• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

АЁДАТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ АЗ КАСАЛИҲОИ РУҲИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ ДАР ОСТОНАИ СОЛИ НАВ
Возможно, это изображение 6 человекИмрӯз, 22-юми декабри соли 2023 бо ибтикори ректори донишгоҳ , раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия дар остонаи Соли нави мелодӣ аз беморони Муассисаи давлатии "Хона-интернати беморони руҳии ноҳияи Восеъ"-и вилояти Хатлон дидан намуданд.
Зимни аёдати беморон ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ аёдати беморону ниёзмандон ва дастгирии қишри ниёзманд аз самтҳои афзалиятноки сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллатамон ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
шумор меравад.
Ҳангоми аёдат ба беморони касалиҳои руҳии ин беморхона аз ҷониби Раёсати донишгоҳ кӯмаки яквақтаинаи маводҳои ғизоӣ аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, биринҷ, равған, орд, шакар, тухм, сабзавотҳо, мевагиҳо, нӯшокиҳо, гӯшт, анвои шириниҳо, нӯшокиҳои ранга, печениҳо, нон, собун ва як қуттӣ хамираи дандоншӯӣ ва дорувориҳои ниёзи аввалияву дигар маҳсулотҳо тақдим гардид.
Ҳамзамон дар доираи ташриф ректори донишгоҳ баҳри 220 нафар беморони руҳии ин Хона-интернат хони махсуси идонаи иборат аз таъомҳои Оши палов, Шурбо ва гуштбирён ороста, ҳамагиро бо таъоми яквақтаина меҳмондорӣ намуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj