• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ПАЙВАНДГАРИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
Дар таърихи башарият дар бунёди давлат ва ташаккулёбии халқияту миллатҳо ваҳдат ҷойгоҳи махсус дорад. Инсоният борҳо дар масири таърих ба ҷангҳои қавмию дохилӣ ва байни давлатӣ рӯбарӯ гардида, талафоти зиёд дидааст. Аммо ягона омиле, ки ба хотимаёбии ҷангҳо асос шуда, инсонро аз талафот ва шаҳрҳоро аз харобшавӣ наҷот додааст ин ваҳдат аст. Ваҳдат дар назар як вожаи оддӣ намояд ҳам, аммо дар асл як ибораи созанда, офарандаи шодию тараб, пайвангари инсонҳо ва васлкунандаи таърих мебошад.
Санаи 27-уми июни соли ҷорӣ мардуми ваҳдатсолори тоҷик 26-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои амну ором ҷашн мегиранд. Мусаллам аст, ки пас аз фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ санаи 9-сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ мустақил гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон як давлати озод арзи ҳастӣ намуд. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи навини мо тоҷикон саҳифаи наву тоза дар пайванд бо мероси пешинаи ниёгон кушода намуд. Мутаассифона душманони дохилию хориҷии мо тоҷикон аз таъсиси давлати озоди Тоҷикистон ҳаросида, домони истиқлоли уро ба майдони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Дасисабозону манфиатҷӯён фурсатҳои муносиби ҳамон давраро муфид дониста, миёни тоҷикон тухми нифоқро кишт намуданд. Умед бар он бастанд, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон базудӣ пош хурда, соҳиби сарзаминҳои нав мешаванд. Хушбахтона нияти нопоки онҳо ҷомаи амал напушид. Санаи 16-уми ноябри соли 1992 Худованди якто ба майдони давлтдории тоҷикон нафареро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд. Бо омадани Эмомалӣ Раҳмон бар арсаи сиёсат муборизаи қувваи некӣ бар бадӣ, сулҳ бар ҷанг оғоз ёфт. Ин абармарди шарифном миёни аҳли ҷомеа нахустин сухани худро аз сулҳ оғоз намуд. Ба ҳайси раиси Шурои олӣ миёни ҳамватанон иброз намуд, ки “Ман ба Тоҷикитони азиз сулҳ оварда дар роҳи ободии он ҷони худро дареғ намедорам”. Ин ҳарфи Пешвои миллат нахустин хиште буд, ки дар бунёди кохи ваҳдат миёни тоҷикон гузошта шуд. Бо талошҳои меъмори ваҳдати миллӣ-Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин созишнома ҷанги шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима дода, ба ҷои он Ваҳдати миллиро падид овард. Албатта ҷанги шаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикстон ва мардуми он ҳазорҳо бевазан, ҳазорон ятимону бепарасторон ҳазорҳо деҳаҳову шаҳрҳои харобу валангор мерос гузошт. Хушбахтона пас аз хотимаи ҷанг ва ба вуҷуд омадани Ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи на чандон тулонии таърих тамоми мушкилоти ҷанг бартараф гардид. Дар натиҷаи баҳам омадании истиқлол ва ваҳдат Ҷумҳурии Тоҷикстон дар тамоми самтҳо ба пешравиҳои назарас ноил шуд. Хусусан дар 26 соли ваҳдатсолорӣ таърихи навини тоҷик ба дигар давраҳои таърихӣ пайванди ногусастанӣ пайдо намуд. Тамоми арзишҳои миллию суннатӣ эҳёи дубора пайдо намуданд. Хусусан соли 1999 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1100 солагии нахустин давлати мутамаркази тоҷикон давлати Сомониён ҷашни умумимиллӣ гирифта шуд. Ҷашни давлати Сомониён бори дигар ба ҷаҳониён исбот намуд, ки мардуми тоҷик аз қадим мардуми тамаддунофару сулҳпарвар буда, дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ нақши беназир доранд. Дар баробари ин соли 2007 2700 солагии шаҳри Кулоби бостон, соли 2015 3000 солагии шаҳри Ҳисор, Соли 2020 5500 солагии шаҳри Саразм таҷлил гардид. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки дар баробари эҳёи таърихи қадимаи худ инчунин Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам сохт, ки бузргдошти як силсила абармардони илму адаб ҷашн гирифта шавад. Аз ҷумла, бузргдошти шоирону адибон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуали ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Имом Абуҳанифа ва садҳо нафар бузургони дигар бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардиданд. Перомуни ҳамаи ин бояд изҳор дошт, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик як майдони фарохи бурдборию муаррифии таърихи бойи худро ба вуҷуд овард. Имрӯз бо шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз давлатҳои амнтарин дар дунё шинохта шуда, мардуми онро мардуми сулҳдӯсту инсонпарвар мешиносанд. Маҳз ваҳдатсолорию ваҳдатдорӣ ойини мо тоҷикон аст, ки аз тамоми дунё имрӯз сайёҳону ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз минтақаҳои таърихии он дидан менамоянд ва бовари ҳосил менамоянд, ки тоҷикон дар воқеъ як миллати таърихӣ мебошанд.
Ваҳдати миллӣ дар омузиш ва таҳқиқи таърих низ таъсири бузурги худро расонид. Дар ин давра олимону муҳаққиқон ба пажӯҳиши баъзе аз саҳифаҳои норавшани он рӯ оварда асару мақолаҳои бунёдӣ офариданд. Хусусан Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омузиши таърихро қарзи фарзандию роҳбарии худ дониста як силисала асарҳои бузургҳаҷм аз ҷумла, “Аз Ороиён то Сомониён”, Нигоҳе ба таърихи тамаддуни Ориёӣ”, “Чеҳраҳои мондагор” “Забон ҳастии миллат” ва даҳҳо асари таърихии дигар офарид. Пешвои миллат дар асарҳои баланмазмуни худ исбот намуд, ки тоҷикон як миллати бузурги таърихӣ буда, нақши онҳо дар тараққиёти тамаддуни башаррӣ беназир аст.
Маҳ дар асари “Чеҳраҳои мондагор” Эмомалӣ Раҳмон собит гардидааст, ки шахсиятҳои нотакрори тоҷикон пайвста талқинкунадаи ваҳдат буда, инсоҳоро ба ҳаёти осоишта даъват мекарданд.
Албатта, он чӣ гуфтем, қатрае аз баҳр, қатрае аз уқёнуси беканоре аст, ки шоҳкориҳои фаровоне аз корномаҳои он мебояд ба қалам овард. Аммо ин қатра ҳам дурахше дорад, ки асл ва ҷавҳари шукӯҳманди инсонӣ ва сиёсии Сарвари давлати моро намоён меоварад.
Дар фарҷоми андеша бояд таъкид намуд, ки маҳз Ваҳдати миллӣ Тоҷикстонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуда, хонаи ҳар як тоҷикро фараҳу озодӣ бахшид. Имрӯз барои ҳар як тоҷикистонӣ, хусусан барои мо омузгорон зарур аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳия ватандорӣ тарбия намуда, Ваҳдати миллиро таҳким бахшем.
Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj