• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ АЛТАЙ ВУСЪАТ МЕЁБАНД
Возможно, это изображение 5 человек и люди учатсяИмрӯз санаи 12.12.2023 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи далвтаии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай (Федератсияи Россия)-ро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо зимни сӯҳбат доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба андешаронӣ намуда оид ба густариш додани ҳамкориҳои муттақобилан судманд омодагиҳои хешро иброз доштанд.
Дар рафти суҳбат намояндагон ба муввофиқа расиданд, ки ҳамкориро
дар заминаи табодули академӣ, курсҳои такмили ихтисос, ташкили барномаҳои таҳсилотии муштарак, даъвати профессорон ба муассиса, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоқи муштараки ҳайати профессорӣ-омӯзгорони донишгоҳ ва амсоли инҳо тақвият бахшанд.
Боиси хушнудист, ки акнун донишҷӯёни мо метавонанд дар зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай (Федератсияи Россия) ба шакли буҷавӣ/шартномавӣ таҳсили худро идома диҳанд.
Намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай бо донишҷӯёни факултети забонҳои романӣ-германӣ ва факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи донишгоҳ вохӯрӣ гузаронида доир ба имкониятҳои таҳсил дар Алтайро муаррифӣ намуданд. Бояд, зикр кард, ки донишҷӯёни факултетҳои болозикр аз ин дастгириҳо ва имкониятҳо ҳавасманд гардида ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи далвтаии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11-уми октябри соли 2019 ба муҳлати (5) панҷсолаи автоматӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай (Федератсияи Россия) созишномаи ҳамкориро ба имзо расонидааст.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj