• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Пажуҳиш

ЭҲТИРОМИ РАМЗИ ДАВЛАТ ЭҲТИРОМИ КИШВАР АСТ

Сарбаландиву шукӯҳу ифтихорам парчам аст,

Рамзи кишвар, парфишонии диёрам парчам аст.

Аз замони Кова мерос аст парчам баҳри мо,

Як нишони ин диёри номдорам парчам аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011, дар яке аз суханрониҳои хеш ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намудаанд: «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст

овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст».

 

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми эронинажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад.

«Парчам» вожаи суғдӣ («parčam») аст, ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худи дирафш низ гуфта шуд. Парчамро бо вожаҳои дирафш, алам, байрақ, ливо, роят ифода менамуданд.

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст. Чунончи, дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп – пуштибониЗартушт буд, чунин ёд шудааст: «Baxδim sriram ərəδβō.drafša-», яъне «Балхи зебо бо дирафшҳоибарафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» — «gaoš drafša-» ва«дирафшҳои душманони ориёиҳо» ёд шудааст.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Ин нуктаро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ тасвир кардааст.

Парчами Хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро (то 1-уми сентябри соли 1920), баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро (аз 23-юми сентябри соли 1921 то 14-уми августи соли 1923 ва аз 11-уми октябри соли 1923 то 19-уми сентябри соли 1924) ҳар кадоме бо таҳрирҳои нав, ки рамзи асосиашон ҳилол ва ситора буд ва алифбои форсӣ (ب خ ش ج), яъне Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро навишта шуда буд, пайиҳам рӯйи кор омаданд.

Баъд аз он парчамҳои Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шудан гирифтанд, ки аслан аз парчами ИҶШС (СССР) гирифта шуда буданд.

Тоҷикистон 14-уми октябри соли 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуда, 16-уми октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Парчами ин давраи кишвар 23-юми феврали 1929 пазируфта шудааст.

Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши Қонуни асосии нав парчами он низ дигар шуд ва дирафши ин давраро 25-уми феврали соли 1931 сохтанд.

4-уми июли соли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.

Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кириллии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу путк” нигошта шуд.

Парчами ҶШС Тоҷикистон, ки  аз 20-уми марти соли 1953 то 9-уми сентябри соли 1991 вуҷуд дошт, порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.

То пазириши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу путк” ба кор мебурд. Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх.

24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  гардид, ки банди 18-уми ин санад нахустин манбаи ҳуқуқии рамзҳои истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Парчам дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ рамзи истиқлол ва муқаддасу дахлнопазир эътироф гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ, 2 марти соли 1992 ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд.

То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти рохбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмун беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниход намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд.

Ҳамин тавр, комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллоев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар ҳамон Иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Яъне заминаи таърихию ҳуқуқии ин ҷашн 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ мебошад, ки дар он вақт   қабулу расман тасдиқ карда шудааст.  Қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуданд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид. Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад. Мардуми шарифи кишвар таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд ва ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона заҳмат кашида истодаанд.

6 ноябри соли 1994 Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и он Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб шуд.

Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007, № 254 Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардиданд ва тибқи он  вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчам муайян гардид.

Дар асоси боби 2, моддаҳои 5-6-и Қонуни мазкур тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Аз ҷумла, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад: дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти  идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;  дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд; дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ; дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои ҳарбӣ, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд. Дар вақти афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад. Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ; дар рӯзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо;  ҳангоми эълони мотам ба таври мотамӣ: ба чӯбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд, афрохта мешавад. Дар сурати ба чӯбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чӯбдаста хам карда мешавад. Дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рӯи эҳтироми ҳарбӣ, ки Оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад. Пас аз гӯронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад.

Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд; дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ; дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат; дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ; дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ; дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат дар таърихи 19 ноябри соли 2009, таҳти № 563 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" (3 ноябри соли 1995 № 98) қабул карда шуд, ки дар асоси он  24 ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди корӣ ҷашн гирифта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчам дар таърихи  23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

9-уми сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид. Пас аз ин санаи таърихӣ бунёди майдонҳои Парчам дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамчун иқдоми арҷгузорӣ ба ин рамзи давлат оғоз гардид.

Дар асоси моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар асоси моддаи 483(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, № 455 барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйинкарда мешавад.

Дар асоси моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998, № 574  таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

Имрӯз мо, шаҳрвандони кишвар бояд Парчами давлатиро ҳамчун нахустин нишони муқаддаси давлат, сулҳу субот қадр намоем. Чунки он рамзи ҳувият, давлатдорӣ, ягонагии халқҳои  ин сарзамин аст. Парчам ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст, зеро парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Дар зимни ин гуфтаҳо манзумаи мазкурро ба диққати хонандагон вомегузорам, ки дар ситоиши Парчами миллию давлатии Тоҷикистон суруда шудааст:

Парчами давлат нишон аз Коваи оҳангар аст,

Ҳар нишоне, ки дар он бинӣ, бароям гавҳар аст.

Рангҳояш баҳри миллат рангҳои хуррамӣ,

Ранги сурх ин ҷонисорӣ,  аз барои кишвар аст,

Дар сафедияш аён аст бахту иқболи сафед,

Тозаю озода  қалбаш ҳамчу шири  модар аст.

Хушрӯзӣ, сарбаландӣ, сарфарозии диёр,

Ранги сабзаш рамзи ободии ин баҳру бар аст.

Тоҷу ҳафт ахтар нишони мо зи тарихи куҳан,

Байни парчамҳои дигар аз ҳама болотар аст.

Дониёро,  ин ливои дур(р)фишонро қадр кун.

Эҳтироми рамзи давлат эҳтироми кишвар аст.

 

Сангинзод Дониёр Шомаҳмад – муовини Ректор оид ба корҳои илмии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикитон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj