• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТ ВА РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ АЗ НЕРӮГОҲИ «РОҒУН»
Возможно, это изображение 4 человека, ветряная мельница и текстБо тасмими ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ роҳбарият ва раёсати Донишгоҳ бо шумораи 35 нафар ҳайати профессорон, устодон, кормандон ва дастаи ҳунарии «Чеҳранамо» аз иншооти бузурги аср, кохи нуру зиё-Роғун боздид намуда, бо раванди корҳои ободониву созандагӣ шинос шуданд.
Айни ҳол дар ин кохи нуру зиё зиёда аз 15 ҳазор нафар мутахассисону сохтмончиён ва муҳандисону кормандони техникӣ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Беш аз 3500 техникаву таҷҳизоти пуриқтидори муосир фароянди корҳои сохтмониро вусъат мебахшанд. То кунун беш аз 65%- и корҳои сохтмону васлгарӣ анҷом ёфта, мутобиқи лоиҳа анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими аср то охири соли 2029 бояд анҷом пазирад.
Таъкид гардид, ки бо бунёди Роғун зербинои иқтисоди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври мустаҳкам гузошта хоҳад шуд. Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи Тоҷикистони навин аз ҳарчӣ зудтар бунёд гардидани ин манбаи нур вобаста хоҳад буд.
Бо ибтикори Ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода барои кормандони Кохи нури «Роғун» хуроки чошт ва бо ширкати дастаи ҳунарии «Чеҳранамо» маҳфили мусиқӣ ташкил шуд.
Ҳамин тавр, ҳайати профессорон, устодон ва кормандони донишгоҳи мазкур аз боздиди ин иншооти бузурги аср ва мулоқот бо бунёдгарони он таассуроти ғанӣ бардоштанд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj