• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

«Ба ман даҳ калима гӯй» - озмуни забондонӣ

Бо ташаббуси кафедраи забони франсавӣ ва методикаи таълими он 2-юми апрели соли равон дар донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони франсавӣ «Франкофонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ раёсати донишгоҳ, меҳмонони хориҷӣ, устодону донишҷӯёни факултаи забонҳои романию германӣ ва дигар донандагони забони франсавии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Р.Бобокалонова ифтитоҳ бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд. Р. Бобокалонова дар хусуси забони франсавӣ ва мавқеи он дар олам сухан ронд ва аз донишҷӯён талаб кард, ки ин забони бонуфузро боз ҳам хубтар аз бар намоянд.

Директори Маркази фарҳангии «Бохтар», ҷаноби Марк де ла Фушардиер аз қабули гарми мизбонон изҳори миннатдорӣ карда, оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса суханронӣ намуд. Баъдан, донишҷӯёни шуъбаи забони франсавӣ чорабинии фарҳангии худро, ки аз рақсу сурудҳои тоҷикию франсавӣ ва саҳнаи театрӣ ба забони франсавӣ иборат буд, баргузор намуда, хотири тамошобинонро шод гардониданд.

Дар охир Марк де ла Фушардиер, муовини директори Маркази фарҳангии «Бохтар» Сефора Тан ба ғолибони озмуни «Ба ман даҳ калима гӯй», ки аз 26-уми март то 2-юми апрел баргузор шуда буд, туҳфаҳо супориданд. Хушбахтона, дар ин озмун аз 3 ҷои ифтихорӣ 2 ҷойро донишҷӯёни мо Ф.Одинаева ва А.Ашӯров соҳиб шуданд.

Илҳоми Абдулло

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj