• Tajik
  • Russian
  • English
Маколаҳо
There are no translations available.

САҲМИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостейТаъсиси Артиши миллӣ дар шароити ноороми вазъи сиёсӣ сурат гирифт, ки онро ба се марҳила ҷудо намудаанд, ки ҳар як марҳалаи он аз вазифа ва мақсадҳои худ иборат аст.
Мақсади асосии марҳалаи аввал таъсиси Артиши миллӣ, ташкили қувваҳои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои мусаллаҳ гузошта шуда қонун «дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва дигар қонуну санадҳои муҳими ташкилӣ» қабул карда шуданд.

Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт.

Марҳалаи сеюми сохтори Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.

23 феврали соли 1993 намоиши расмии гузашти низомӣ қувваҳои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор гардида буд, ки онро метавон гардиши куллие дар ҳаёти Артиши миллии мамлакат номид. Ин шаҳодати он буд, ки роҳбарияти давлату ҳукумати навташкили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ташкилу ташакулли қувваҳои мусаллаҳ ҷиддӣ машғул аст.

Ҳамин тавр дар ҳаёти низомии мамлакат як силсила қарору чорабиниҳое қабул шуданд, ки онҳо қудрати Артишро боз дучанд гардонданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 195 аз 30 апрели соли 2002 Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ ба Донишкадаи Ҳарбии Вазорати Мудофиа табдил дода шуда, бо фармони Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 130 аз 14 июни соли 2002 Низомномаи Донишкадаи Ҳарбӣ тасдиқ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва сохтори конститутсионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот карданд.

Мо ҳаргиз, қаҳрамонию ҷонисории онҳоро нахоҳем фаромўш кард.

Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида имрўз бо муттахасисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи мунтаззами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тўли ин солҳо барои ҳифзи дастоварҳои истиқлолият, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.

Қайд кардан зарур аст, ки чи дар давраи осоиштагӣ ва чи дар давраи нооромии вазъи сиёсӣ Артиши миллӣ дар низоми давлатдорӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд.

Мирзоев М.Н.
омўзгори калони кафедраи таърихи умумӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

free pokerfree poker

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj