• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ДАР ЗАМИНАИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИСАБЗ
Возможно, это изображение 4 человека и текст15-уми феврали соли 2024 миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабз (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба таври маҷозӣ созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Дар заминаи созишномаи ҳамкории мазкур миёни факултетҳои илмҳои дақиқ математика ва физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабз шартномаи ҳамкорӣ миёни факултетҳо ба имзо расонида шуд.
Воқеан, такя кардан ба неруи зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Аз ҷумла, яке аз масъалаҳое, ки ба он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир
карда шуд, аз тарафи Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» буд. Ҳадафи ин тадбир боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омузгорон мебошад.
Ин иқдому дастгирии ҷавонон, олимону муҳаққиқони донишгоҳро водор месозад, ки дар татбиқи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳм гузоранд.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj