• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

САҲМИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА ДАР РОҲИ МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуда буданд: “Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касабаи кишвар низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти иштирок дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифаю салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монанд”.

Албатта, Иттифоқҳои касабаи кишвар ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадор аст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд. Аз ҷумла, Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ дар кори ба низомории сулҳу салоҳи зиддияти миёни тоҷикон, мустаҳкам намудани  ягонагӣ ва ҳамраъйӣ дар мубориза  баҳри  манфиатҳои муҳими меҳнаткашон мавқеи конструктивиро ишғол мекард.  Дар ҳолати ниҳоят тезутундшавии заддияти мусаллаҳона дар  мамлакат Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ бегона ва мушоҳидачии воқеаҳо набуд. Ин ниҳод  бо Президент, парлумон, ҳукумат, партияҳои сиёсӣ ва ба ҳамаи аъзоёни иттифоқи касаба бо таклифу пешниҳодҳо муроҷиат намуда, ба ҳарчӣ бештар муътадилшавии вазъи баамаломада, барҳам задани муқобилият, ҳаллу фасли ҳамаи баҳсҳои сиёсиро бо роҳи гуфтугӯи усули пешқадам даъват мекард.

Далели ин ҳама муроҷианомаи Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба ҳамаи аъзоёни иттифоқҳои касаба  аз 12 декабри соли 1992  мебошад, ки дар он чунин  омадааст:

«Имрӯз ҷумҳурии азизи мо дар вазъияти ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсӣ қарор дорад. Табдилшавии он ба  гирдоби  марги  зиддиятҳои  гуногун  ва иқтисодиёти бе ин ҳам заиф гардида,  ба майдони нестӣ овард.

Таназзули истеҳсолот ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифт, системаи молиявӣ ва истеҳсолиро сахт маҷрӯҳ сохт, устувории бозори истеъмолро сахт маҷрӯҳ сохт, устувории бозори истеъмолиро бенизом гардонид, хӯрока намерасад, заводҳо аз кор монданд, аҳли меҳнат бе маош монд, объектҳои гуногуну асосии хоҷагии халқ, колхозу совхозҳо хароб шуданд, шумораи бекорон зиёд гардида, муҳоҷирони ҷумҳурӣ дар ҳолати ногувор монданд”.

Аъзои Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ имзо гардидани Созишномаи оштии миллӣ  оиди барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро, ки дар таърихи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба вуқӯъ пайваст, бо шодию ифтихор ва қаноатмандӣ пазируфтанд.

Моҳи декабри соли 1997 раёсати Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касаба дар бораи дохилшавӣ ба ҳаракати ваҳдати миллӣ ва Тоҷикистони навин, ки муттаҳидии табақаҳои гуногуни иҷтимоиро барои оромии шаҳрвандон, боварии ҳамдигарӣ ва муросои миллӣ равона гардидааст, қарори махсус қабул кард.

Рафти сулҳу салоҳро дар мамлакат мунтазам дастгирӣ намуда, Шурои Федератсияи иттифоқҳои  касаба яке аз аввалинҳо шуда Шартномаи ризоияти ҷамъиятиро, ки  ташаббускори он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, имзо кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ба роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 24 октябри соли 2019 барпо гардид, таъкид доштанд, ки «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ анҷом диҳанд.»

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон саҳми худро дар мустаҳкам намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба таври қавӣ гузоштаанд.  Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳро мустаҳкам мекард, ин  ба Ватан  бозгардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ  буд, ки соли 1993  теъдоди онҳо  ба 800 ҳазор нафар мерасид.

Бо ташаббуси  Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳ мусоидат намуданд.

Дар ин бобат қабули қонунҳои афв, марбут ба матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, дар бораи озодии виҷдон ва амсоли инҳо дар ин бора  шаҳодат медоданд. Хусусан, таъсиси гуфтори  «Хоки Ватан»-и  Радиои тоҷик хизмати босазо кард. Дар роҳи таъмини якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ ва умуман якдигарфаҳмӣ  «Аҳдномаи ризоияти  ҷомеаи  Тоҷикистон»,  ки  бештар аз 50 ҳизбу созмон имзои худро гузоштанд, мавқеи мусбӣ бозид.

Дар ин самт нақши иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба назар мерасид.  Ҳамаи ин тадбирҳо роҳи сулҳро пойдор намуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам намуд.  Ҳоло Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва сохторҳои он дар мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ кушишҳои зиёде карда истодааст.

Иттифоқҳои касаба фаъолияташро дар чорчӯбаи ҷиддии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ ҳаллу фасл менамояд ва дар ин васила вазифаҳои худро бо масъулият барои ваҳдати миллӣ хуб дарк мекунад.

 

Адабиёт

1.  С.Раджабов.,  М. Шукуров   Профсоюзы Советского  Таджикистана. Душанбе: Ирфон, 1987.

2.  А.Холов., С. Машидов, 80 сол бо аҳли меҳнат – Душанбе, 2006.

3.  Э. Раҳмон  «Тоҷикон дар оинаи таърих.»- душанбе, 1997.

4.  Р.Набиева., Ф. Зикриёев, Таърихи халқи тоҷик.- Душанбе, 2001.

5.  Ҳотамов Н.Б., Довуди  Д., Муллоҷонов С., Исматов М.  Таърихи халқи тоҷик.  – Душанбе, 2011.

Шарипов Маликшо Бобоназарович, номзади илмҳои таърих,дотсенти кафедраи  таърихи халқи тоҷик

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj