• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо
Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 7.07.2020, №1856 тасдиқ шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
19.08.2o2o, №568 “б” ба қайд гирифта шудааст.
Тартиби
хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) тартиби аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёнро муайян менамояд.
2. Ҳолатҳои барқарор ва интиқол намудани донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар комиссияи барқарор ва интиқол, ки дар назди қисми таълим бо фармоиши ректори (директор) муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода мешавад, баррасӣ мегардад.
3. Фаъолияти комиссияи барқарор ва интиқоли донишҷӯён дар як соли таҳсил ду маротиба (нимсолаи якум ва дуюм) то оғози ҳар даври академӣ ба роҳ монда мешавад.

2. ТАРТИБИ УМУМИИ ХОРИҶ, БАРҚАРОР ВА ИНТИҚОЛ

4. Донишҷӯ дар ҳолатҳои зерин аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда мешавад:
-         дар асоси ариза бо хоҳиши худи донишҷӯ;
-         бо сабаби интиқол гирифтан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;
-         барои давомоти нокифоя, дар як даври академӣ, яъне бесабаб дар ҳаҷми зиёда аз 48 соат ба дарсшиканӣ роҳ додан;
-         тибқи шартнома дар муҳлати муқарраршуда барои пардохт накардани маблағи таҳсил;
-         барои пас аз рухсатии академӣ сари вақт идома надодани таҳсил;
-         бо сабаби қарзи академӣ доштан;
-         дар триместр бартараф накардани қарзи академӣ аз як ё ду фанни таълимӣ новобаста аз пайдарпайии ҳатмии омӯзиши он;
-         ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ (бе ҳуқуқи барқароршавӣ ба муддати се сол);
-         барои вайрон кардани қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
-         барои содир кардани ҷиноят;
-          пас аз фавт;
-         дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Миқдори кредитҳое, ки донишҷӯ то хориҷшавӣ ё интиқол дар давраи таҳсил ҷамъоварӣ намудааст, ҳангоми барқарор шудан ё интиқол ёфтани ӯ пурра ба инобат гирифта мешаванд.
6. Донишҷӯе, ки пас аз хориҷшавӣ хоҳиши барқарор шуданро дорад, бояд ба роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо ариза муроҷиат намояд. Ба ариза маълумотномаи академӣ (транскрипт) ва иқтибос аз фармоиши хориҷ замима карда мешавад.
7. Донишҷӯе, ки хоҳиши аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таҳсил (рӯзона, фосилавӣ) ба шакли дигар интиқол гирифтанро дорад, бояд ба роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо ариза муроҷиат намояд. Ба ариза маълумотномаи академӣ (транскрипт) замима карда мешавад.
8. Дар маълумотномаи академӣ (транскрипт) номгӯи фанҳои таълимӣ, ҳаҷми кредитҳо ва баҳои донишҷӯ вобаста ба ҳар як даври академӣ мувофиқи нақшаи таълим ба қайд гирифта шуда, бо имзои муовини ректор (директор) оид ба таълим, декани факултет, мутахассиси маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ ва муҳри нишондори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ мегардад.
9. Муҳлати бартараф кардани қарзҳои академӣ барои донишҷӯе, ки бо сабаби доштани қарзҳои академӣ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ шудааст ва ё супоридани фарқият аз рӯи нақшаҳои таълим барои донишҷӯе, ки аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таҳсил (рӯзона, фосилавӣ) ба шакли дигар интиқол ва ё барқарор мешавад, дар ҳафтаҳои таълими назариявии як даври академӣ муқаррар карда мешавад.
10. Донишҷӯе, ки дар нимсолаи дуюми соли таҳсил бо сабаби доштани қарзи академӣ (на зиёда ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ шудааст, дар сурати барқароршавӣ ба ихтисоси худаш ҳангоми фаъолияти комиссияи тобистона (дар соли оянда) қарзҳои академиро ҳамчун фарқият бартараф намуда, барқарор карда мешавад. Донишҷӯе, ки дар нимсолаи дуюми соли таҳсил бо сабаби доштани қарзи академӣ (зиёда ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ шудааст, аз ибтидои ҳамон нимсолае, ки хориҷ шудааст, барқарор шуда, таҳсилро идома медиҳад.
11. Донишҷӯи курси дуюм ва курси болоии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки дар нимсолаи якуми соли таҳсил бо сабаби доштани қарзи академӣ (на зиёда аз ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ шудааст, дар сурати барқароршавӣ ба ихтисоси худаш ҳангоми фаъолияти комиссияи зимистона (дар соли оянда) қарзҳои академиро ҳамчун фарқият бартараф намуда, барқарор карда мешавад. Донишҷӯе, ки дар нимсолаи якуми соли таҳсил бо сабаби доштани қарзи академӣ (зиёда аз ду фанни таълимӣ) аз муассисаи таҳсилоти олии касбй хориҷ шудааст (ба истиснои курси якум), аз ибтидои ҳамон нимсолае, ки хориҷ шудааст, барқарор шуда, таҳсилро идома медиҳад. Донишҷӯи курси якум, ки дар нимсолаи якум бо сабаби доштани қарзи академӣ (на зиёда аз ду фанни таълимй) аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ шудааст, соли оянда баъди супоридани фарқияти санҷишу имтиҳонҳо ба курси якум (аз нимсолаи дуюм) барқарор карда мешавад.
12. Интиқоли донишҷӯе, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидааст, дар асоси Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №254 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.
13. Барқароршавии донишҷӯе, ки аз нимсолаи дуюми курси якум бо сабабҳои узрнок (беморӣ, қарздории академӣ, пардохт накардани маблағи таҳсил, сафарбар шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи оилавӣ) хориҷ шудааст, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба амал бароварда мешавад.
14. Интиқоли донишҷӯи курси якум аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ё аз як шакли таҳсил ба шакли дигар баъд аз даври академии якум ба роҳ монда мешавад.
15. Донишҷӯи курси дуюм новобаста аз фарқияти санҷишу имтиҳонҳо ба курси дуюми ихтисоси мувофиқи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интиқол дода мешавад.
16. Интиқоли донишҷӯ аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ё аз як шакли таҳсил (рӯзона, фосилавӣ) ба шакли дигар бо дар назар доштани иҷрои талаботи барномаҳои таълимӣ ва мавҷудияти фарқият аз рӯи нақшаи таълим (дар доираи кластерҳо) дар ҳаҷми то 18 кредити фаъол (соатҳои фаъол) ба курси худаш ба роҳ монда мешавад. Дар ҳолати аз 18 кредит зиёд муайян гардидани фарқият аз рӯи нақшаи таълим донишҷӯ ба курси поён қабул карда мешавад.
17. Донишҷӯе, ки аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ солҳои пеш хориҷ шудааст (дар муҳлати то 5 сол), баъди супоридани фарқияти санҷишу имтиҳони бамиёномада ба курси худаш аз рӯи ихтисос, шакл ва намуди қаблии таҳсил (рӯзона, фосилавӣ, ройгон ё пулакӣ) ва дар сурати мавҷуд набудани ихтисоси қаблӣ ба ихтисоси ба он наздик (дар доираи кластер) ва шакли таҳсили амалкунанда барқарор карда мешавад.
18. Донишҷӯе, ки аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо сабаби қарзи академӣ ё бо сабабҳои дигар хориҷ шудааст, агар аз давраи хориҷ шуданаш зиёда аз 5 сол гузашта бошад, баъди супоридани фарқияти санҷишу имтиҳон (аз 18 кредити фаъол (соатҳои фаъол) зиёд як курс поён) барқарор карда мешавад. Шакл ва намуди таҳсили (рӯзона, фосилавӣ, ройгон ё пулакӣ) донишҷӯро муассисаи таҳсилоти олии касбй муайян мекунад.
19. Муҳлати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи таҳсил ҳамчун танаффус ҳисобида намешавад. Афсарон ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз муҳлати муайяншуда хизмат кардаанд ё хизмати шоёни ҳарбӣ доранд, новобаста аз муҳлати танаффус барқарор карда мешаванд.
20. Барқарор ва интиқоли донишҷӯ дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар, ки ихтисосҳои (самтҳои) дар назди онҳо амалкунада ба як гурӯҳ (кластер) мансубанд, бо розигии ректорони (директорон) муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад.
21. Интиқоли донишҷӯи дар намуди пулакӣ таҳсилкунанда аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар бо розигии ректорони (директорон) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкилот ё сарпарасте, ки донишҷӯ бо он шартнома дорад, ба роҳ монда мешавад.
22. Интиқоли донишҷӯи хориҷшуда аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар ва дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ё аз як шакли таҳсил (рӯзона, фосилавӣ) ба шакли дигар баъди барқарор гардидан ба роҳ монда мешавад.
23. Интиқоли донишҷӯ (шаҳрванди хориҷӣ) аз муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар дар асоси мактуби розигии муассисаи таълимии қабулкунандаи хориҷи кишвар пас аз анҷоми соли таҳсил ба амал бароварда мешавад.
24. Донишҷӯе, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ройгон таҳсил менамояд ва хоҳиши ба муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар интиқол гирифтан дорад, танҳо дар сурати риояи талаботи тарафайн (баргардонидани маблағи буҷети давлатӣ дар давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба онҳо иҷозат дода мешавад.
25. Интиқоли донишҷӯе, ки ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли идомаи таҳсил, дарёфти таҳсилоти дуюми олии касбӣ қабул карда шудааст, танҳо аз рӯи ихтисоси таҳсилдоштаашон ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар, ки дар назди он ихтисоси мазкур амал мекунад, иҷозат дода мешавад.

3. ТАРТИБИ ХОРИҶ НАМУДАН
26. Хориҷ намудани донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фармоиши ректори (директор) дар асоси пешниҳоди садорати факултет сурат мегирад. Пас аз хориҷ шудан ба донишҷу бо хоҳиши у маълумотномаи академӣ (транскрипт) дода мешавад.

4. ТАРТИБИ БАРҚАРОР НАМУДАН
27Донишҷӯе, ки хориҷ шудааст, метавонад ба курс ва ихтисоси мувофиқ дар сурате барқарор шавад, ки талаботи муқарраршудаи нақшаи таълим барои ин курс ё ихтисос дар маълумотномаи академии (транскрипт) ӯ дарҷ ёфта бошад.
28. Дар мавриди барқароршавии донишҷӯ ба курс ва ихтисоси мувофиқ ҳаҷми кредитҳои фанҳои таълимие, ки аз рӯи онҳо қарзи академӣ ё фарқият месупорад, аз ҷониби комиссияи барқарору интиқол муайян ва баррасӣ карда мешавад. Донишҷӯ дар шакл ва намуди қаблии таҳсил (рӯзона, фосилавӣ, ройгон ё пулакӣ) ва дар сурати мавҷуд набудани ихтисоси қаблӣ ба ихтисоси ба он наздик (дар доираи кластер) ва шакли таҳсили амалкунанда барқарор карда мешавад.
29. Фармоиши ректори (директор) муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба барқароркунии донишҷӯ дар асоси пешниҳоди садорати факултет ва қарори комиссияи барқарор ва интиқол қабул карда мешавад.
30. Донишҷӯ пас аз қабул шудани фармоиши ректори (директор) муассисаи таҳсилоти олии касбӣ миқдори кредитҳои заруриро, ки мувофиқи нақшаи таълим аз худ карда натавонистааст, дар давраи ҳафтаҳои таълими назариявии даври академӣ аз нав аз худ мекунад. Дар сурати дар муҳлати муқарраргардида бартараф накардани қарзҳои академӣ бо фармоиши ректор (директор) донишҷӯ хориҷ карда мешавад.

5. ТАРТИБИ ИНТИҚОЛ НАМУДАН
31. Донишҷӯе, ки хоҳиши ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар интиқол ёфтанро дорад, бояд ба номи ректори (директор) муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда бо аризаи хаттӣ ва ба он замима намудани маълумотномаи академӣ (транскрипт) муроҷиат намояд. Донишҷӯ баъди гирифтани розигии хаттии ректори (директор) муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ба ректори (директор) муассисаи олии касбие, ки дар он таҳсил менамояд, бояд бо ариза ва ба он замима гардонидани нусхаи асли аризаи розигии муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда муроҷиат намуда, розигии ӯро низ ба даст орад (дар ариза бояд розигӣ, имзо ва муҳри нишондор бошад).
32. Роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда уҳдадор аст, дар асоси қарори комиссияи барқарор ва интиқол ва розигии ректори (директор) муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки донишҷӯ дар он таҳсил менамояд, фармоишро дар бораи интиқол ёфтани донишҷӯ ба имзо расонида, бо замима гардонидани нусхаи он бо мактуб ба ректори (директор) муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки донишҷӯ дар он қаблан таҳсил менамуд, ирсол намояд.
33. Роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки донишҷӯ дар он қаблан таҳсил менамуд, уҳдадор аст, ки дар асоси мактуб ва нусхаи фармоиши ректори (директор) муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда, фармоиши хориҷ намудани донишҷӯро «бо сабаби интиқол ёфтан» ба имзо расонида, дар муддати 10 рӯз ба нишонии муассисаи таҳсилоти олии касбии қабулкунанда ҳуҷҷатҳои зерини донишҷӯро фиристад:
-         ҳуҷҷатҳои шахсии донишҷӯ;
-         варақаи таҳсили донишҷӯ;
-         нусха аз фармоиши ректор (директорон) оид ба интиқол;
-         номгӯи ҳуҷҷатҳои фиристодашуда.
34. Интиқоли донишҷӯи хатмкунанда аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шуъба ба шуъбаи дигар ва аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар манъ аст.
35. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тартиби баррасии муроҷиатҳои воридгардидаро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ мемонад.
6. ТАРТИБИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁНЕ, КИ ДАР МУАССИСАҲОИ
ТАЪЛИМИИ ХОРИҶИ КИШВАР ТАҲСИЛ КАРДААНД ВА
НОСТРИФИКАТСИЯ КАРДАНИ ҲУҶҶАТИ НАМУНАИ
ДАВЛАТИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶИ
(ДИПЛОМИ ЗИНАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ ВА БАЪД АЗ
МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМИ)


36. Ҳуҷҷати таҳсилоти намунаи давлатии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ (дипломи зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ) дар сурати бо Ҷумҳурии Тоҷикистон надоштани созишномаи дахлдор нострификатсия карда мешавад.
37. Ҳуҷҷати таҳсилоти намунаи давлатии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ (дипломи зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ), ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи дахлдор доранд, нострификатсия карда намешавад ва танҳо хулосаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
38. Донишҷӯе, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимии хориҷи кишвар таҳсил кардааст, бе нострификатсия баъди хулосаи комиссияи интиқолу барқарори муассисаи таълимӣ барои идомаи таҳсил иҷозат дода мешавад. Муассисаи таълимӣ баъди баррасии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот рӯйхати донишҷӯёни интиқолёфтаро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани курс, ихтисос, миқдори кредитҳо пешниҳод менамояд.

7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
39. Дар сурати риоя накардани талаботи тартиби мазкур тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони масъул чораи дахлдори ҳуқуқӣ андешида мешавад.
40. Иҷрои талаботи тартиби мазкур ҳангоми фаъолияти комиссияи барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ҳатмӣ буда, истифодабарандагон метавонанд ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бандҳои дахлдори он ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таклифу пешниҳод манзур созанд.
41. Ба тартиби мазкур тибқи тартиби муқарраргардида тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад.



 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj