• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ГУРӮҲИ ДИГАРИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ ТАБОДУЛИ ТАҶРИБАРО ДАР ДОНИШГОҲИ ЛИНГВИСТИИ МИНСК ОҒОЗ НАМУДАНД
Дар асоси созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус, ҳамзамон созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи лингвистии Минск ду нафар кормандон ба Донишгоҳи лингвистии Минск барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд.
Дар таҷрибаомӯзӣ деканони факултетҳои самти забоншиносӣ сафарбар
гардида оид ба самтҳои таълимии ин донишгоҳи бонуфуз табодули таҷриба гузаронида истодаанд.
Деканони факултети филологияи тоҷик ва забонҳои романӣ-германӣ дар самти худ бо ҳаммаслакони худ вохӯриву суҳбатҳо гузаронида аз таҷрибаҳои донишгоҳҳои худ ибрози андешаҳо намуданд.
Иттилоъ медиҳем, ки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки дар асоси созишномаҳои дуҷониба кормандону устодон, донишҷӯёну олимонро ба кишварҳои хориҷӣ барои табодули илмӣ таълимӣ сафарбар намояд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj