• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШКАДАИ ОМУЗГОРИИ ШАҲРИСАБЗ БАСТА ШУД
Возможно, это изображение 2 человека, помост, отдел новостей и текст «шоназаров чамшед шухратович ректор донишкад даи давлатии ому вгории шахрисабз ибодуллозода ахлиддин ибодулло ректор донишгохи давлатии омузгории точикистон ба номи садриддин айнй»15-уми феврали соли 2024 миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба таври маҷозӣ баста шуд. Ҳуҷҷати ҳамкорӣ аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ибодуллозода Аҳлиддин ва ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабз Шоназаров Ҷамшед Шуҳратович дар шакли маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳоло тибқи бандҳои созишномаи мазкур рушди табодули таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва ба таҳсил фарогирии донишҷӯён, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ба роҳ мондани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолияти муҳимми илмӣ-фарҳангӣ, ки ба манфиати ҷонибҳо мебошад, роҳандозӣ карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкориҳои судмандро бо 111 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бонуфузи дунё тавсеа бахшад.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj