• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МУЛОҚОТ ДАР АСОСИ РАВОБИТИ ДУҶОНИБА

Дар доираи созишномаи мавҷудаи байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории шаҳри Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таърихи 4 майи соли 2023 намояндагони муассисаи таълимии кишвари ҳамсоя бо маъмурияти донишгоҳ мулоқот анҷом доданд. Зимни ташрифоти меҳмонон муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Қурбонзода Рухшона Қурбон онҳоро пазироӣ намуда, мудири кафедраи педагогика ва психология, дотсент Исматов Суннатулло Шамсуллоевич, омӯзгорони кафедраи мазкур Урозов Фахриддин Исакович, Юлдошев Тожиддин Абдукаримович, Шукуров Рустам Эшонкуловичро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Дар аснои мулоқот асосан масоили ҳамкории дуҷониба, аз қабили мубодилаи таҷриба, ташкил ва баргузор намудани курсҳои байниҳамдигарии такмили ихтисос ва бозомӯзии устодону кормандон ва ин қабил масъалаҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд. Дар ин баробар меҳмонон ҷиҳати шиносоӣ бо раванди таълим аз якчанд дарсҳои амалии устодони донишгоҳ дидан намуданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj