• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

БАРОИ ОЗМУНИ “ДАРСИ МУОСИР: МАҲОРАТ, МАЛАКА ВА ТАҶРИБА

УСУЛҲОИ ФАЪОЛ ВА ТАТБИҚИ ОНҲО ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди Болоня, ҳамкории торафт зичи байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот фаҳмиши амиқи  раванди омодасозии мутахассисонро талаб мекунад, ки онҳо бояд ба наздикшавии тадриҷан густурдатари халқҳои гуногун, идрок  ва пазириши гуногуншаклии олам мусоидат намоянд. Чунин мутахассисон бояд дар ҳама соҳаҳои  фаъолияти ҳаётии кишвар салоҳиятманд бошанд,  фарҳанг ва анъанаҳои онро амиқ бидонанд.

Дар замони муосир талабот нисбат ба соҳаи маориф ҳамчун самти калидии фаъолият дар пешрафти ҷомеа торафт меафзояд.Ин нукта дар асноди меъёрии соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ», дар барномаи таҳсилотии ихтисосҳо ва корҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи педагогика, психология ва методикаи таълим инъикос ёфтааст.

 

Истифодаи усулҳои фаъол дар раванди таълим як ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти таълимии омӯзгорро ташкил медиҳад [1, с.44]. Барои он ки дар раванди таълим омӯзгор усулҳои фаъол ва технологияи муосирро истифода барад, қабл аз ҳама, ба ӯ донишҳо, малакаву маҳорат ва салоҳиятҳои комплексии умумифарҳангӣ ва касбӣ заруранд. Яъне, стандартҳои имрӯза ба шахсияти омӯзгор ва қобилияту маҳорати муайяни касбӣ доштани ӯ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Қабл аз ворид шудан ба фазои таълим омӯзгор сараввал худашро меозмояд, ки дар кадом сатҳи касбӣ қарор дорад, дар кадом ҷода муваффақият ва дар кадом самтҳои фаъолият камбудиҳо дорад. Масъалаи мазкур дар низоми кредитии таҳсилот, ки ҷумҳурии мо дар арафаи шомилшавӣ ба низоми Болонии таҳсилот қарор дорад, мавқеи муҳим дошта, нисбат ба касбияти омӯзгор ва масъулият ӯ дар назди ҷомеа вазифагузорӣ кардааст.

 

Бояд қайд кард, бисёр олимон ҳамчун усулҳои фаъоли таълим технологияҳои инноватсиониро маънидод мекунанд. Аз ин рӯ, проблемаи усулҳои инноватсионӣ ба қатори яке аз баҳсноктарин проблемаҳо дар методикаи муосири таълим тааллуқ дорад. Дар асарҳои илмӣ муносибатҳои гуногун ба фаҳмиши усул ва технологияи инноватсионии педагогӣ марбут ба раванди таълим баррасӣ мегарданд. Мувофиқи таҳқиқот, технологияҳои инноватсионии педагогӣ метавонанд бо се ҷанба муаррифӣ карда шаванд: илмӣ, тартиботӣ-тавсифӣ ва тартиботӣ-таъсирӣ. Тибқи таснифе, ки Г.В. Селевко пешниҳод кардааст, дар рафти таълими таҷрибавӣ технологияҳои инноватсионии педагогӣ бо истифодаи шаклҳо ва методҳои фаъолонаи таълим  интихоб ва тафтиш карда шуданд, ки ба онҳо мутааллиқанд: методи ҳали вазифаҳои ҳолатӣ (кейс-метод), методи бозӣ, методи таълими байнифарҳангӣ, методи семинарии телекоммуникатсионӣ ва ғайра [4, с.63].

Саҳми В.П.Беспалко дар коркарди назария ва амалияи технологияи инноватсионии педагогӣ хеле калон буда, асарҳои ӯ роҷеъ ба назарияи низомҳои педагогӣ бахшида шудаанд, ки дар онҳо ба истифодаи технологияи инноватсионии педагогӣ таваққуҳи бештаре мушоҳида карда мешавад [3, с.57]. Дар даҳсолаи охир як қатор матлаби муаллифони ватанӣ ва хориҷӣ оид ба корбурди усулҳои фаъол ва технологияи инноватсионии педагогӣ ба табъ расиданд (С.Н.Алиев, В.П.Беспалко, Р.Ф.Жуков, С.Э.Негматов, М.Нугмонов, Е.С.Полат, Г.К.Селевко, Х.Г.Сайфуллоев, З.Х. Сайфуллоева ва дигарон). Технологияи инноватсионии педагогӣ ҳамчун фанни таълимӣ имрӯз дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти олӣ омӯхта мешавад.

Ба ақидаи мо, яке аз аломатҳои вижаи технологияи инноватсионии педагогӣ, ки онро аз методҳои анъанавӣ ва дигар методҳо тафовут медиҳанд, мақсадҳои ташхисӣ ва натиҷаҳои раванди таълиму тарбия мебошанд. Ғайр аз ин, боз чунин аломатҳо вуҷуд доранд: пешгӯишавандагии натиҷаҳои кор, пайдарҳамии дақиқи  амалиёт. Пайдарҳамӣ метавонад силсилавӣ, яъне тибқи давра такроршаванда бошад. Аломати дигар, ки кафолати бадастоварии натиҷаҳои дараҷаи додашуда (ё сифат) аст, таҷдидшавии ин натиҷаҳо мебошад. Хусусиятҳои номбаршуда аломати муҳимтарини ҳамгироишаванда  -  идорашавандагии раванди таълиму тарбия маҳсуб меёбанд.

Аз таҷрибаи ташкили фаъолмандии донишҷӯён дар таълим маълум мегардид, ки татбиқи методҳои фаъол дар машғулиятҳои гурӯҳӣ ё дастаҷамъона, аз ҷумла, усули кор дар даста ё гурӯҳҳои алоҳида, методи лоиҳасозӣ, ташкили саҳнаҳои театрӣ, бозиҳои нақшофарӣ, баргузор намудани мизи мудаввар, конфронси матбуот ва ғайра барои рушди шуҷоатмандии донишомӯз, барҳам задани монеаҳои психологӣ ва тарс, ба андешаи худ истодагарӣ карда исбот карда тавонистани ақидаи худ имконият фароҳам овардааст. Самарабахшии истифодаи чунин усулҳои фаъоли таълим боз бо он зоҳир мегардад, ки дар муҳассилин ҳисси масъулият, кӯмакрасонӣ ба якдигар, ҳамраъйӣ ва таҳаммулпазирӣ ривоҷ ёфта, барои ташаккули салоҳиятмандии коммуникативӣ ва касбии омӯзгорони оянда мусоидат менамояд.

Масъалаи дигари муҳиме, ки ба ташкили дарс қаробат дорад, интихоб ва истифодаи дурусти методҳои таълим мебошад. Бисёр мутахассисон дар раванди татбиқи амалияи педагогию психологӣ истилоҳи “методҳои нав” ё “усулҳои муосир”-ро истифода мебаранд, ки ба назари мо, ин ҳамон усулҳои маъмул ва анъанавие мебошанд, ки вобаста ба пешрафти ҷомеа, илм ва технологияи таълим таҷдиди назар шудаанд. Айни замон дар баробари усулҳои маъмул ҳамчун мушоҳида, суҳбат, муқоиса, озмоиш ва ғайра, ки бештар бевосита дар ҷраёни дарс амалӣ карда мешаванд, муайян намудани мақоми субъект дар ҷараёни таълим низ масъалаи муҳим арёбӣ мешавад. Дар соҳои 80-90-уми асри ХХ дар бисёр кишварҳои пешрафта истилоҳи “донишҷӯ-ҳамчун истифодабарандаи хизматрасониҳо дар таҳсилот” бештар ба кор бурда мешуданд, зеро соҳаи маориф дар бисёр мамолики ҷаҳон хусусияти комерсиалӣ ё тиҷоратӣ пайдо кардааст.

Дар замони муосир дар таҳсилот бештар ба мақоми донишҷӯ – ба рушди шахсияти ӯ диққат дода мешавад, зеро ба даст овардани дониш, малакаву маҳорат ва салоҳиятҳои касбӣ барои донишҷӯ муҳим мебошад [2, с.104], на барои омӯзгор. Бинобар ин омӯзгор дар такя бо методҳои конструктивӣ-созанда барои аз донишҷӯ тайёр намудани мутахассисе, ки донишу малака ва қобилиятҳои касбии худро дар амал татбиқ карда метавонад, муваззаф мебошад. Дар робита ба ин масъала омӯзгор аз шахсияте, ки то ин дам асосҳои донишро дар шакли комплексӣ дар МТМУ гирифтааст, мутахассиси соҳавӣ омода месозад.

Омода намудани мутахассисон дар соҳаи маориф нисбат ба дигар соҳаҳои ҳаёту истеҳсолот кори душвору мураккаб ва пурмасъулият маҳсуб меёбад. Зеро барои омӯзгор шудан донишҳои амиқи тахассусӣ доштан муҳим аст, вале он ҳанӯз як тарафи масъала буда, ҳадафи асосӣ дар донистани донишҳои назариявию амалии таълим - яъне, донишҳои дидактикӣ, ки барои муайян намудани роҳҳои ташкли раванди таълим нигаронида шудаанд, муҳим мебошад [7, с.112]. Истисно аз мавҷудияти донишҳои педагогӣ, ҳамчунин мусаллаҳ будан бо муносибатҳои психологӣ ба дарс ва берун аз дарс низ аҳамияти муҳим дорад:

а) ин муносибатҳо дар байни омӯзгор ва донишҷӯ;

б)  омӯзгор ва волидайни донишҷӯён;

в) омӯзгор ва ҷомеа низ муҳиму мубрам шуморида мешавад.

Ташкили дурусти ҷиҳатҳои психологии дарс барои ташаккули характери омӯзгори оянда мусоидат менамояд.

Дар баробари ин барои омӯзгор аз лиҳози методӣ дуруст ташкил намудани раванди таълим низ аз аҳамият холи нест, зеро методикаи таълими фанҳои тахассусӣ асосан дар донишгоҳи омӯзгорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани донишҳои ҳосилнамудаи тахассусӣ нақши калидӣ дорад, ки ин ҷиҳатро дар МТОК-ҳои аналогии ғайрипедагогӣ камтар мушоҳида мекунем.

Аз ин рӯ, усули бештар замонавӣ дар ҷараёни омода намдуни омӯзгорони  ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ - методи донишҷӯ-меҳвари асосии раванди таълим ба шумор меравад.

Дар заминаи ин омӯзгор муваззаф аст, ки бо истифода аз методҳои интерактивӣ донишҷуёнро ба омӯзиш ҷалб намояд [9, с.12];

-         зарурати омӯзиши фанни таълимиро дар шароити бисёрфарҳангӣ шарҳ диҳад [10, с.98];

-         мақоми фанро дар низоми фанҳои таълимии ихтисос муқаррар созад;

-         донишҷӯро барои аз худ намудани маводи таълим ҳавасманд намояд;

-         дарсро дар шакли ҳамкории тарафайн, ҳамрайъӣ ва кӯмак ба якдигар созмон диҳад [8, с.6];

-         дар дарс муҳити мубоҳисавӣ ташкил созад, то ки ҳар як донишҷӯ нисбат ба масъалаи гузошташуда нуқтаи назари худро озодона баён карда, ба фикри дигарон розӣ бошад ва ё нигоҳи танқидӣ зоҳир намояд [7, с.95];

-         фаъолгардонии донишҷӯён дар ҷараёни дарсҳо амали нисбӣ буда, маънои “ба дастовардҳои ноилгардида” маҳдуд нашуданро ифода мекунад;

-         бештар барои иҷрои кори мустақилона вақт ҷудо намояд;

-         саривақт санҷидан ва баҳодиҳӣ кардани корҳои амалии донишҷӯён;

-         ба роҳ мондани муоширати дуҷониба ва бисёрҷониба: диалог, полилог, бозиҳои нақшофарӣ, гузориши масъалаҳои проблемавӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо [11, с.79];

-         кӯмаки педагогӣ расонидан ба донишҷӯёне, ки дар иҷрои супоришҳо душворӣ мекашанд.

Бояд афзуд, ки интихоби методи дарс дар раванди ташкили дарс нақши муҳим дорад:

-         барои он ки донишҷӯ оид ба мавзуъ тасаввурот пайдо кунад, истифодаи мушоҳидаҳои пешакии ӯ заруранд;

-         барои он ки масъала равшан бошад, бо донишҷӯ суҳбати кӯтоҳ оростан муҳим аст;

-         барои он ки донишҷӯ донишҳоро дар амалия роҳандозӣ карда тавонад, ба ӯ имконият додан зарур аст, ки супоришҳоро бевосита худаш иҷро намояд;

-         пӯшида нест, ки қобилияти дарки моҳияти супориш барои ҳама якхела нест, бинобар ин агар зарур афтад, тавзеҳи такрории тарзи иҷрои супориш низ аз аҳамият холӣ нест.

Ба ҳар сурат дар шароити кунунӣ барои омӯзгорони мо асосан усули дарс-лексия бештар мавриди корбаст қарор  дорад, ки дар ҷарёни он омӯзгорони ботаҷриба ҷиҳати рангоранг сохтан ва таъсирбахш гузаронидани дарсҳо аз усулҳои дарс-презентатсия (муаррифии мавзуъ бо истифода аз тахтаи электронӣ ва ё видеопроекторҳо) [6]; усули видеомавзуъ- тамошои манзараи таълимӣ дар доираи мавзуи дарс ва дар заминаи он таҳия намудани таассурот; истифодаи маводҳои интернетӣ, ки ба мавзуи тадрис ҷилои замонавӣ бахшида, мазмуни дарсро бо маълумотҳои тоза рангин месозад; корбасти воситаҳои электронии типи телефонҳои мобилии зудамал ва сервазифа, планшетҳо дар раванди дарс, хусусан барои машғулиятҳои таълимии ихтисосҳои филологӣ бо истифода аз маводҳои электронии таълим: адабиёти бадеӣ, луғатҳо, китобҳои дарсӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра сурат мегирад. Чунин ташкили раванди дарс ва корбасти усулҳои фаъолро мо бештар дар лексияҳои профессорон: С.Г.Бандаев (химияи органикӣ), М.Нугмонов (методикаи таълими математиа (курсҳои 3, 4, 5), А.Нуров (педагогикаи миллии тоҷик), Т.Раҷабов (методикаи таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ), А.Худойдодов (назария ва таърихи адабиёт), В.Элбоев (назария ва таърихи адабиёт), С.Ҷоматов (забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ), дотсентон: У.С.Умаров (дотсенти кафедраи МТФ), А.Назаров (дотсенти кафедраи ТИК), С.Алимов (мудири кафедраи МТХ), Б.Ҳасанов (дотсенти кафедраи МТМ), М.Маҳкамов (дотсенти кафедраи МТМ) ва дигарон мушоҳида мекунем.

Усулҳои тадрис бояд ба талаботи мавзуъ мувофиқ бошанд; ба принсипҳои таълим хусусан принсипи аз сода ба мураккаб ва ба принсипи пайдарапйии омӯзиш маводҳои пешниҳодшуда созгор буда, он бояд хусусияти рефлексивӣ дошта бошад [5, с.64].

Супоришҳои додашуда чунон натиҷагирӣ карда шаванд, ки ба фаъолияти ҳар як донишҷӯ баҳои сазовор ва муносиб дода шавад, то ки донишҷӯ аз дарс то дарси дигар ба омӯзиш ангезаву ҳавасмандӣ пайдо кунад. Бинобар ин функсияи омӯзгор ҳамчун назораткунандаи корҳои таълимӣ хусусияти хос касб мекунад. Омӯзгор ҳама чиз ва ҳама касро дар синфхона мебинад, назорат мекунад ва дар доираи этикети касбӣ вокуниш нишон медиҳад.

Ба ҳамин тариқ, истифодаи усулҳои фаъолу муосир машғулиятро пурсамар  мегардонад. Татбиқи ҳар як метод дар таълим муфид аст, агар истифодаи он натиҷаи дилхоҳ ба бор оварад, ки ин ҷиҳати масъала ба дониш, малакаву маҳорат ва қобилияту салоҳиятмандии омӯзгор вобаста мебошад. Аз омӯзгор сифатҳои зерини касбӣ талаб карда мешавад: такмил додани донишҳои тахассусӣ, педагогӣ, психологӣ ва касбӣ; ҷаҳонбинии васеъ доштан, ташаббускорӣ, хушахлоқӣ, ҷиддияту қатъият, ба роҳ мондани таълими тафриқавӣ, истифодаи усули лоиҳасозӣ, истифодаи мунтазам аз воситаҳои аудио, видео, мултимедӣ ва макету амсилаҳо. Дар натиҷаи ба роҳ мондани дарсҳои интерактивӣ омӯзгор аз шахси маълумотдиҳанда ба созмондиҳанда ва мушовир табдил меёбад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки маълумотҳои манзуршуда ҷиҳати истифодаи методҳои фаъоли таълим хусусияти умумӣ дошта, барои истифода ба омӯзгорони самту равияҳои гуногуни тахассусӣ тавсия дода мешавад.

 

Адабиёт:

1.      Активные методы обучения в системе многоуровневого образования: Сб. науч.трудов / Ред. Р.Ф.Жуков.-СПб, 1995. -354 с.

2.      Алиев, С.Н. Общая методика обучения иностранным языкам (на тадж.яз.) / С.Н.Алиев [Текст] // Учебник для студентов факультетов иностранных языков педагогических университетов. -Душанбе: ТГПУ, 2013. -336 с.

3.      Беспалько, В.П. Педагогика и прогрессивные технологии обучения // В.П.Беспалко  [Текст].  - М.,1995. -192 с.

4.      Селевко, Г.К. Современные образовательные технологии: учебное пособие / Г.К.Селевко [Текст].-М: Народное образование.-1998. –256 с.

5.      Каршиева, Г.Г. Методика формирования умений профессионально-культурологического общения студентов в мультиэтнической среде педагогического вуза: дисс. … канд. пед. наук / Г.Г.Каршиева [Текст]. –Душанбе, 2018.-172 с.

6.      Негматов, С.Э. Актуальные проблемы поликультурного и полилингвального образования: монография / С.Э.Негматов [Текст]. - Душанбе: «Сифат», 2016. -189 с.

7.      Нугмонов М. Теоретико-методологические основы методики обучения математике: дис … док.пед.наук. –М., 1999. -306 с.

8.      Полат, Е.С. Обучение в сотрудничестве / Е.С.Полат [Текст] // ИЯШ. -2000. - № 1. - С. 5-6.

9.      Сайфуллоев Х: Тавсияҳои методӣ ба омӯзгорон дар татбики  усулхои интерактивӣ дар таълим. –Душанбе: ДДОТ , 2014. 19 с.

10.    Сайфуллаев Х.Г. Теория и практика формирования межкультурной компетенции студентов в педагогическом вузе: [Текст] Монография. –Душанбе: Ирфон, 2012. -209 с.

11.    Сайфуллоева, З.Х. Теория и практика формирования коммуникативной компетентности студентов в условиях поликультурной образовательной среды (при обучении двум иностранным языкам): дис. … д-ра пед.наук / З.Х.Сайфуллоева [Текст].– Душанбе, 2018. – 285 с.

Сулаймонов И. – сардори раёсати таълими ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj