• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВО - ДАСТУРИ РАҲНАМО

(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳ)

Возможно, это изображение 1 человекБаланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони соҳибкасби мусаллаҳ бо донишҳои замони муосир, роҳандозии технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим, таълифи китобҳои дарсӣ дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ аз масъалаҳои меҳварии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории дарси сулҳ зимни мулоқот бо омӯзгорони Донишгоҳи тиббии Хатлон садо доданд. Пешвои миллат сараввал нақши мактабу маорифро дар ҷомеа ба сифати унсури муҳимтарини амнияти миллӣ ҳисобида бо қатъият иброз намуданд, ки “баъди ба даст овардани истиқлол мо илму донишро пояи асосии рушди ҷомеа ва амнияти давлат эълон карда, аз ҷумла дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дарҷ намудем, ки хароб гардидани сифати таълим ва неруи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад”. Ин маънои онро дорад, ки ҳеҷ кишваре қодир нест, ки бе мактабу маориф пеш равад, рушд кунад ва ба муваффақиятҳои назаррас ноил шавад. Ба ин хотир, соҳаи мактабу маориф дар саргаҳи фаъолияти сарвари давлат қарор дошта, пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа чорасозӣ мешавад. Қабули ду стратегия ва амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф далели ин гуфтаҳост. Илова бар ин, 19%-и буҷаи солонаи ҷумҳурӣ, ки 7,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба соҳаи маориф марбут аст.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, бозсозии бинои мактабҳо ва бо воситаҳои муосири таълим таъмин намудани онҳо аз масъалаи дигари суханронии Президент дар оғози соли нави таҳсил ба ҳисоб мерафт. Барои мисол, танҳо дар 32 соли истиқлол 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамасола 260 ҳазор нафар толибилм ба мактаб фаро гирифта мешавад ва дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи хонандагон ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад, - иброз доштанд Президенти Тоҷикистон. Дар ҳақиқат, бо бунёди шаҳраку деҳаҳои нав шумораи хонандагон низ сол то сол моро водор менамояд ҳар чӣ бештар талош намоем ва дар даврони Истиқлол аҳолӣ ду баробар афзудааст, ки ба соҳаи маориф бетаъсир буда наметавонад. Ин масъулини соҳаро вазифадор менамояд, ки дар ин самт ҳам тадбирҳои саривақтии ҷиддӣ андешанд. Ба андешаи мо, ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо соҳибкорон барои бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва фароҳамсозии шароити шоиста баҳри таҳсили хонандагон мусоидати фаъол карда метавонад. Дар натиҷаи ҷалби соҳибкорон ба корҳои бунёдкорӣ тайи чанд соли охир садҳо бинову муассисаҳои таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ин васила мушкилоти зиёди соҳаи маориф рафъ гардид. Дарвоқеъ, таҷрибаи рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст баёнгари он аст, ки ёрии беғаразонаи онҳо ба соҳаи маориф ба болоравии сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба кумак мерасонад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муҳими дигари соҳи маориф, яъне ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавонро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, дар ин масъала нигаронии ҷиддии худро баён доштанд. Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ 3 ҳазору 432 нафар мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ барои кор ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода шудаанд, ки то имрӯз 49 фоизи онҳо ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳозир шудаанд. Дуруст аст, ки ин қазия асосан ба мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ тааллуқ дорад. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки барои мактабҳо мутахассис тайёр мекунад,  аз ин истисно нест. Роҳбарияти донишгоҳ аллакай масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод ва тасмим гирифта шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2023 донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 таҷрибаи истеҳсолиро бевосита дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронанд. Дар ин самт донишгоҳ аллакай ҳамкориро бо шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монд ва тибқи муқаррарот таҷрибаомӯзон ба ҳайси омӯзгор ба кор қабул мегарданд ва бо маош таъмин мегарданд. Ин тадбир, аз як тараф, барои амалӣ гардидани дастури Президент мусоидат менамояд, аз ҷониби дигар, мутахассисони ҷавон таҷрибаи амалӣ меандӯзанд ва сеюм, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бахусус ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо омӯгорон таъмин мегарданд.

Омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар суханронии Пешвои миллат ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш мавқеи муҳиму меҳварӣ касб намуда буд. Зеро бе донистани забонҳои хориҷӣ муаррифии илму дастовардҳои навини соҳаи мактабу маорифи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Ба ин хотир, Сарвари давлат дар Паёмҳои солона ва вохӯриву мулоқотҳояшон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста ба ин масъалаҳо рӯй меоранд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ қариб дар ҳамаи муассисаҳои олии касбии дорои равияҳои омӯзгорӣ ва забономӯзӣ ба роҳ монда шуда, таҳлилҳо баёнгари онанд, ки танҳо баланд бардоштани савияи таълиму тарбия барои омода намудани мутахассисони соҳибкасби забондон ёрмандӣ хоҳад кард.

Таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ масъалаи актуалӣ ва саривақтии соҳа буда, ташаббусҳои наву созандаро тақозо дорад. Дар робита ба амалисозии ин дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худи ҳамин сол дар назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ литсей ифтитоҳ гардид, ки барои синфҳои 5-11 пешбинӣ шудааст. Мутахассисони варзидаи соҳибкасб бобати такмили дониши толибилмон дар соҳаи илмҳои дақиқ ҷалб гардида, тамоми шароит барои таҳсил фароҳам оварда шудааст. Аллакай аз миёни 500 нафар тариқи озмун таҳсил барои 250 нафар дар гуруҳҳои тоҷикиву русӣ оғоз гардид ва  умед мебандем, ки солҳои минбаъда шумораи хонандагон меафзояд.

Боло бурдани сифати таълим, ки дар суханронии Президент ба ифтихори соли нави таҳсил ба таври ҷиддӣ  таъкид шуд, вазифаи ҷонии ҳар омӯзгори поквиҷдон, ватандӯст ва худогоҳ аст. Зеро мо ба хонандагони ин сарзамин, ин меҳани аҷдодӣ, фарзандони ҳамин Ватан, ки номаш Тоҷикистон аст, сабақ меандӯзем. Дар сурати соҳибмаълумот ва мутахассиси варзидаи касби худ гардидан нафъи онҳо ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ мерасад, зеро минбаъд кадрҳои мусаллаҳ ба донишҳои муосир, ҷавонони эҷодкору навовар ҷомеаро ба пеш мебаранд, рушд медиҳанд. Ин аз сатҳу сифати таълим вобаста аст. Ҷиҳати боло бурдани самараи таълиму тарбия мо силсиладарсҳои видеоиро ба роҳ мондем. Ба назари мо, ин ташаббус чанд хислати хубро дар пай дорад; аввалан, масъулияти омӯзгорро дучанд мекунад, дуюм, ҷустуҷӯйи пайваста ва навовариро дар ниҳоди ӯ бедор менамояд, сеюм, зимни дидани навори сабт аз камбудиҳо хулоса бароварда, онҳоро ислоҳ мекунад, чорум, хонандагони шакли таҳсили фосилавӣ аз чунин дарсҳо баҳра ва ғизои маънавӣ мебардоранд. Ба ин восита тадрис хислати фаромиллӣ касб карда, ба  фазои ҷаҳонии таҳсилот мепайвандад. Дар соли таҳсили 2022-2023 беш аз  2 ҳазор адад дарсҳои видеоӣ омода гардида, дар саҳифаи фейсбук гузошта шуд. Мо ин корро на барои ҷустани камбудӣ ва ё таҳлили дарси омӯзгор роҳандозӣ кардаем, балки бобати баланд гардидани савияи таълиму тарбия ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат анҷом медиҳем.

Дар хотима бояд бигӯям, ки рушди соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки давлату ҳукумат ба шумор меояд. Ин аз файзи Истиқлол аст. Ман, ки солҳои дароз ба сифати омӯзгор кор кардаам чунин мешуморам, ки  дар саргаҳи пешрафтҳо, дигаруниҳои миқдориву сифатӣ, навовариҳову эҷодкориҳо, пеш аз ҳама, омӯзгор қарор дорад. Омӯзгор бояд дар иҷрои рисолати касбии худ шавқу завқи беандоза дошта бошад. Касбашро дӯст дорад, ба вазифааш содиқона меҳр варзад, донишҷӯро ҳамчун фарзанд шуморад, донишу заковати худро аз ӯ дареғ надорад, ӯро ба роҳи рост ҳидоят намояд, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, созандагиву ободкорӣ, навовариву ихтироъкориро дар тинати ин тоифаи ҷӯяндагони роҳи илму маърифат бедор созад ва ба ин васила барои пешрафти омӯзишу парвариш, рушди соҳаи маориф ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад. Зеро ҳидоятҳои Пешво таконбахши роҳи минбаъдаи низоми маорифи миллии мо хоҳанд буд.

Супоришу ҳидоятҳои Президент бояд барои ҳар фарде, ки дар ҷодаи мактабу маориф кор мекунад, ба ҳайси дастури роҳнамо хизмат намоянд.

 

Аҳлиддин Ибодуллозода,

доктори илми таърих,

профессор, Ректори ДДОТ

ба номи С. Айнӣ

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj