• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ХУСУСИЯТҲОИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ФАРДӢ ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостейИмрӯз Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян карданист, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ намоянд.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Ин санади сарнавиштсоз дар бунёди давлати навини тоҷикон, таҳкими истиқлолият, ташкили фаъолияти мақомоти давлатӣ ва танзими тамоми масъалаҳои муҳими ҷамъият дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ нақши муассир гузошт. Татбиқи он дар амал нишон дод, ки воқеан ҳам ин санад аз ҷониби мутахассисони варзида ва коршиносони соҳа таҳия гардида, меъёрҳои он барои ояндаи дур низ хизмат карда метавонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Боби дуюми конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номгӯи ҳуқуқу озодиҳои фардӣ оғоз меёбад. Дар он нисбат ба конститутсияҳои пешина шумораи ин гурӯҳ ҳуқуқу озодиҳо афзуда, кафолати онҳо зиёд карда шудааст. Дар танзими конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои фардӣ таъсири меъёрҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба қонунгузории миллии Тоҷикистон бараъло мушоҳида карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 18 конститутсия ҳуқуқи асосии инсон ҳаққи зиндагӣ доштани ӯ мебошад. Муқаррароти конститутсионӣ оид ба ҳаққи зиндагии ҳар кас ба санадҳои муҳими ҳуқуқи байналхалқӣ, аз ҷумла ба моддаи 3 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948) ва моддаи 6 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мувофиқат мекунанд. Дар санади охирин муқаррар шудааст, ки «ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад. Ин ҳуқуқ тавассути қонун ҳифз карда мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад».
Бояд қайд намуд, ки хусусиятҳои хоси ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, ки дар конститутсия танзим ёфтаанд, аз он иборат мебошанд, ки аксари онҳо ба шахс, яъне ҳар як инсон таъин шуда, ба шаҳрвандӣ алоқаманд нестанд. Онҳо ба ҳар кас аз рӯзи таваллуд тааллуқ дошта, дахлнопазиранд. Ин гурӯҳ аз ҳуқуқу озодиҳое иборат аст, ки барои ҳифзи ҳаёт, озодӣ, қадру номус, шаъну шарафи инсон ва дигар ҳуқуқҳои фитрӣ, ки ба ҳаёти шахсӣ, хусусии ӯ алоқаманд мебошанд, таъин гардидаанд.
Тавре Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Дар конститутсияи ҶТ ҳуқуқ ба ҳаёт якҷоя бо дахлнопазирии шахс дар якҷой пешбинӣ гаштааст, ки ин ҳолат аз пайвастагии ҳар дуи ин арзишҳо шаҳодат медиҳад. Дахлнопазирии шахс аз тарафи давлат бо чораҳои махсуси ташкилию ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. Дар давлати ҳуқуқбунёд бе иҷозати мақомотҳои дахлдор ҳеҷ касро ҳабс кардан низ мумкин нест.
Созмони Миллали Муттаҳид 9декабри соли 1975 бо мақсади ҳифзи шаъну шарафи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ Эъломияро дар бораи ҳимояи шахс аз шиканҷа ва дигар ҷазою муносибати бераҳмонаю золимона ё қадру қиматро пастзананда қабул намуд ва 10 декабри соли 1984 ба он Конвенсия илова гардид, ки бо қарори Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирокчии он мебошад. Дар асоси ин санадҳо давлатҳои иштирокчии Конвенсия эътироф мекунанд, ки ҳар гуна азобу шиканҷа нисбати инсон мувофиқи қонунгузории миллӣ ҷиноят шуморида шуда, барои чунин кирдор ҷазои сазовор муқаррар карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар як шахс метавонад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият ва беғараз баррасӣ намояд. Яъне давлати Тоҷикистон ҳимояи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун ҳимояи афзалиятнок эътироф намуда, онро кафолат додааст. Нақши ҳокимияти судӣ оид ба бевосита амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, қазоват намудани баҳсҳои ҳуқуқӣ миёни давлат ва шаҳрванд дар байни дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ниҳоят калон аст. Ҳифзи судӣ ё ба ибораи дигар ҳимояи судиро Конститутсия ҳамчун ҳуқуқи кас (шахс) муқаррар намудааст.
Моҳияти ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ аз ҳуқуқ ба дастрас будани адолати судӣ, талабот нисбат ба ташкил ва ҳайати судӣ, кафолатҳои мурофиавии суди одил иборат мебошад. Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳои шахсӣ мебошад, ки ба ҳама тааллуқ дорад. Масалан, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ, шахсони бетабаа, сарфи назар аз фарқиятҳои миллию нажодӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маҳал, таҳсил, молу мулк ва қатъи назар аз дараҷаи қобилияти амалкунӣ ва вазъи иҷтимоиашон (қобилияти амалкуниашон маҳдуд, нафақахӯр, ноболиғ) мустақим ва ё ба воситаи намояндагонашон баҳраманд буда метавонанд. Ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз манотиқи кишвар қарор доранд, метавонанд аз ин ҳуқуқ бо роҳи муроҷиат намудан ба мақомоти судии Тоҷикистон истифода намоянд.
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон аввалин бор дар конститутсия масъалаи ҳуқуқи шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он инъикос карда шудааст. Озодии ҳаракат аз ҳуқуқи табиии инсон аст, ки имконияти зиндагии озод ва ҷойивазкунии шахсиро ба шаҳрванд пешниҳод намуда, барои таъмини ҳаёти шахсии озод замина мегузорад. Бидуни озодии ҳаракати шаҳрванд доир ба озодии ҳаёти шахсӣ ва озодии шахсӣ ҳарф задан душвор аст. Ин ҳуқуқ дар ҳама санадҳои байналмилалии аз ҷониби умум эътирофгардида ба сифати ҳуқуқҳои асосии шахсӣ қайд шудааст. Дар моддаи 13 Эъломияи ҳуқуқи башар, моддаи 12 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҳуқуқ ба озодии ҳаракат муқаррар карда шудаанд. Агар Эъломия ин ҳуқуқро ба ҳар инсон мансуб дониста, Паймони байналмилалӣ ба ҳар нафаре, ки дар асоси қонунӣ дар ҳудуди кишвар қарор дорад, ҳуқуқу озодиҳоро пешниҳод намояд, пас Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳуқуқро ба шаҳрвандон додааст.
Ҳуқуқи конститутсионии шахс ба мустақилона муайян кардани муносибати худ ба дин ба меъёри Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки ҳуқуқи инсонро ба озодии фикр, виҷдони мазҳаб пешбинӣ мекунад, ҳамоҳанг аст. Ҳуқуқ ба озодии виҷдон дар шаклҳои мухталиф ифода меёбад. Он аз муайян намудани муносибати шахс ба дин то ба ташкили иттиҳодияҳои диниро фаро мегирад. Озодии эътиқод дар шакли пайравӣ кардан ва ё накардан аз дин пешбинӣ шудааст, аммо дар асл ин паҳнои меъёр бениҳоят васеъ буда, на танҳо дар доираи пайравӣ кардан ва ё накардан, балки масъалаи умуман эътироф накардани эътиқоди диниро низ фаро мегирад. Яъне дар ҳолате, ки шахс на ба ҳамон як дин, балки ба ҳамаи динҳо эътиқод надошта бошад, чунин шахс умуман аз озодии эътиқод берун буда, дар асоси муносибати озодонаи хеш ба виҷдон такя намуда, эътиқоди худро ба арзиши дигаре тавъам медорад. Озодона муайян намудани муносибати шахс нисбат ба дин аз мазмуни моддаи 1 Конститутсия, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намудааст, сарчашма мегирад. Зеро дунявият маънои онро дорад, ки дар ҳудуди давлат ягон дин мавқеи роҳбарикунандаро ишғол намекунад, ягон навъи мафкура бартарӣ надорад ва ҳар инсон озодона аз дини худ пайравӣ мекунад ва ё аз ягон дин пайравӣ намекунад.
Дар охир ҳаминро бояд қайд намуд, ки ҳуқуқу озодиҳои фардӣ ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз гардида, бевосита амалӣ карда мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Айнулозода Наҳтулло,
Дотсент, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj