• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН ДАР ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение один или несколько человек и помост4-уми декабри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон таҳти унвони “Фаъолияти волонтёрӣ- мактаби муҳими ташаккули ҷавонон” бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Назарзода Нигора-муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Раҳмонов Расул-намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Дилшод Раҷабов-раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, Давлатшо
Каримов-мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳои илмӣ-оммавӣ, гуруҳи волонтёрони фаъоли назди Шуъбаи кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни факултетҳо иштирок доштанд. Чорабиниро Назарзода Нигора-муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз доштанд, ки ҳамасола 5-уми декабр “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” қайд карда мешавад. Волонтёрӣ ин фаъолиятӣ бошарафу хайрхоҳона баҳри ободиву пешрафти диёр ва ҷомеа мебошад. Тавассути фаъолияти волонтёрӣ, ҷавонон мо ҳиси ватандӯстию мардонагӣ ва дӯстию рафоқатро меомӯзанд. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти волонтёрӣ барои рушди малакаҳои зеҳнӣ, инкишофи маънавӣ, рушди истеъдодҳо, анҷом додани амалҳои хайрхоҳона ва ба ин васила тарбия намудани ҷавонон ва барои соҳибтахассус гаштани онҳо соли 2013 Қонун “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” қабул гардид. Дар асоси ин қонун имрӯз дар тамоми муассисаҳои миёна, олии касбӣ, мақомотҳо ва кумитаҳои давлатӣ волонтёрон фаъолият доранд. Маҳз бо фаъолияти волонтёрӣ имрузҳо ҷавонони мо тавонистанд, ки дар ҷомеа, оила ва байни дӯстони худ мавқеи хешро пайдо намуда истеъдоду малакаи худро нишон диҳанд.
Сипас, волонтёрони фаъол, хатмкардагони курси “Пайравони Пешвои миллат” Ҳалимова Нурангез ва Табарзода Аниса инчунин волонтёри фаъоли назди Шуъба Раҷабзода Фазолатҷон дар бобати Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ ғолибони мусобиқаи варзишии “Футболи хурд”, озмуни “Мақолаи беҳтарин”, ки дар асоси дастури ректори донишгоҳ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии волонтёрон миёни 14-дастаи факултетҳо баргузор гардида буд, натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3, ҷом ва мукофотпулиҳои Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён қардонӣ карда шуданд. Дар ин радиф ба Ҳалимова Нурангез донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ барои хониши хуб ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва банайлмилалӣ бо шаҳодатнома ва нишони “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” сарфароз гардонида шуд. Инчунин, бахшида ба ин ҷашн волонтёрони фаъолу собиқадор бо ифтихорномаҳои ректори донишгоҳ, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом, барномаи фарҳангии ансамбли Чеҳранамои донишгоҳ бо сурудҳои дилниши хеш табъи ҳозиринро болида ва ба чорабини ҳусни дигар зам намуд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj