• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

 

Возможно, это изображение 1 человек ФУРӮҒ АЗ РӮДАКӢ ДОРАД ЧАРОҒИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Басо хурсандибахш аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвими ҷашнҳои миллии мо, таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ баъд аз бузургтарин ва бошукӯҳтарин ҷашни таърихии мо - Истиқлоли давлатӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хоса қайд карда мешавад. Аз соли 2002 сар карда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Рӯдакӣ ҳамчун як ҷашни илмӣ - фарҳангӣ таҷлил мегардад. Соли 2008 бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон ҷашни 1150-солагии ин абармарди сухан бо шукуҳу ҷалоли хоса истиқбол гардид. Моҳияти ин тадбирҳои фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ба он ишорат мекунад, ки мавқеъ ва аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ ва маърифатии эҷодиёти ғанию рангини устоди бузургвор - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯз то рӯз, сол то сол заруртару зиёдтар мегардад.
Пешвои миллат дар китоби арзишманди хеш “Чеҳраҳои мондагор” шукуҳу азамат ва рисолати бузурги таърихию адабии устод Рӯдакиро муфассал тавзеҳ дода, зарурат ва аҳамияти омӯзиши мероси адабию илмӣ ва кору пайкори шахсиятҳои бузурги гузаштаю муосири миллатро аз ҳар ҷиҳат дар замони мо муҳим мешуморад. Дар китоби номбурда таъкид мешавад, ки устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷик, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Ин унвонҳои бузургу пуршараф ба устод Рӯдакӣ ба он хотир нисбат дода шудааст, ки вай бо хизматҳои беҳамтои худ барои ба камол расонидани навъҳои гуногуни адабӣ, боло бурдани шукуҳу рисолати забони ноби тоҷикӣ ва шукуфоии шеъру адаби тоҷику форс хизмати бузург кардааст. Ашъори мондагори Рӯдакӣ аз нигоҳи тарғиби афкори инсонпарваронаю башардустона беназир мебошад. Тасвири инсон дар ашъори дилангези ӯ бо тасвири зебоиҳои табиат тавъам омада, пеш аз ҳама, аз мушоҳидаву тадқиқи бадеии ҳаёти мардуми замонаш сарчашма мегирад. Вале ҷамъбастҳои бадеӣ тавассути андешаҳои ахлоқии шоир ҷанбаи умумиинсонӣ пайдо карда, аз доираи замону макони худ берун баромадаанд ва то имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам чун раҳнамои зиндагӣ хизмат мекунанд. Афкору эҳсос ва ғояву афкори гуманистии устод Рӯдакӣ, ки дорои моҳияти умумибашарианд, на танҳо имрӯз, балки фардо низ барои тарбияву ташаккули инсони комили сайёраи мо хизмати шоистае анҷом хоҳад дод.
Пеш аз Рӯдакӣ ва дар замони ӯ шоироне, ки ба забони форсии тоҷикӣ шеър менавиштанд, кам набуданд. Аммо аз гузаштагон ва ҳамзамонони Рӯдакӣ касе набуд, ки дар шеъру шоирӣ бо ӯ баробар шуда бошад. Хизмати дигари ин шоири бузург дар адабиёти тоҷик боз дар он аст, ки шеърро ҳам аз ҷиҳати лафз ва ҳам маънӣ ба ҳадди камолу ҷамол расонид ва самти инкишофи ояндаи онро барои садсолаҳои оянда муайян намуд. Рӯдакӣ нахустин шоире буд, ки дар навъҳои гуногуни шеърӣ асарҳое офарид, ки барои адибони баъдина, аз замони муаллиф то ба рӯзгори мо, намунаи ибрат буданд. Барои ҳамин ҳам ӯро барҳақ, падари адабиёти форсии дарӣ ё бунёдгузори он мешуморанд. Устодӣ ва асосгузори адабиёти классикӣ будани Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро садҳо сарчашмаҳои адабиву таърихӣ, тазкираҳо ва шоирону адибони асримиёнагӣ таъкид кардаанд.
Устод Рӯдакӣ дурахшонтарин чеҳраи адабиву фарҳангӣ ва надиму пешкори шоҳони Сомонӣ будааст, ки бо эҷодиёти худ ба густариши минбаъдаи забону адабиёти тоҷикии форсӣ таъсири амиқе гузошта, роҳи минбаъдаи ин адабиётро муайян ва равшан сохтааст, ки ба ин нукта ҳамаи донишмандони Ғарбу Шарқ ва кулли сайёра қоиланд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамзамонони ӯ дар асри Х бо эҷодиёти худ ва бо шеъри баландғояи худ нуфузу таъсири забону адабиёти арабиро ба забони тоҷикӣ хеле заиф гардонида, мақом ва шуҳрати забони миллии моро ба сатҳи давлатӣ расониданд, ки дар натиҷа забони форсии тоҷикӣ забони расмию коргузорӣ ва адабу фарҳанги давлати бузурги Сомониён гардид ва дар ин замина Рӯдакӣ бо ашъори баландғояи худ шуҳрати забони нобу шеъри зебои тоҷикии форсиро ба пояи баланд расонид.
Эҷодиёти устод Рӯдакӣ инъикоси давраи ниҳоят муҳим ва илова бар ин пурталотуми таърихи миллати мост. Дар ашъори ӯ на танҳо инъикоси лаҳзаҳои ҷудогонаи зиндагии шахсии суханвар, балки воқеаҳои бузурги иҷтимоӣ низ таҷассум ёфтаанд. Имрӯз аҳамият ва арзиши эҷодиёти устод Рӯдакӣ дар он аст, ки шоир дар шеърҳояш андешаҳои пешқадами замон – инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, нафрат ба зулму ситам, ишқу муҳаббат, оҳангҳои ҳаётдӯстиву ватанпарварӣ, ситоиши хирад, тавсифи илм ва дастовардҳову пешрафти маънавиро тараннум кардааст, ки байтҳои зерин далели ин гуфтаҳоянд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Ин гуна байтҳо дар эҷодиёти гаронарзиши Рӯдакӣ хеле зиёданд, ки онҳо аз тафаккури баланду андешаи волои шоир дарак медиҳанд. Муҳаққиқон Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамчун суханвари ҳаким шинохтаанд. Ҳамин аст, ки дар осори бозмондаи ӯ панду насиҳат, суханҳои ҳикматомез, ки хислатҳои беҳтарини одамиро тарғиб ва рафтори ношоистаи онро маҳкум мекунад, ниҳоят бисёр аст.
Рӯдакӣ барои ба чашми хирад нигаристан ба олам, бохирад будан, дониш омӯхтан, фарҳанг омӯхтанро шарти аслӣ мешуморад. Шоир мардумро ба дӯст будан даъват мекунад. Рӯдакӣ бо гуфтани панду ҳикмат ва маснавиҳои ахлоқие, мисли «Калила ва Димна» суннати пандноманависиҳои адабиёти қадими форсии тоҷикиро давом додааст.
Таъсири бузурги суханони ҳикматомези ӯ гуфтаҳои хушку холӣ набуда, балки натиҷаи таҷрибаи ҳаёти ҳаррӯза, ҷамъбасти хирадмандонаи рафти зиндагии инсон мебошад. Аз ин сабаб, аксари суханҳои пандомӯзи ӯ барои имрӯзу фардои башар низ аҳамияти бузурги маънавӣ доранд ва дар пеш бурдани ахлоқи ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим мебозанд.
Дар осори боқимондаи Рӯдакӣ, ки манбаъҳои адабӣ ва тазкираҳо миқдори онро хеле зиёд нишон додаанд, тасвири ҳамаи мавзуъҳои зиндагии инсониро ба мушоҳида мегирем, ки ин шоири донишманд ва ояндабини мо 1150 – сол қабл ин андешаҳоро ба дараҷаи олӣ ва бо забони поку равони модарии мо гуфтааст ва ситоиш кардааст.
Дар осори ӯ мо тамоми навъҳои адабии имрӯзаро мушоҳида менамоем, ки дар дараҷаи олӣ эҷод шудаанд. Содагии забон, равонии баён, кам истифода бурдани калимаҳои арабӣ хоси услуб ё сабке мебошад, ки бо номи сабки Рӯдакӣ машҳур аст. Шоир дар ашъораш чунон сухан мекунад ва далелҳое меорад, ки шунаванда ва ё хонандаи он бидуни чуну чаро ва фурсат хостан ба он мегаравад. Ҳар маънӣ, ҳар тасвир, ҳар калимаву ҳар таркибе, ки дар ин ашъор ҳаст, тарғиб ва талқин мекунад, ки дар ин ҷаҳони гузарон бояд шод зист.
Ҳамин тавр, дар шеъри Рӯдакӣ, ин шоири оғозгари шеъри форсии тоҷикӣ, ҳама чиз - лафзу маънӣ, баён, тасвир, вазну қофия, таркибу таъбир монанди оби сарчашмаҳои куҳистони тоҷик поку беғаш, тару тоза, ноолуда, хуш ва писандида мебошад. Дар ашъори шоир, ки имрӯз аз он намунаҳои каме чун алмоспораҳои дурахшон боқӣ монда, аз рангиниву шукӯҳ ва арзиши баланди он шаҳодат медиҳанд, тасвири инсон ва тавсифу бузургдошти он мақоми шоистае дорад.
Тасвиру тавсифи инсон дар таърихи адабиёту маданияти тоҷику форс аз замонҳои қадим аз масъалаҳои умдаву асосии эҷоди бадеӣ ба шумор мерафт. Ҳанӯз дар мифологияи қадимаи халқҳои эронӣ, ёдгориҳои бостонии адабиёти паҳлавию монавӣ ситоиши қудрату тавоноии инсон ҷой дошт. Дар ёдгории бостони ниёгони мо - «Авесто» бузургии инсонҳои неруманду тавоно, диловару зебо ва ситоиши некиву накукории одамон ва муборизаи онон бар зидди зиштиву торикӣ ба қалам омадааст.
Чунон ки ишора шуд, аҳамияти дониш ва донишомузӣ, ситоиши ахлоқу хирад аз нуктаҳои меҳварии ашъори Рӯдакӣ ба ҳисоб мераванд. То ҷаҳон буд аз сари одамфароз, кас набуд аз роҳи дониш бениёз, ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, то тавони руй бар ин ганҷ неҳ, дониш андар диил чароғи равшан аст,- фармудааст шоир. Барои ба қадри умр ва зиндагӣ расидан ӯ таҷрибаи рӯзгорро устоди асил ва омузанда медонад:
Бирав зи таҷрибаи рузгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Воқеан, Рудакӣ ситоишгари ормонҳо ва орзую мақсадҳои неки инсонӣ ва ахлоқи писандида буд. Вай натанҳо ба ҳайси шоири тавоно, балки ба ҳайси як нафар ҳакиму хирадманди рузгордида ва соҳибтаҷриба асрори зиндагии инсонро дар либоси шеъри ҳакимона бозгу намудааст. Шоир ҳамеша аз даричаи ҳикмату хиради азалию абадии милати тоҷик ба майдони суханварию шоирӣ ворид мешавад, ки ин бояд мояи ифтихори ҳамешагии наслҳои имрӯзаю ояндаи миллати мо бошад. Ба ҳамин хотир, дар остонаи таҷлили рузи бузургдошти устод Рӯдакӣ ҳамаи мардуми кишварамонро самимона табрик мегӯям ва орзу мекунам, ки шеър ва афкору андешаҳои баланду инсонгароёнаи ин шоири бузурги миллат ҳамеша раҳнамою ҳамсафари шумо бошад.
Аҳлиддин Ибодуллозода,
ректори Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj