Донишгоҳи миллӣ ташкил ва гузаронидани «Хонишҳои Абӯалӣ ибни Сино ва дар Институти химияи АИ ҶТ ба номи В.И. Никитин «Хонишҳои Нуъмоновӣ) аз тадбирҳои хеле хуб мебошанд, вале онҳо ҳам фақат дар доираи мутахассисон гузаронида мешаванд. Агар ҳамаи ин чорабиниҳо ба самти бедор кардани завқи ҷавонону хонандагон ба илми химия равона карда шавад, беҳтар мешуд.

Зарурияти чунин чорабиниҳо, пеш аз хама, аз он бармеояд, ки имрӯзҳо мардуми сайёра ба «Хемофобия» -воҳимаи химиявӣ дучор омадааст, ки он ба якчанд омилҳо вобастагӣ дорад. Аз ҷумла: ин таркишҳои хурду калон дар корхонаю заводҳо, амалиётҳои терористӣ бо истифода аз маводҳои таркандаи химиявӣ, дар муноқишаю ҷангҳо истифода бурдани яроқҳои химиявӣ, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи моддаҳои тарканда, заҳрнок ва зуддаргиранда.

3. Миқдори ками соатҳои дар нақшаҳои таълимӣ барои омӯхтани фанни химия дар мактаб. Чуноне ки мебинем, дар байни илмҳои табиӣ-риёзӣ (Математика, физика, химия ва биология) барои омӯзиши химия аз ҳама кам соати таълимӣ ҷудо карда шудааст. Миқдори соатҳои якҳафтаинаи таълими фанни химия барои ҳамаи синфҳо аз 8 то 10 соатро дар бар мегирад, ки ин нисбати биология ду маротиба, нисбати матемаика панҷ маротиба ва нисбати физика 1,5 маротиба камтар мебошад. Дар ҳоле ки химия предмети амалӣ мебошад. Химия моро мепӯшонад, мехӯронад, табобат мекунад, ҳосилнокии маҳсулоти хоҷагии қишлоқро зиёд мекунад, тамоми ресурсҳои энергетикӣ – об, ангишт ва нефт маводҳои химиявӣ мебошанд, моддаҳои мухадир ва маводҳои тарканда, ки дар дасти терористону наркоҷалобон мавҷуд буда низ пайвастаҳои химиявӣ мебошанд. Яъне як самти пешрафти ҷомеа ба тадқиқотҳои химиявӣ вобаста мебошанд.

4. Боз як далели дигарро қайд кардан ба маврид аст, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ химия фақат дар ду кластер- кластери 1‑ум (фаннҳои табиӣ –техникӣ) ва кластери 5-ум (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) дохил карда шудаасту халос, ки боиси пастшавии савияи дониши хатмкунандагон аз химия мегардад.

5. Хуб мешуд, ки омӯзиши химияро мисли пештара аз синфи 7 сар кунем. Дар бисёр кишварҳои ҳамсоя (Ӯзбекистон, Туркменистон ва ғайра) омӯзиши фанни химияро аз сини 7 сар мекунанд.

6. Китобҳои дарсӣ бояд таҷдиди назар шаванд. Имрӯзҳо манбаъҳои илмии зиёд мавҷуд ҳастанд. Муаллими босалоҳият метавонад, аз интернет ва дигар воситаҳои ахборӣ васеъ истифода намояд. Масалан, дар маҷаллаи «Потенсиал. Химия. Биология. Медитсина» масъалаҳои олимпиадавӣ ва ҳаллӣ онҳоро пешниҳод менамоянд. Мутаассифона, дар мо муаллимоне, ки ҳамаи инро қобилияти акумулиатсия карданро дошта бошанд, хеле кам мебошанд. Чунин муаллимон ангуштшуморанд, ки онҳоро ҳама мешиносанд (масалан, АзизовА., ИброҳимовҲ., Манонов А., Тошев, Ҳасанов М. ва дигарон). Дар атрофи онҳо мисли кластерҳо дигарҳо ҷамъ мебошанд.

Бояд дар атрофи муаллимони навовар, касбӣ ва кордон системаи давлатии омӯзиши таҷрибаи пешқадам ташкил карда шавад. Вақте, ки устои касбӣ пайдо мешавад, онро дар мобайн гузоштан даркор, ӯро ба дигарон нишон додан лозим, аз таҷрибайи ӯ самаранок истифода кардан даркор аст.

7. Кам будани соатҳои таълимии фанни химия ба камшавии маош оварда расондааст. Ин дар навбати худ боиси аз кор рафтани аксари муаллимони фаъол мебошад. Дар айни замон ҷавонон пас аз хатми донишгоҳҳои омӯзгорӣ аз рӯйи касб ба кор намераванд. Ин дар навбати худ боиси он гаштааст, ки дар байни муаллимони химия фоизи нафақагирон зиёд мебошанд.

8. Яке аз сабабҳои паст шудани маълумоти химиявӣ дар мактаб ин қариб аз байн рафтани вазифаҳои мустақилонаи хонагӣ мебошанд. Ба муаллимони химия барои тафтиши дафтарҳои хонагӣ музд муайян нашудааст, аз ин сабаб муаллимон вазифаҳои мустақилонаи хонагӣ намедиҳанд ва дафтарҳои онҳоро тафтиш ҳам намекунанд.

9. Имрӯзҳо химия бештар ба предмети буру доскагӣ мубаддал гаштааст, аз таълими он эксперимент қариб, ки гумм шудааст. Бештар ин ба он вобаста мебошад, ки дар кабинетҳои химияи мактабӣ воҳиди лаборант ихтисос шудааст. Дар аксари мактабҳо корҳои мустақилонаи амалӣ аз ҷониби хонандагон ва таҷрибаҳои намоиши (демонстратсионӣ) аз ҷониби муаллимон, умуман, гузаронида намешаванд. Ҳол он ки яке аз талаботҳои стандартии омӯзиши фанни химия ин қобилияти бо маводҳои химиявӣ муносибати босаводона карда тавонистан ва маҳорати эксперименталӣ ҳосил кардани хонандагон мебошад.

10. Набудани маводҳои химиявӣ барои ҷалб кардани хонандагон ба озмоишҳои берун аз синфӣ, гузаронидани маҳфилҳои химиявӣ ва корҳои эксперименталӣ имконият намедиҳад. Дар навбати худ боиси он мегардад, ки хонандагон қобилияти «ҳисси моддаро» гумм мекунанд. Дар маҳфилҳои химиявӣ ба ҷойи корҳои эксперименталӣ викторинаҳо, консертҳои тематикӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд. Дар баъзе мактабҳои дигар маҳфилҳо оид ба ҳалли масъалаҳо ташкил карда шудаанд.

11. Аз номгӯи маводҳои химияие, ки дар макабҳо мавҷуд буданду хонандагон бо онҳо таҷриба мегузарониданд, бештари моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ бароварда шудаанд. Ин дар ҳоле, ки 10-15 сол пеш дар кабинетҳои химияи мактабӣ онҳо мавҷуд буданд ва хонандагон бо онҳо таҷриба мегузарониданд. Барои мо ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, то ҳол ченаки асосӣ ин қоидаю қонунҳои Федератсияи Россия мебошанд. Агар чунин бошад, минбаъд сарфу харҷи кислотаҳои сулфат ва хлорид, инчунин атсетон ва фосфори сурх таҳти назорати кормандони корҳои дохилӣ қарор мегирад, боз як мушкилии дигарро дар роҳи омӯзиши фанни химия ва тадқиқотҳои илмӣ аз химия ба вуҷуд мeорад.

12. Ба тадрис ва омӯзиши фанни химия, арзёбии тести дониши хонандагон низ таъсири манфӣ мерасонад. Комплекти вазифаҳои тестие, ки ба хонандагон пешниҳод карда мешаванд, аз хатогиҳо холӣ нестанд.

13. Паст рафтани таваҷҷуҳи ҷавонон ба фанни химия на танҳо ба сатҳи таълими он вобаста мебошад, инчунин ба паст будани маоши кормандони соҳаҳои истеҳсолии химиявӣ, институтҳои илмӣ-тадқиқотии сохтори Академияи фанҳо ва донишгоҳҳо низ вобаста мебошад. Бештари хатмкунандагони болаёқати ихтисосҳои химиявӣ аз ин сабаб ба дигар корҳо шуғл меварзанд, ё ба хориҷи кишвар мераванд.

Дар даҳсолаҳои наздик, барои рушди бемайлони ҳар як давлат (аз он ҷумла, Тоҷикистон) таъмин кардани дараҷаи баланди таълими химия дар мактаб, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ба истеҳсолот ҷалб кардани хатмкунандагони болаёқати ихтисосҳои химиявӣ мебошад.

14. Дар таълиму тарбия масъалаҳои умумӣ низ вуҷуд доранд, ба ҳама дахл доранд:

- хонандагон тағийр ёфтаанд, вале барои ин «кӯдакони компютерӣ» тавсияҳои дидактикӣ хеле кам мебошанд.

- супоришдиҳандагони таълиму тарбия – давлат, ҷамъият, падару модарон – аниқ муайян накардаанд, ки чӣ мехоҳанд, аз хонандагон чиро интизоранд, тамоюлҳои ташаккулли тамаддуни ҷаҳонӣ кадомҳоянд ва вобаста ба ин шахси ташаккулёфтаи насли оянда бояд чи гуна бошад.

- дониши сусти хатмкунандагони донишгоҳ ва донишкадаҳои омӯзгорӣ. Пӯшида нест, ки ба донишгоҳҳои омӯзгорӣ, асосан, довталабони сустхон дохил мешаванд. Бинобар ин, масъалаи роҳҳо ва тарзи такмили ихтисоси мутахассисони ҷавонро омӯхтан лозим аст.

- хонандагоне, ки аз синфҳои ибтидои ба синфҳои болоӣ меоянд аз ӯҳдаи иҷрои оддитарин амалиётҳои мантиқӣ намебароянд, дар онҳо мативатсия дида намешавад, хотираашон ташаккул наёфтааст. Аз ин сабаб, омӯхтани илми зебои мантиқии химия ба «тӯтивор ёд кардан» табдил ёфтааст. Дар ин ҷода мо ба дастгирии мутахассисони илмҳои педагогӣ-психологӣ ниёз дорем.

Бинобар ин, дар маҷмУъ, ба фикрам системаи мактабии мо он қадар бад нест ва агар баъзе камбудиҳои ҷузъиро мо якҷоя ҳаллу фасл намоем, омӯзиши фанни химия беҳтар мешавад.

 

Бандаев С.Г., профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj