• Tajik
  • Russian
  • English
Маколаҳо
There are no translations available.

НИЗОМИ АРТИШДОРИИ ШОҲАНШОҲИИ ҲАХОМАНИШИҲО (Ба муносибати Иди Артиши миллии Тоҷикистон)

Таърихи артишдории тоҷикон, ҳамчун як рукни давлатдорӣ ба аҳди бостон иртибот мегирад. Ҳанӯз аз замони Пешдодиёну Каёниён ба баъд, ҷадди номовари мо ба хотии дифоъ аз марзу бум ва муқаддасоти инсонии хеш дар асоси меъёрҳое, ба мисоли адолату ҳақиқат бо қувваҳои тахрибкор пайваста пайкор намудаанд. Ҳамин буд, ки мо тавонистем дар дарозои таърих, бо вуҷуди нобасомониҳои рӯзгор аз худ ва суннатҳои давлатдории худ дифоъ намуда, имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии худ гардем.

Дар пайраҳаи таърих гузшатагони номовари халқи тоҷик бо мақсади дифоъ аз Ватан ва арзишҳои маърифатӣ дар такмили мактаби ватандорӣ, низоми артишу артишдорӣ, садоқату муҳаббат ба марзу бум нақши бориз гузоштаанд. Бо ба сари қудрати сиёсӣ омадани сулолаҳои гуногуни ориёӣ ва таъсиси империяҳои паҳновар санъати артишдории ориёиҳо – тоҷикон торафт такмил ёфта, он ба як мактаби бузурги ҷасорату шуҷоат табдил ёфт. Ба хусус дар замони ҳукмронии нахуст иперияи ҷаҳонӣ – Ҳахоманишиён (550 – 330 пм) артиш ба як низоми муайян ворид шуда, хело нерӯманд гардид.

Бинобар маълумоти ададбиёти таърихӣ, бунёдгузори шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо – Куруши Кабир (550 – 530 пм) дар ибтидо, бо як қӯшуни хуб кордида ба пойтахти давлати Мод – шаҳри Экботан (Ҳамадони имрӯзаи Эрон) ҳуҷум овард ва ба рӯзҳои охири мавҷудияти ин давлат нуқта гузошт.

Пасон, Куруш бо мақсади тақвияти қудрати давлати худ ва поянда будани шоҳаншоҳии ориёиҳо ба артиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд. Ин буд, ки дар кори кишваркушоӣ муваффақ гардид ва чун сипаҳсолор дар таърихи ҷаҳонӣ мақом пайдо намуд. Бинобар навиштаи муаррихи тоҷик Ҳамза Камол: «Куруш дар сиёсати кишваркушоӣ ва лашкаркашӣ аз чунон нирӯи бузурге бархӯдор буд, ки тавонист дар камтарин муддат аз салтанати кишвари хурди Оншон ба мақоми шоҳаншоҳии Эрон ва ташкили силсилаи пуразамати Ҳахоманишиён бирасад. Императории Модҳо, Лидӣ ва Бобулро дарҳам шикаст ва мамлакате ба вуҷуд овард, ки он замон аз ҷиҳати бузургӣ ва паҳноварӣ дар таърих собиқа надорад. Дар охири салтанати ин шоҳ ҳудуди Эрон аз ғарб то гарданаи Дарданел, аз шарқ рӯди Синд, аз шимол то Қафқоз ва дарёи Хазар ва рӯди Сайҳун, аз ҷануб то баҳри Уммон ва халиҷи Форс ва ҷазираҳои Арабистон густариш ёфта буд». Паҳноварию бузургии ин давлат далели возеҳи қудрати андешаи воло ва нерумандии артиш мебошад.

Умуман, артишдорӣ дар давлати Ҳахоманишиҳо, махсусан дар аҳди Куруш ва шоҳони минбаъда, ба монандӣ Камбуҷиё (530 – 522 пм), Дориюши Кабир (522 – 486 пм), Ҳушёршоҳ (486 – 465 пм) ба як низоми муайян ворид шуда, воқеан ба мактаби ҷасорат табдил ёфт. Агарчанде, нерӯҳои ҳарбии Ҳахоманишиҳо ҳанӯз дар аҳди Куруш ва писараш Камбуҷиё қудратманд буд, аммо низоми артиш бештар ба сиёсати Дориюш иртибот мегирад. Вай тавассути ислоҳотҳои пиёда намудаи хеш тавонист дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ, ба хусус дар ҳарбиёт тартиботи муайяне ҷорӣ намояд.

Бо дарки аҳамият ва муҳимияти артиш шоҳони Ҳахоманишӣ ҳамеша дар усули лашкардорӣ навгонӣ ворид намуда, мекӯшиданд ба сафҳои қӯшун афроди ҳарбдидаю садоқатпеша шомил бошад. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани табрикии хеш ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин қайд намуда буданд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз дар замонҳои қадим сипоҳи машқдида доштаанд ва аз тарзу усулҳои пешбурди амалиёти ҷангӣ бархурдор будаанд». Ба нигоштаи Сарвари давлат аз рӯи маълумотҳои китоби муқаддаси “Авесто” сипоҳиён (ҳарбиён) дар низоми табақабандии ориёиҳо мақоми дуюмро ишғол менамуданд. Воқеан, дар китоби “Авесто” борҳо ин табақа ба некӣ зикр мешавад ва дар ҷамъият пас аз «Отурбон» (мубадон, донишмандон) соҳиби ҷойгоҳи хос мебошанд. Агарчанде, ки дар давлати Ҳахоманишиҳо ба ҳеҷ дин, бо назардошти моҳияти ҳуқуқии Эъломияи ҳуқуқи Куруши Кабир, бартарият дода намешуд, аммо чун анъанаи пешгузаштагон сипоҳиён ҳамонгунае, ки дар “Авесто” нишон дода шудааст, ҷойгоҳи худро доштанд.

Дорои Бузург бо мақсади таҳкими давлат дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар артиш ислоҳот гузаронид. Мувофиқи ислоҳоти шоҳ лашкари доимоамалкунандае, ки вуҷуд дошт ба он тақвият бахшида шуд. Дар зери таваҷҷуҳи шоҳ иқтидори лашкар афзуд ва ҳолати омодабошии он ҳам аз мадди назар дур намонд. Яке аз навъҳои артиш бо номи горди шоҳӣ, ки иборат аз саворанизомони ашрофзода ва пиёданизомиён буд, ташкил мекард. Горди шоҳӣ, инчунин соҳиби як қатор бартариятҳо буда аз боли дигар лашкариён назорат мебурд. Вазифаи асосии горд ин ҳимояти дарбор, шоҳ ва хонадони ӯ буд. Теъдоди онҳо асосан ба ҳазор нафар мерасид ва сарлашкар бо номи “ҳазорпат” (сарвари лашкари ҳазорнафара) шинохта мешуд. Дар навбати худ ин горд боз ба дастаҳои саднафара тақсим мешуданд, ки ба онҳо садапад фармонравоӣ менамуд.

Низомиёни горд асосан аз ашрофзодагони форс пазируфта мешуданд. Ба гумони ғолиб, ин тадбир ба он хотир буд, ки артиш ба шоҳ ва дарбор содиқ бошанд. Гордиён ва ё ба истилоҳи дигар, гурдҳо аслан аз мактаби махсус гузашта ба мисли фидоиён амал менамуданд. Ҷавонмардӣ, садоқат, шуҷоатмандӣ, далерӣ, фидокорӣ хоси онҳо буд. Истилоҳи «гурд» ба маънии паҳлавонӣ, далерӣ истифода мешавад, ки ин маънӣ дар кору пайкори гордиҳои Ҳахоманишӣ дида мешавад. Аз он, ки Абулқосим Фирдавсӣ «Зи гурдони шоистаи корзор...» мегӯяд, ҳамин далерию паҳлавонии гурдонро зери назар дорад. Аз ин ҷост, ки бештар гордиён бо номи гурдҳо ҳам зикр мешуданд. Аслан истилоҳи “горд”, ки бештар дар муаррифии ин артиш истифода мешуд дар замони имрӯза ба маънии гавардия кор фармуда мешавад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар шарҳи ин истилоҳ чунин оварда шудааст: «аскарони хоса барои муњофизати сардори давлат ва сарлашкарњо; ќисмњои баргузида ва имтиёзноки лашкар...». Аз ин бармеояд, ки гвардия ҳамчун як навъи артиши подшоҳӣ, дорои ҳуқуқ ва имтиёзҳои муайян, бори аввал аз ҷониби гузаштагони дури мо, яъне Ҳахоманишиҳо дар асри VI пеш аз мелод ташкил шудааст. Агарчанде, ки истилоҳи «гвардия» бори аввал дар асри Х-и мелодӣ, дар Италия пайдо шудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки эҷодкунандагони чунин навъи артиш мардуми Италия мебошанд. Дар шароити муосири давлатдорӣ гвардия дар бештари давлатҳо ҳамчун як воҳиди мустақили артиш вуҷуд дорад. Дар ин баробар, тоҷикон низ чун меросбарои ниёгон дар замони соҳибистиқлолӣ соҳиби гавардияи миллии хеш гардиданд.

Дар идораи давлати Ҳахоманишиҳо нақши се девон (вазорат) – девони молия, артиш ва додгарӣ (суд) хело назаррас буд. Асосан аз болои тамоми муносибатҳои ҳарбӣ девони ҳарбӣ назорат мебурд. Сардорони девонњоро шоњ аз миёни ашрофон таъин менамуд. Мамлакат ба ҳафт ҳавзаи ҳарбӣ, ки ба унвонии «топар» ёд мешуд, тақсим гардид. Сарварони топарҳоро худи шоҳ таъин мекард. Теъдоди артиши Ҳахоманишиҳо дақиқ маълум нест, аммо аз рӯи нигоштаҳои муаррихони юнонӣ, форсҳо дар ин давра дорои артиши доимоамалкунандае, бо номи «Ҷовидон» буданд, ки шуморааш 10 ҳазор нафар буд.

Артиш ҳамеша бо тамрин машғул буда, ҳатто соле як маротиба тамрини асосиро зери назари худи шоҳ мегузарониданд. Бо ин амал шоҳ аз вазъи омодабошии артиш огоҳ шуда дараҷи эътимоди хешро муайян менамуд. Дар чунин маврид шоҳ метавонист барои пешрафти кор тавсияҳои судманди хешро ироа дорад. Ин тадбир имрӯз бо номи паради ҳарбӣ ва гузаштҳои низомӣ маълум аст. Баъзан гузаштҳои низомии мутантан доир мегардид, ки дар он худи шоҳ низ бевосита иштирок менамуд. Доир ба чунин як гузашт дар аҳди Ҳушёршоҳ, муаррихи Юнони қадим Ҳеродот чунин менависад: «Пеш аз сипоҳ корвон ва чорпоёни боркаш ҳаракат мекарданд. Сипас. Гурӯҳҳои мардумони мухталиф ба дунболи онҳо мерафтанд. Вақте ниме аз ин анбӯҳи нерӯҳои муваффақ ба убур мешуданд, муддате роҳ холӣ мемонд. Пешопеши шоҳ ҳазор саворанизоми мунтахаб ва баъди он ҳазор найзадор, ки фармондеҳи онҳоро ҳазобрапати (фармондеҳи ҳазор нафар) мегуфтанд, дар ҳаракат буданд. Сипас, даҳ аспи муқаддаси нисейи, ки бо афзори зебо ороиш дода шуда буданд, мегузаштанд. Ин аспҳо хело бузург буданд ва дар ҳамвориҳои дашти Нисейи Мод парвариш меёфтанд. Баъди гузашти ин аспон, аробаи муқаддаси Аҳурамаздо, ки ҳашт аспи сафед онро мекашид дар ҳаракат буд. Аз ақиби ин аспҳо масълуи ароба, ки лаҷоми аспон дар дасташ буд, пиёда медавид. Аз паси ин ароба Хушоёршо дар аробае, ки аспони нисейӣ онро мекашиданд, мерафт». Ба эҳтимоли зиёд шояд чунин гузаштҳои бошукӯҳ ва зебо ба муносибати ҷашнҳои бузург доир гардад. Зеро, шоҳони Ҳахоманишӣ дар баргузорию таҷлили ҷашнҳои қадимаи ориёӣ дар сатҳи хело олӣ, нақши бузург доранд.

Барои ориёиҳо масъалаи ҳифзи зодгоҳ, арзишҳои аҷдодӣ, номус ҳамчун вазифаи муқаддас ва ҳукми аҳуроӣ дониста мешуд. Зеро, дар худи “Авесто” ҳифзи хонаву дар ва зодгоҳ таъкид мешавад. Дину мазҳабро ба хотири муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Ватан истифода мекарданд. Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ тарбияи ватандӯстӣ дар миёни ориёиҳо аз синни 5 солагӣ шурӯъ мешудааст. Ҳанӯз аз синни хурдӣ барои мустаҳкамшавии ҷисми бачаҳо ба онҳо чунин варзишҳо, аз ҷумла аспсаворӣ, давидан, шиноварӣ, тирандозӣ, жӯбинпаронӣ, чавгонбозӣ ва ғайра, мӯзонида мешуд. Ҳангоми ба синни баркамол расидан ҳифзи Ватан барояшон чун қарзи инсонӣ ва фарзандӣ дониста мешуд. Бо вуҷуди ин, боз дар ин маврид расмияти давлатӣ вуҷуд дошт. Мувофиқи он хизмати ҳарбӣ аз синни 20 солагӣ оғоз ёфта, он барои ҳамаи мардони солими ба ин синну сол расида ҳатмӣ буд. Аммо муддати хизмат чандон маълум нест.

Барои ҳарбиён лагерҳои махсусгардонидашуда вуҷуд дошт, ки онҳо метавонистанд бо зану фарзандони хеш ба таври муваққатӣ он ҷо зиндагӣ кунанд. Бинобар навиштаи академик Ю. Яъқубов сарбозони артиши Ҳахоманишиҳо моҳе як маротиба маош ҳам мегирифтаанд.

Тавре, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ оварда мешавад шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо ба 20 (ҷои дигар 30) хушатрия ё ҳаштрап (воҳиди марзӣ – маъмурӣ, вилоят) ҷудо мешуд. Роҳбарони хушатрапияҳо бо номи «хушатр» ё «хшатрапаван» ёд мешуданд. Шоҳ Доро вазифаҳои ҳарбии хушатрҳоро, бо мақсади ба вуҷуд наомадани қувваҳои марказгурез маҳдуд намуда дар ҳар вилоят маснади алоҳидае барои корҳои ҳарбии он ҳудуд, таъсис медиҳад. Чунин саркардаҳои ҳарбӣ на ба ҳокими вилоят, балки ба худи шоҳ итоат мекарданд. Бо ин усул мутамарказияти давлат нигоҳ дошта мешуд. Сарлашкарон ҳатман аз ҳисоби форсҳо ва аз афроде таъин мешуданд, ки шоҳ ва хонадонашу дарбориён ба ӯ эътимод ҳосил намуда бошанд. Дар ҳолатҳои исёну туғён кардани як ё якчанд сарлашкар идораи марказии давлат метавонист сарлашкарони вилоятҳои дигарро бар зидди онҳо истифода барад. Дар масъалаҳои ҳарбӣ хшатрап ба сарлашкари минтақаи ҳарбӣ итоат мекард. Дар минтакахои сарҳадй, дурдаст ва дигар маҳаллаҳои аҳамияти муҳими ҳарбй дошта қалъаҳо мавҷуд буда, дар онҳо дастаҳои махсуси ҷанговарон нигох дошта мешуданд.

Ҳамон тавре дар боло ишора намудем, ҳарбиён ҳамеша зери назорати шоҳ ва нафарони масъули давлатӣ қарор доштанд. Масъулону саркардагони ҳарбӣ барои хуб нигоҳ доштани лашкар мукофот ва барои бад нигоҳ доштани он ҷазо мегирифтанд ва хатто аз вазифа маҳрум карда мешуданд.

Дар сафи артиши муқаррарии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо ҷанговарони суғдию бохтарӣ, аз ҷумла сакоиҳои диловар низ шомил буданд. Будани онҳо дар артиш сабаби музаффариятҳои зиёди артиши Ҳахоманишиҳо гардидааст. Нақши марказӣ доштани сарбозони варорӯди таваҷҷӯҳи олимони зиёдеро ба худ ҷалб намудааст. Бартарияти онҳоро дар артиш шоир ва драматурги Юнони қадим Эсхил чунин ба қалам додааст: «Бохтариҳо дар артиши форсҳо аз ҳама беҳтарин буданд...». Олимон теъдоди аскарони савораи бохтариро дар артиши Ҳахоманишиҳо то ба 30 ҳазор нафар медоданд. Маҳз, сарбозони варорӯдӣ буданд, ки дар ҷанги Марафон (с 491 – 490 пм) артиши Дорои I то марзҳои Юнон ҷангукунон рафт. Агарчанде, бо сабабҳои гуногун ғолибияти пурраро ба даст наоварда бошанд ҳам, аммо ба пахши шӯришҳои ғасбкоронаи онҳо муваффақ гардиданд. Академик Бобоҷон Ғафуров дар ин маврид чунин менависад: «Бисёр ҷанговарони моҳир ва корозмуда дар қӯшуни Ҳахоманишиҳо аз Осиёи Миёна буданд. Масалан, дар вақти ҷанги Юнону Форс, дар муҳорибаи Марафон дар қатори аскарони пиёдагарди форсҳо сарбозони савораи сакоӣ ҳам ширкат намуда, ҷанговарони дастаи марказии афиниҳоро ба ақибнишинӣ маҷбур карданд. Сакоиҳо ҳамчунин дар муҳорибаҳои назди Платей ва Фермопил мардонагӣ ва ҷасорати фавқулодда нишон доданд».

Муаррихи рус И. В. Пянков низ ба шуҷоату далерии сакоиҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вобаста ба масъалаи мавриди назари мо ба таври зайл изҳори ақида мекунад: «Сакҳо яке аз қисмҳои лашкари Форсро ташкил медоданд ва дар юришҳои Ҳахоманишиҳо иштирок карда, дар яке аз ин юришҳо ба Юнон даромаданд». Воқеан, дар ин давра сарбозони сакоӣ дар бештари ҷангҳо барои ҳифзи сарҳад иштирок мекарданд. Бостоншиносон хело зиёд маводеро пайдо намудаанд, ки собитгари иштироки бохтариҳо, хоразмиҳо ва сакоиҳо дар муҳорибаҳои қаламрави давлати Ҳахоманишиҳо аз Миср то Ҳинду Осиёи Миёна ҳастанд. Ба навиштаи Б. Ғафуров ҷанговарони сакоӣ, ҳатто дар ҳайати қӯшунҳои киштигард низ шомил буданду дар муҳорибаҳо иштирок мекарданд.

Дар баробари ин боз буданд қувваҳои ҳарбие, ки ба марзу бум чандон садоқат нишон намедоданд.Онҳо аслан ҳамон сарбозоне буданд, ки дар натиҷаи ҷангу юришҳо аз давлатҳои дигар бандӣ шуда пасон аз ҳисоби онҳо қӯшунҳои алоҳида тартиб дода мешуд, ки ин қувваҳо бо номи артиши кироя маълуманд. Яке аз сабабҳои пурра ғолиб наомадани артиши Ҳахоманишиҳо дар ҷангҳои зидди юнонҳо ҳамин хиёнати сарбозони артиши кироя буд. Масалан, қисме аз сарбозони артиши кироя ҳамин юнониҳо буданд. Кироягони юнонӣ дар мавридҳои зарурӣ ба лашкар ва шоҳ хиёнат менамуданд.

Сарбозон ҳангоми муҳорибаҳо аз силоҳҳои гуногун, ба монандӣ жупин (зубин), сипар, тиру камон, найза, ханҷар, шамшер, табарзин ва ғайра, истифода мебурданд. Либоси ҳарбиён асосан зиреҳ (ҷавшан) ва тоскулоҳ (хӯд) буд.

Усули ҷанговарию майдондорӣ ва анъанаи силоҳсозиро ба Эрон аз назари аксари олимон, сакоиҳою бохтариҳо ва суғдиҳо ворид намудаанд. Қабилаҳои сакоию суғдӣ ва бохтариҳо дар санъати майдондорӣ воқеан беҳамто буданд. Вобаста ба ин муаррихони қадим маълумотҳои аҷибе овардаанд. Масалан, Ҳеродот менависад: «Сакоиҳо бо тиру камон, ханҷар ва табарзини ҷангӣ мусаллаҳанд». Ҷои дигар ин муаррих қайд мекунад, ки сарбозони бохтарию сакоӣ дар ҳайати лашкари писари Дорои I – Гистасп (Гуштосп) бо табарзинҳои худ мусаллаҳ буданд. Старбон бошад, чунин менигорад: «Сакоиҳо ҷанговарони моҳири савораву пиёдаанд, бо тиру камон, шамшер, ҷавшан ва табарзинҳои биринҷӣ мусаллаҳанд. Онҳо мардуми махсус, далер ва ҷанговаранд». Муаррихи олмонӣ И. Дройзен низ васфи ҷанговарии бохтариҳою суғдиҳоро дар артиши Ҳахоманишиҳо намудааст.

Дар силоҳу либосҳои ҷангӣ ва парчамҳои лашкариён бештар акси уқобу шер тасвир шуда буд, ки он рамзи озодӣ, далерӣ, пирӯзиро дорад. Гузашта аз ин, тасвири уқобу шер, бо чунин ҳикмат дар як қатор деворнигораҳои ёдгориҳои замони Ҳахоманишиҳо, аз ҷумла Тахти Ҷамшед боқӣ мондааст, ки гувоҳи рӯшани ин гуфтаҳост.

Як нуктаро бояд қайд намуд, ки шоҳони Ҳахоманишӣ ҳамеша ин нерӯи бузургро, яъне артиши қудратманди худро танҳо дар асоси адолат мавриди истифода қарор медоданд. Артиши Ҳахоманишиҳо ҳеҷ гоҳ ба сарзамине бе сабаб ҳуҷум накардаасту болои мардуме тахриби зиёде наовардааст. Дар таърихнигории Шуравӣ ба ин масъала бо назардошти идеологияи вақт чандон баҳои воқеӣ дода намешуд. Асарҳои таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ба мартабаи давлати Ҳахоманишиҳо, ҷойгоҳи шоҳони он, низоми давлатдорию артишдорӣ баҳоӣ воқеӣ дода тавонист.

Масалан, Куруш ҳар куҷо, ки бо лашкари худ ҳуҷум овард он ҷо мардуми ниёзманду бебизоатро аз фасоду торикиҳо наҷот дод. Куруш лашкаркари худро ҳамеша ба тарғиби сулу салоҳ ҳидоят менамуд. Тавре Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менависанд: «Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст». Файласуфи Юнони қадим Афлотун дар мавриди Куруш чунин мегӯяд: «Куруш сарвари бузург аст. Дар замони ӯ ориёиҳо аз озодӣ бархурдор буданд. Илова бар ин ҳамаи миллатҳое, ки зери фармони ӯ буданд, ҳаққу ҳуқуқи озодӣ доштанд. Ҳамин буд, ки ҳама ӯро дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд». Ба ин монанд гуфторҳои олимони аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав хело зиёданд, ки дар маҷмӯъ аз хислатҳои инсонии Куруш шаҳодат медиҳанд.

Ҳуҷуми артиши Камбуҷиё ба Миср дар соли 525 пм ҳам бесабаб набуд. Зеро, фиръавни Миср Амазис хело барвақт мехост дар ҳайати Миср, Лидия, Бобул ва Спарта иттифоқи зиди форсҳо ташкил кунад. Амалиётҳои Куруш ба амалишавии нақшаи ӯ монеа шуданд. Аммо, фиръавн аз ин мақсади худ даст накашид. Ҳамин буд, ки Камбуҷиё бо нияти рафъи ин хатар ба Миср ҳуҷум намуд.

Чунин сиёсати созанда буд, ки онҳоро дар қаламрави ипреияи худ соҳиби эҳтироми зиёд гардонид. Аз рӯи навиштаи Ҳеродот форсҳо Курушро падар ва Камбуҷиёро оқо (ҷаноб, соҳиб) мегуфтанд.

Бо вуҷуди ин, тавре, ки дар боло зикр намудем дар таҳкиму ба низоми муайян ворид намудани сохтори идораи давлат, махсусан танзими муносибатҳои ҳарбӣ нақши Дориюши Кабир хело калон аст. Вай артиши бузурги бунёднамудаи Курушро бо ислоҳотҳои худ боз ҳам таҳким бахшид ва ба ин васила низмои мутамарказияти давлатро таъмин намуд. Ин артиш барои аксари давлатҳои дунёи қадим як намунаи ибрат ба шумор мерафт.

Бо чунин қудрати бузург артиши давлати Ҳахоманишиҳо тавонист, ки мавҷудияти ин давлати паҳновари дунёи қадимро беш аз дусад сол нигоҳ бидорад. Оқибат, дар натиҷаи саҳву иштибоҳоти шоҳони охири давлати Ҳахоманишиҳо дар низоми артиш бесалоҳиятию бенизомӣ ба вуҷуд омад. Эътиқоду боварӣ миёни сарлашкарон гум шуд ва садоқат нисбати шоҳ заиф гардид. Ҳамин буд, ки дар дарбор низоъҳои дохилӣ ба вуҷуд омада қувваҳои марказгурез сар бардштанд. Дар чунин вазъ юнону мақдуниҳо зери сарварии Искандари Мақдунӣ ҳуҷум намудаю ба мавҷудияти давлати Ҳахоманишиҳо хотима бахшиданд.

Дар фарҷом бояд қайд намуд, ки мо тоҷикон чун ворисони чунин тамаддуни бузург бояд аз саҳифаҳои рангини таърихи худ сабақ бигирем ва ифтихори миллӣ дошта бошем. Ин саҳифаҳо баръало нишон медиҳанд, ки воқеан гузаштагони мо ҳеҷ гоҳ ҷангро тараннум намекарданд, аммо ҷанговарони моҳир буданд.

Дар шароити имрӯза, бо назардошти авзои сиёсии пурихтилофи ҷаҳон бо такя ба таҷрибаи таърихии миллат, тарбияи ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар яке аз масъалаҳои меҳварии низоми давлатдории мо мебошад. Тавре, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охири худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».

Бинобар ин, таҷрибаи ватандорию ватансозии гузаштагонамон чун мактаби бузурги мардонагию шуҷоатмандӣ метавонад барои насли имрӯз хидмат намояд. Миллате, ки асли худро мешиносад, аз гузаштаи пурғановати худ сабақи зиндагӣ мегирад, имрӯзро дар асоси донишҳои дирӯза ва талаботҳои ҷаҳони муосир месозад миллати бедор аст. Миллатҳои бедор миллатҳои фанонопазиранд.

АДАБИЁТ

1. Абулќосим Фирдавсї. Шоњнома. Љилди шашум. Душанбе, 1989. - С. 480.

2. Авасто. Йаснаи 19. – Душанбе, 2014. –С. 784.

3. Гвардия. // Энсиклопедияи миллии тоҷик.Ҷилди 4. –Душанбе, 2015. –С. 253.

4. Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Китоби якум. –Душанбе, 1998. –С. 704.

5. Ғоибов Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. –Душанбе, 2006. –С. 906.

6. Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика Древнего Ирана. –Москва, 1980. –С. 320.

7. Дӯстов А. Қиссаи артиши гумшуда ва ё фиръавнҳои Форс дар тахти Мисри Қадим. // Минбари халқ, 12 октябри соли 2016.

8. Исрофилниё Ш. Р. Адабиёти бостон. –Душанбе, 2019. –С. 359.

9. Маҳмудов Д. Искандари Зулқарнайн кист? (Куруши Кабир ё Александр Македонский?). // Самак, 13, 20 феврали соли 2013.

10. Маҳмудов Д. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва қабули аввалин Нишони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол. //Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлоли давлатӣ (Маводи конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 ноябри соли 2022). –Душанбе, 2022. –С. 202 – 208.

11. Неъматов Н.Н., Носирова Ф.Ю. Бобомуллоев С., Довутов Д., Исоматов М.М. Таърихи халқи тоҷик. –Душанбе, 2003. –С. 368 .

12. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шаҳри Душанбе, 23-юми декабри соли 2022. // Садои мардум, 23 декабри соли 2022.

13. Пянков И. В. Осиёи Миёна дар номаҳои бостон. –Душанбе, 1991. –С. 64.

14. Раҳмонов А. А., Расулов А. Б., Қодиров Қ. Б., Афзалов Х. С. Дирӯз ва имрӯзи маорифи Тоҷикистон. –Душанбе, 2011. –С.184.

15. Сипоҳи ниёгони мо дар масири таърих. (Таҳияи Усмони Эшонзод). // Ҷумҳурият, 22 феврали соли 2011.

16. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикиӣ. Ҷилди 1. –Душанбе, 2008. –С. 950.

17. Фатҳиддин Замон. Неруҳои низомӣ: пайванди он аз ориё то имрӯз. // Ҷумҳурият, 23 феврали соли 2013.

18. Хизмат дар артиш мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 22 феврали соли 2013. // Ҷумҳурият, 23 феврали соли 2013.

19. Њакимов Н. Таърихи халќи тољик. – Душанбе, - Душанбе. 2006, -С. 484.

20. Ҳақназаров А. Шукуфтаҳои иқтисод ва фарҳанги халқи тоҷик (аз оғоз то охири асри XV-и мелодӣ). –Душанбе, 2021. –С. 408.

21. Ҳамза Камол. Насабшиносӣ. –Душанбе, 2017. –С. 213.

22. Ҳамза Камол. Низоми давлатдорӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ. // Мероси ниёгон, № 21, 2019. –С. 60 – 63.

23. Њотамов Н, Довуди Д, Муллољонов С, Исоматов М. Таърихи халќи тољик. –Душанбе, 2011. –С. 583.

24. Эмомалӣ Раҳмон. Тољикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. (Китоби сеюм). – Душанбе, 2006. -С. 228.

25. Эмомалӣ Раҳмон. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёиҳо. // Авесто. – Душанбе, 2014. –С. 4 – 27.

26. Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ. Давлати Каёниён. –Душанбе, 2012. –С. 544.

27. Яъқубов Ю. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ. –Душанбе, 2015. –С. 248.

Давлатшоҳ Маҳмудов,
Давлатшоҳ Негматов,
омӯзгорони факултаи таърих ва ҳуқуқи
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

free pokerfree poker

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj