• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тибқи ривоёти динӣ дар ибтидо худованд мардро офарид ва сипас ҷуфти ӯ – занро халқ намуд. Аз ҳамон оғоз ӯ чун ҷуфти вафодор, дар гармову сармо, фақру сарват ва хуллас дар ҳама ҳолати ҳаёт ҳамроҳ бо мард гом мегузорад. Дар ин баробар, ҳазорон сол аст, ки ин офаридаи зебои худованд ҳунармандони оламро шефтаю маҷзуби худ  қарор додааст. Зан – модар, ҳам ба ҳайси оғози ҳаёт ва ҳам идомаи ин олам пазируфт а ва шинохта шудааст. Ӯ тарбиятгар ва  мураббии аввалини инсон ба ҳисоб меравад. Зан - модар монанди боғест, ки нашъунамо ва рушду пешрафти насли башар ба вай вобаста аст. Маҳз  зан - модар аст, ки дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дустиву рафоқат, ватандӯстию меҳанпарастӣ, некиву некӯкориро мекорад, то насли наврас дар оянда ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору меҳмондӯст ба камол расад. Соҳибсухане фармудааст:

Хуршеди ҳаёти бахти тифлон модар,

Сабзандаи басе ниҳоли армон модар.

Аз гиряи тифли хостаяш хоб куҷо?

Бедордилу муқаддасимон модар.

Вобаста ба он, ки дар арафаи ҷашни модарон қарор дорем, лозим ба зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба нақши зан – модар дар ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир карда, мақоми ӯро дар ҷомеаи муосир шоиста арзёбӣ менамоянд. Зимни суханрониҳои хеш,  Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ ба масъалаи занон ва нақши муҳими онҳо дар рушди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ ба тарзи хосса таъкид намуда, мақоми зан-модарро дар ин раванд ниҳоят арзишманд ва калидӣ муаррифӣ менамоянд. Дар ин бора аз ҷумла чунин  таъкид намудаанд: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад”.

Таърих гувоҳ аст, ки занон ва бонувони тоҷик дар тӯли таърихи ин миллати куҳанбунёд фидокориҳо намуда, дар ин баробар  бузургонеро, ба мисли  Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Ҳофизу Саъдӣ, Донишу Айниву  ҳазорон бузургони дигарро барои оламиён офаридаанд. Ҳамин ҷанба кифоя аст, ки Пешвои миллат аз мақоми зан-модари тоҷик дар арсаи ҷаҳон ифтихор дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ ба мақому манзалати зан-модар ва баланд бардоштани мавқеи ин олиҳаи зиндагӣ  аҳамияти зарурӣ зоҳир намуда, ин масъаларо дар сиёсати пешгирифтаи худ ҳачун самти афзалиятнок ва масъалаи меҳварӣ қарор додаанд. Имрӯз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, алоқа ва дигар бахшҳои иҷтимоии кишвар  мақоми асосиро ишғол мекунанд, ки 25 фоизи  хизматчиёни давлатӣ, 20 фоизи  кадрҳои роҳбарикунанда, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 47 фоизи  кормандони соҳаи фарҳангро занон ташкил медиҳанд.

Бояд ёдрас  шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат зиёда аз 11 ҳазору  500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро тибқи квотаи президентӣ хатм карда, имрӯз дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа фаъолият намуда истодаанд. Шумораи умумии хатмкардагони макотиби олӣ аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба 504 ҳазор нафар мерасад ва ҳоло бештар аз 100 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимии кишвар ба таҳсили илм машғул мебошанд.

Ҳамзамон лозим ба зикр аст, ки таҳия ва дар амал қарор додани як қатор қонунҳои кишвар бо ташаббуси роҳбари давлат рӯйи кор омада, асосан манфиатҳои  модарону бонувонро ҳимоя мекунанд. Қонунҳое, ба мисли  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва амсоли инҳо аз зумраи қавонине мебошанд, ки барои ҷомеаи имрӯз муфид будани онҳо исботи худро ёфтааст. Онҳо аз занону модарони мо ин заруратро тақозо менамояд, ки фарзандони хешро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд. Сарфаю сариштакориро риоя намоянд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд. Модарону бонувони мо бояд барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Ин сухани Пешвои оқилу доно ва дурандеши мо баҳои воқеӣ ба манзалати занон-модарон буда,  чун шоистатарин сухани рӯз метавон онро қабул намуд: “Мо бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла пайғамбари ислом  аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд”.

Пешвои муаззами миллат дар аксар вохӯрию мулоқотҳои хеш аз заҳмату талошҳои занон ва ғайрату шуҷоати онон ёдоварӣ менамоянд. Дар аксар маворид қайд менамоянд, ки зан-модари тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ҷомеа нақши бориз доштанд. Онҳо бо донишу маърифати  худ таваҷҷуҳи аҳли башарро ҷалб намуда, дар рушду равнақ ёфтани тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Заҳматҳои пайвастаи  Пешвои миллат ба он равона гардидаст, ки зан-модар ҳамчун симои созандаи ҷомеаи имрӯз шинохта шавад. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар вазъияти кунунии ҷомеа ва раванди ҷаҳонишавиро ба инобат гирифта, баҳри мусоид сохтани шароити зан-модари тоҷик  иқдомоти муҳимро роҳандозӣ намудааст. Зеро мақсад аз баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи имрӯз ин  ояндаи ҷомеаи солим, танзими оила ва муносибатҳои оилавӣ, маърифатнок намудани ҷомеаи кишвар, беҳ сохтани шароити оилаҳои камбизоат, бартараф намудани бекорӣ дар байни занон, рушди касбияти ҷавондухтарон ва ҳалли масоили амсоли инҳо мебошад.  Чун нақши зан-модар дар таълиму тарбияи фарзанд муҳим дониста шудааст, метавон ҳадс зад, ки бидуни шинохт ва тавсеаи мавқеи зан дар сиёсати имрӯза наметавон ба пешрафт ноил гардид. Аз ин рӯ, ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва ибтикору роҳнамоии ӯ боис шудааст, ки имрӯз симои зани тоҷик дар ҷомеа ҳамчун чеҳраи сиёсиву фарҳангӣ шинохта шуда, зани тоҷик дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, имрӯзҳо рисолати роҳбариро низ бар дӯш гирифтааст.

Беҳуда нест, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон бошад, дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро ҳамеша дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ менамояд. Бо ин мақсад, қарори Хукумати мамлакат дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 -2025 таҳия ва амалӣ шуда истодааст.

Ҳамин тавр, Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба масъалаи зан-модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои баланд шудани мавқеи за­н-модар талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Аз ин лиҳоз, саҳми занону бонувони бо­маърифати тоҷикро низ  дар роҳи расидан ба ҷомеаи мутамаддин ва пешбурди рушди устувори кишвар метавон лоиқи таҳсин  арзёбӣ намуд.

Ғаффорзода Ҷонона, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj