• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

РУШДУ ТАВСЕАИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ - ОМИЛИ ТАҲКИМЁБИИ МАВҚЕИ ДОНИШГОҲ

(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022  ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа гардид, тамоми масъалаҳои мубрами ҷомеа мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, рушди соҳаи маориф, таваҷҷуҳ ба омӯзгор ба сифати фурӯзандаи маърифати ҷомеа, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, пайвастагии илму истеҳсолот, истифодаи воситаҳои инноватсионӣ дар раванди таълим ва амсоли инҳо аз масъалаҳои меҳварии Паём қарор гирифтанд, ки таваҷҷуҳи пайваста ба масоили зикршуда боиси такони ҷиддӣ дар соҳаи маориф хоҳад шуд. Тавре Пешвои муаззами миллат  таъкид намуданд, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Масъалаи дигари мубрам, ки дар Паёми имсола таъкид гардид, ин ташаккули тафаккури эҷодии ҷомеа аст. Ин масъала низ ба мактабу маориф  сахт марбут буда,  муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ вазифадор гардиданд, ки  бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллии кишвар саҳми боризтар гузоранд. Аз ин лиҳоз, амалӣ гардидани барномаи «Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  ва баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» таҳриккунандаи қобилиятҳои зеҳнии насли наврасу ҷавон буда, сатҳи маърифати ҷомеаро тақвияту тавсеа медиҳад ва инчунин, дар рушди тафаккуру фарҳанги техникӣ мусоидат менамояд.

Рушди робитаҳои илмиву таълимӣ бо мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон самти дигари  ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Лозим ба қайд аст, ки  омӯзиши таҷрибаи ғании мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи таълиму тарбия дар ҷодаи роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва ба таври васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ аз шумули омилҳои асосии пешрафт маҳсуб ёфта, бидуни онҳо ба комёбиҳои назаррас ноил шудан амри маҳол аст.

Нуктаи дигари назаррас дар самти рушди робитаҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ он аст, ки дар Паёми имсола сохторҳои марбута вазифадор гардиданд, ки вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур намоянд. Ба фикри мо, ин пешниҳоди тоза саривақтӣ буда, барои густариши ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар роҳи васеъро боз менамояд.

Дар заминаи тавсеаи равобити байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи донишгоҳ ҷиҳати иштироки устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ  ва байналмилалӣ садорати факултет  пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Дар соли 2022 ассистенти кафедраи забонҳои Шарқ Шаҳзодаи Маҳмадлатиф дар озмуни муаллими сол аз фанни забони хитоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Институти Конфутсийи назди ДМТ ташкил гардида буд,  сазовори ҷои аввал гардид. Факултети мазкур бо Донишгоҳи Чонбуки шаҳри Шонҷуи Кореяи Ҷанубӣ ҳамкории тарафайн дошта, тибқи созишномаи байни ин донишгоҳ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамасола донишҷӯёни факултет ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол  барои таҳсил ба Кореяи Ҷанубӣ  сафарбар карда мешаванд. Дар айни замон ду нафар омӯзгорони ҷавони факултет ба тариқи фосилавӣ дар зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳсил доранд. Боиси ифтихор аст, ки  соли 2022 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ  бо ҷалби мутахассисон аз Фаронса 7 нафар омӯзгорони факултет аз такмили ихтисоси кӯтоҳмуддат гузашта, соҳиби сертификат гардиданд. Ба замми  ин,  як нафар омӯзгори факултет  дар шаҳри Парижи Фаронса такмили ихтисоси думоҳаро сипарӣ намуд. Дар ин баробар, омӯзгорони факултетҳои болозикр  бо чанде аз омӯзгорони кишварҳои ИДМ ва Амрикову Ғарб ҳамкории зичи илмӣ дошта, якчанд олимони машҳури хориҷӣ дар доираи табодули афкори илмӣ ба дастури таълимӣ ва  китобҳои устодони донишгоҳи мо ҳам тақриз навиштаанд.

Ҷиҳати зикри ташаббусҳои беҳтарини раёсати ДДОТ ба номи Садриддин  Айнӣ метавон ин нуктаро қайд намуд, ки  бобати ҷалби хатмкунандагони зинаҳои бакалавриат ва магистратура ихтисосҳои муштарак таъсис дода шуда, бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дар ин бора қарордод баста шудааст. Айни замон бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулла тибқи ихтисосҳои педагогика ва психология дар зинаи магистратура ихтисоси муштарак амалӣ гардида, чунин созишнома бо Донишгоҳи федералии Сибир дар асоси ихтисоси экология ба тасвиб расид. Яъне тибқи созишномаҳои ҳамкорӣ хатмкунандагони зинаи магистратура ба гирифтани ду диплом мушарраф гардида, дар муассисаи базавӣ фаъолият хоҳанд намуд.

Лоиқ ба зикр аст, ки барои баланд бардоштани малакаву дониш ва табодули  таҷрибаи пешқадам бо муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафта 18 нафар устодони донишгоҳ барои иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо, семинару вохуриҳо ба як қатор  кишварҳо   сафарбар гардиданд, ки дар ин миён 4-нафар дар Ҷумҳурии Узбекистон, 2-нафар дар Ҷумҳурии Қазоқистон, 5-нафар дар Федератсияи Россия ва 7-нафар дар Ҷумҳурии Белорусия ин имтиҳонро сипарӣ карданд. Чӣ тавре ки аз нақшаҳои муносиботи байналмилалӣ маълум аст, анъанаи мазкур идома дорад.

Вобаста ба баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯёни донишгоҳ анъанаи ҷалби омӯзгорони соҳибзабон идома дошта, дар айни ҳол донишгоҳ бо 7-нафар омӯзгорони хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст, ки аз ҷумлаи онҳо  2-нафар аз Ҷумҳурии Халқии Чин, 3-нафар аз Ҷумҳурии Корея, 1-нафар аз Ҷумҳурии Фаронса ва 1-нафар аз Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ба донишҷӯёни мо дарс мегӯянд.

Дар доираи созишномаҳои баимзорасида ҳамасола донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории пойтахт барои таҳсил ба муддати 6-моҳ ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорусия фиристонида мешаванд, ки тибқи қарордоди муайян имсол 7-нафар донишҷӯёни мо ба ин кишвар сафарбар  шуданд.

Маълумоте, ки мо дар мақолаи хеш зикр кардем, аз рушду тавсеаи самти робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шаҳодат медиҳад. Дар маҷмуъ ин ибтикорот бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар ба хотири андӯхтани таҷрибаи пешқадам, пайванди илму истеҳсолот ва истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар  нақши меҳварӣ доштанд, роҳандозӣ шудааст.

Дар ниҳояти сухан ин нуктаро мехоҳем қайд намоем, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст дар соли 2023 ва минбаъд ҳам доираи робитаҳои хориҷӣ ва байналмилалии худро бо донишгоҳҳои машҳури хориҷи кишвар васеъ намуда, бо баргузор кардани як идда семинарҳои байналмилалӣ, ҳамоишҳои илмии минтақавӣ, семинарҳои тариқи онлайн бо ширкати олимони донишгоҳҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар рушди илму таълим саҳм гузорад.

Қурбонзода Рухшона, муовини ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба робитаҳои байналмиллалӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj