• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Бузургдошти устод Айнӣ дар донишгоҳ

Қисми тарбияи донишгоҳ таҳти сарварии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Раъно Бобокалонова бахшида ба таҷлили 140-солагии Садриддин Айнӣ шуруъ аз 28-уми март то15-уми апрел як қатор нақшаву чорабиниҳоро, ки тарҳрезӣ карда буданд, амалӣ кард. Аз ҷумла, сафарбар намудани устодону донишҷӯён ба театри М.Воҳидов барои тамошои намоиши «Гирдбод», таълиф ва чопи мақолаву маърӯзаҳо аз ҷониби устодону шогирдон вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти С.Айнӣ, гузаронидани шанбегӣ дар боғи Айнӣ, тамошои хонамузеи нависанда, боздиди кормандони раёсати донишгоҳ, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва донишҷӯён аз оромгоҳи устод ва баргузор намудани конференсияи илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба зодрӯзи ин муаррихи бузурги миллати тоҷик гувоҳ бар онанд, ки кормандони ин шуъба барои пос доштани хотираи бузургон ва баланд бардоштани ҳисси милливу ватанпарастии донишҷӯён сайъ менамоянд.

Илҳоми Абдулло

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj