• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
МАҲФИЛОРОИИ КАМОЛ НАСРУЛЛО, ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҲФИЛИ «ХИРАДМАНД»
Возможно, это изображение 2 человека, помост и текст «сосгузори сулху вахдати пешвои миллат президенти пр иденти чумхурии точикисто момалй рахмо»19-уми октябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи маҳфили «Хирадманд» мулоқот бо Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Камол Насрулло баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ
муовини ректор оид ба илм Дониёр Сангинзод оғоз намуда иброз дошт, ки Камол Насрулло хатмкардаи факултети филологияи ҳамин донишгоҳ буда, дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми муассир дорад. Номбурда тараннумгари муқаддасоту ормонҳои миллӣ, Модару Ватан, забону фарҳанг, ваҳдату рафоқати ҳамагонӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аст. Ашъори ӯ бо назокату таровати хосса дар дили дӯстдорони каломи бадеъ маъво гирифтааст.
Камол Насрулло бо қироати ашъори тозааш ҳозиринро ба росткориву меҳандӯстӣ, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, ободониву созандагӣ ҳидоят намуд.
Дар мулоқоти озоду самимӣ бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ перомуни вазъи кунунии адабиёти замони истиқлол, бозтоби дастовардҳои замони истиқлол дар осори адибон, нақди адабӣ ва мақоми он дар адабиёти муосир, мушкилоти адабиёти замони истиқлол мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Хотиррасон менамоем, ки Камол Насрулло ба сифати публитсисти номвар ва устоди суханвар низ дар баррасии масъалаҳои мубрами рӯз тавассути воситаҳои ахбори оммаи мамлакат дасти боло дорад. Осори публитсистии ӯ дорои маъниҳои самимона буда, бо муҳаббат ва масъулияти баланди худогоҳиву меҳанпарастӣ эҷод шудаанд.
Дар хотима донишҷӯёни факултети филология аз ашъори Камол Насрулло пораҳои шеърӣ қироат намуда, ба шоир аз номи ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мулоқот бо шоири маҳбуб таассуроти ҳозиринро рангину ғанӣ гардонд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj