• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш
САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ!
Возможно, это изображение 1 человекМардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн мегиранд. Дар таърихи 16 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.
Ба арсаи сиёсат ворид гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон солҳои душвор барои Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми тоҷик атои таърих буд. Зеро дар баробари барқарории сулҳу таҳкими амният бо азму иродаи қотеъи Президент дар тамоми соҳаҳо навгониву дигаргуниҳои назаррас рӯйи кор омад. Ин чеҳраи таърихӣ бо хислатҳои волои худ ба дили мардум ҷо ёфт, бо ҳамдастии мардум ва дастгирии ҷомеа дар ҳалли мушкилоти пешорӯи худ комгар шуд, дар ҷодаи сиёсат чун фарди муҳимми дорои хислатҳои воло эътироф гардид. Аз ҷониби дигар, роҳандозии тарзи идораи президентӣ барои кишвари мо дар амри амалӣ намудани хостаҳои мардум созгор омад, ки ин яке аз иқдомҳои шоёни Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора аз шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат дидан карда, бо мардум мулоқот менамояд, аз вазъи зиндагонии онҳо воқиф мешавад, дар ҳалли масъалаҳои мубрам ба қишрҳои гуногуни ҷомеа кумак мерасонанд. Махсусан, ба мушоҳида мегирем, ки Президент дар ҳар сафар ҳатман аз ҳоли маъюбону ятимон ва ниёзмандон хабар гирифтаву дасти навозишро аз сари онҳо дареғ надошта, махзани сахо ва меҳру вафоро ҳамвора ба ин тоифа арзонӣ медорад. Зеро накӯкориву ҳимматбаландӣ ва хайру сахо дар вуҷуди Сарвари маҳбуби миллат чун тору пӯд сиришта аст. Ин хислатҳои хуҷаста дар як рӯзу ду рӯз, як солу ду сол тавлид намегарданд, онҳо реша бар умқи таърих, силки пуштивонаву хонавода доранд ва аз гузаштагон, авлодон ва волидон ба мерос мондаанд. Мардумнавозӣ, мардумдӯстдорӣ, ҳимматбаландӣ ва раъиятпарварӣ далели ҳамбастагии Президент бо мардум аст, ки онро бо истилоҳи «Президенти мардумӣ» низ ифода мекунанд. Зеро ҳамбастагӣ бо мардум, бо ҳиммати худ ва вазми мардум ба роҳ мондани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва анҷоми амалҳои хайру солеҳ масири муҳимми самти кори Пешвои муаззами миллат маҳсуб мешавад. Ба ин хотир, пайваста аз қудуми муборак ва неки Президенти маҳбуби мамлакат файз меборад, ҳар ҷо қадам гузоранд, он мавзеъ обод мегардад, маконҳои нообод ба гулистон табдил меёбанд, зеро ин шахсияти таърихӣ мубораксурат ва муборакқадам буда, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ:
Оре, ҳар ҷое мубораксурате монад қадам,
Гар бувад озаргуҳар гулзор гардад ҳар макон.
Дар мактаби давлатдории Пешвои миллат бунёдкориву ободонӣ ҷабҳаи созандаи ҷомеа унвон гирифтааст. Дар пешвози ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншоот нишон аз бунёдкории сартосарӣ ва ободонии оммави минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон гувоҳӣ медиҳад. Маҳз бо чунин ибтикори созандаву фаъолияти офаранда ва хислатҳои накуву солеҳ мардум ин чеҳраро ба сифати Пешвои миллат багузид. Зеро дар ин чеҳраи мунаввару таърихии мондагор сифатҳои наҷиби шуълаафканӣ, умедофарӣ, бахтофаринӣ, сарҷамъкунӣ, наҷотбахшӣ, офарандагӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, ташаббускорӣ, ҳимматбаландӣ ва эҳёгарӣ ба ҳам омада, дар маҷмуъ, аз ин хислатҳо симои муҳташами Пешвои маҳбуби миллат ташаккул ва таҳким ёфта устувор гардида аст. Аз лиҳози илмӣ ин симои таърихӣ рисолати худро чун эҳёгари таърих, фарҳанг, тамаддун ва офарандаи давлати навини тоҷикон сарбаландона иҷро намуда, аз шахсиятҳои муҳими асри навин эътироф гардид.
Баррасӣ ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои мубрами умумибашарӣ ҷузъи муҳимтарини сиёсатҳои байналмилалии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Аз ҷониби СММ якдилона қабул гардидани панҷ пешниҳоди ин абармарди арсаи сиёсӣ гувоҳи он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азми ҳамагониро барои ҳалли мушкилоти башарӣ, бавижа таъмини оби тоза барои аҳолии сайёра ҳамбаста намуда, хоҳони дастрасии аҳли башар ба оби тозаи нӯшокӣ мебошанд. Яъне ташаббускорӣ дар тинати Пешвои миллати мо маъво гирифта, чун “Пешвои ташаббускор” дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шуҳратёр гардидааст.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Президенти маҳбуби мардум Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ворид гардидан ба саҳнаи сиёсии мамлакат маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ дониста, ба омӯзгорони ҷавон як қатор имтиёзҳо доданд, давра ба давра баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф, бунёди мактабҳои нави замонавии бо таҷҳизоти муосири таълим муҷаҳҳаз, ҷудо намудани квотаи президентӣ барои хонандагони ниёзманд, роҳандозӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон -Ватани азизи ман” аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат ба соҳаи мактабу маориф башорат медиҳад.
Дар баробари чунин хислатҳои ҳамида ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати навини Тоҷикистонро бунёди таърихӣ бахшид. Президент дар масири давлатдории худ мактаби вижаеро рӯйи кор оварданд, ки аз он садҳо мутахассисони ҷавон сабақ андӯхтаву дар ниҳодҳои гуногун ба нафъи миллату ҷамъият садоқатмандона заҳмат мекашанд. Тарбияи насли нави шоистаи Тоҷикистон самараи ҳамин мактаб аст. Мактаби давлатдории Пешвои худогоҳи миллат шуълаи худшиносиро дар замири ҳаводорон ва дарси хештаншиносиро чун чароғи роҳнамо дар ҷодаи сиёсату афкори сиёсатмадорон барафрӯхт.
Мо барои татбиқи сиёсати созанда ва раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таълиму тарбия пайваста ҷаҳд меварзем, то бо баланд бардоштани сифати таълим насли навро дар руҳияи садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ ва рункҳои давлатдории миллӣ, рафоқат ба касби интихобкарда тарбия намуда, дар вуҷуди онҳо меҳри дӯст доштани Ватан, Президенти маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро пойдор созем. Зеро садоқат ба Президент садоқат ба миллат аст!
Ибодуллозода Аҳлиддин,
ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории
Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj