• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Маколаҳо
ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИВУ ГУМАНИТАРИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР ҚАРИНАИ АМАЛИШАВИИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ
Ҳамкориҳои фарҳангиву таҳсилотии Тоҷикистон бо Беларус дар замони истиқлолиятро метавон давоми мантиқии ҳифз ва густариши беҳтарин арзишҳо ва анъанаҳои дар замони Шӯравӣ устуворшуда номид. Далели қотеъи ин гуфтаҳои боло алоқаҳои устувори фарҳангиву адабии устодони шеъру сухани ду кишвар, ки ҳанӯз аз солҳои 30-уми асри XX сарчашма мегирифт, мебошанд. Маҳз дар ҳамин солҳо робитаҳои эҷодӣ, шиносоии ҳамдигарии нависандагон, шоирон, санъаткорон ва дигар намояндагони фарҳанги ду кишвар сурат гирифтааст. Аз ҷумла, шоирону нависандагони тоҷик осори адибони беларус – Я. Купала, Я. Колас, П. Бровка, А. Кулешов, М. Танкро тарҷума ва ба хонандагони тоҷик муаррифӣ карда буданд. Ба забони беларусӣ осори С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, баъди ҷанг М. Турсунзода, Ф. Ансорӣ, А. Баҳорӣ, А. Қаҳҳорӣ, М. Шералӣ, М. Миршакар, Ғ. Мирзо, Ф. Ниёзӣ, Б. Раҳимзода, Б. Собир, М. Ҳакимова, А. Шукӯҳӣ тарҷума шуда буданд. Наворҳои студияи «Беларусьфильм» пайваста дар кинотеатрҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, тамошобинони беларус осори синамогарони тоҷик - «Достони Рустам ва Суҳроб», «Корномаи Рустам», «Достони Сиёвуш», «Қисмати шоир»-и Б. Кимёгаров, «Нисо» ва «Сирри аҷдодон»-и М. Орипов, «Ҷура Саркор»-и М. Қосимова, «Қиссаи зиндони Павиак»-и С. Ҳомидов ва дигаронро бо шавқ тамошо мекарданд. Сафарҳои ҳунарии дастаҳои драмавӣ ва мусиқии касбӣ ба муаррифии фарҳангҳои миллии ду ҷумҳурии дӯсту бародар мусоидат карда буданд. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз ин анъанаҳои волои инсондӯстона аз ҷониби ҳар ду кишвар идома меёбанд ва мазмуну мундариҷаи нав пайдо кардаанд. Баргузории идҳо ва ҷашнҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи он анъанаҳоест, ки дар солҳои шӯравӣ пойдор шуда буд ва дар замони истиқлолият мазмуну мундариҷаи нав пайдо карданд. Аз ҷумла аз 30 июл то 3 августи соли 2007 бори аввал дар Тоҷикистон Рўзҳои фарҳангии Беларус баргузор гардид. Чорабиниҳои фарҳангии он дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода доир гаштанд. Ба барномаҳои ҷашнӣ консертҳо, намоишгоҳҳо ва намоиши филмҳо шомил шуда буданд. Аз ҷумла, намоиши асарҳои рассомони беларусӣ аз фондҳои Осорхонаи бадеии миллии Беларус, намоиши филмҳои С. Сичев «Ман дар хотир дорам» (Я помню) ва «Салом Беларус» («Здравствуй Беларусь!») ҳаводорони зиёде пайдо карда буданд. Дар маросими ифтитоҳи Рўзҳои фарҳангии Беларус 31 июли 2007 муовини сарвазири ҷумҳурӣ Ҳ. Мавлонова Паёми шодбошии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат кард. Дар он аз ҷумла гуфта мешуд, ки баргузории рўзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон – муколамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо буда, бо шарофати он анъанаҳо, афзалиятҳои фарҳангӣ ҳифз шуда, арзишҳои нав тавлид мешаванд. Дар маросими кушодашавӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус В. Гедройтс изҳор дошт, ки беларусҳо кайҳо боз бо номҳои шоирону олимони барҷастаи тоҷик – Сино, Хайём, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ шинос мебошанд. Дар ин замина фарҳанг ва санъат кӯтоҳтарин роҳ барои ворид шудан ба қалби халқҳо мебошад. Дар рӯзҳои фарҳанг ба шаҳрвандони тоҷик эҷодиёти ансамбли овозадори рақсии давлатӣ ва коллективи хизматнишондодаи ҷумҳурӣ бо роҳбарии В. Дудкевич нишон дода шуда буд. Маҳорати баланди санъати опера, ки дар консертҳои солистони Театри калони опера ва балети Беларус Оксана Якушевич, ҳунарпешаи хизматнишондодаи Беларус Тамара Глаголева ва дигарон таҷассум ёфтанд, ба тамошобинони тоҷик хеле писанд омад. Гуфтан мумкин аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ баҳри ѓанӣ гардидани фарҳанги миллатҳо ва фароҳам омадани шароит ҷиҳати табодули санъаткорони ҷавон ва таҳсили онҳо дар кишварҳои якдигар мусоидат мекунад.
Аз ҷумла, режиссери студияи «Летопись» дар назди киностудияи «Беларусьфильм» Станислав Гайдук изҳор дошта буд, ки ҳамкории муштарак бо синамогарони тоҷик, ки асоси он дар замони Шӯравӣ гузошта шуда буд, имрӯзҳо ҳам қатъ наёфта, боз ҳам ривоҷу равнақи тоза пайдо кардааст. С. Гайдук изҳор дошт, ки синамогарони тоҷик ва беларус метавонанд ҳамкориро дар самти эҷоди филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам идома диҳанд.
Гуфтанист, ки фарҳанги муосири беларус тайи солҳои охир таҳаввулоти мусбиро аз сар мегузаронад. Ба ин зумра метавон қабули як силсила санадҳои қонунгузорӣ доир ба масъалаи фарҳанг, дастгирии пайвастаи соҳаи фарҳанг ва санъат аз ҷониби роҳбарияти ҷумҳурӣ, ҳифз ва таҳкими иқтидори илмӣ ва омӯзгории муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъат, мунтазам баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳа, афзудани теъдоди мактабҳои бадеии кӯдакони гуногуннавъ, теъдоди осорхонаҳо, иштироки фаъолона ва муваффақонаи намояндагони Беларус дар конкурсҳои байналхалқӣ, зуҳури ҷараёнҳои нави драматургияи беларус, рассомӣ, рушди эҷодиёти халқ, фаъолгардии фаъолияти созмонҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, афзудани шумораи чорабиниҳои бузург – намоишномаҳо, озмунҳо, идҳои санъат номбар кард.
Моҳи сентябри соли 2010 дар кинотеатри марказии Минск («Центральный») намоиши суратгири ҷавони тоҷик, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон Шуҳрат Ёров баргузор гардид, ки онро метавон идомаи муаррифии таърихи даврони истиқлолияти Тоҷикистон, рушд ва дастовардҳои он номид.
Ба ҳамин тариқ, дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистон ва Беларус бештар тақвият ёфтанд.
Ҳамчунин анъанаи неки устуворшуда ва мавҷудияти бародаршаҳрҳо имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Аз ҷумла, Душанбе ва Минкс бародаршаҳрҳо мебошанд ва намояндагони шаҳри Минск дар ҷашнҳои Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-2023» ширкат варзиданд. Ба хотири таҳкими дӯстӣ ва абадӣ гардонидани хотираи таърихӣ дар бораи муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди фашизм дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз кӯчаҳои шаҳри Минск ва мактаби миёнаи рақами 35 номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизовро, ки дар озод кардани сарзамини Беларус қаҳрамонона ҳалок шуда буд, гирифтааст.
Илова бар ин, равобити фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус тавассути ниҳодҳо, ҷамъиятҳо ва марказҳои дӯстӣ босамар инкишоф меёбад. 1 январи соли 2011 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Беларус ва Тоҷикистон, ки аз соли 2012 амал мекунад, Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон-Беларус» таъсис ёфт. Дар баробари ин, аз соли 2018 дар Душанбе дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази маориф, илм ва фарҳанги Беларус ва аз моҳи сентябри соли 2019 дар заминаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус Маркази маориф ва фарҳанги Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Ҳамкории фарҳангии ду кишвар дар самти барқарор намудани робитаҳои адабӣ инкишоф меёбад: чун анъанаҳои солҳои пешин китобҳо тарҷума, шумораҳои махсуси рўзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд, ки дар муаррифӣ ва ба ҳам наздик кардани мероси фарҳанги ду миллат саҳми худро мегузоранд. Ҳанўз дар соли 2011 бо заҳмати адибони шинохтаи Тоҷикистону Беларус Ато Ҳамдам ва Алес Карлюкевич дар Душанбе китоби “Дўстии халқҳо - дўстии адабиёт” ба табъ расида буд. Дар Беларус инчунин маҷмўаи ҳикояву достонҳои Ато Ҳамдам ба забони беларусӣ «Жыццё не спыняецца» («Ҳаёт қатъ намегардад»), китоби муаллифони муосири Тоҷикистон ба забони беларусӣ «Дар зери ситораи Рўдакӣ», шеърҳои Саидалӣ Маъмур, Фарзона ва дигарон, ва дар Душанбе – китобҳои Алес Бадак, Георгий Марчук, Юрий Сапожков, Николай Метлитский, Алексей Дударев ба нашр расиданд. Соли 2012 китоби адибон Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Подзвіг Эмамалі Рахмона» дар Беларус бо теъдоди 300 нусха аз ҷониби нашриёти «Книгазбор»-и Беларус ба чоп расид. Дар соли 2016 шумораи муштараки маҷаллаҳои «Неман»-и беларусӣ ва «Помир»-и тоҷикӣ низ нашр шуд, ки ба Тоҷикистону Беларус, адабиёт ва назму насри кишварҳо бахшида шудааст. Худи ҳамон сол дар хонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифии шумораи махсуси рўзномаи беларусӣ «Літаратура і мастацтва» (Адабиёт ва санъат) ба муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хонаи нашриёти «Звязда»-и Беларус рўнамоии шумораи махсуси рўзномаи тоҷикии «Адабиёт ва санъат» бахшида ба Ҷумҳурии Беларус доир гардид.
Маврид ба зикр мебошад, ки муколамаи фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистону Беларус хусусияти густурда дорад. Татбиқи маҷмўи тадбирҳое, ки ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ нигаронида шудаанд ва истифодаи иқтидори истифоданашудаи ин ҳамкорӣ метавонад ҳамкориҳои гуманитарии байни кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав расонад ва ба рушди муносибатҳои боэътимод байни оммаи васеи ду кишвар мусоидат намояд.
Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор доранд. Ҷонибҳо муштаракан намоишгоҳҳои рассомон, аксбардорон, сафарҳои консертии дастаҳои мусиқӣ, шабнишиниҳо бахшида ба ҳунарҳои мардумӣ, солгарди адибон, мутарҷимон ва олимони тоҷику беларус, инчунин рўзҳои фарҳанги миллии ду кишвар, форумҳо, ярмаркаҳои муштарак ва фестивалҳоро ташкил мекунанд. Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобилаи фарҳангу ҳунари ду кишвар 5-11 октябри соли 2021 дар Беларус Рўзҳои фарҳанг ва Рўзҳои синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият баргузор гардиданд. Дар навбати худ, моҳҳои март-апрели соли 2022 дар Тоҷикистон Рўзҳои синамои Беларус баргузор гардид. Илова бар ин, 7 ноябри соли 2022 дар шаҳри Минск дар доираи Фестивали XXVIII байналмилалии синамои Минск «Листопад» чорабинии «Рўзи синамои тоҷик» дар сатҳи баланд доир шуд. Қобили зикр аст, ки дар давраи сипаришуда Рўзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2007, 2015, 2018) ва Рўзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус (солҳои 2008, 2016, 2021) баргузор гардиданд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои гуманитарӣ соҳаи маориф мебошад. Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаи маориф аҳаммияти махсус дода мешавад. Робитаҳо дар самти мазкур дар чаҳорчӯбаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва баъдитаҳсилӣ аз 31 майи соли 2013 амалӣ карда мешавад. Беларус ҳамасола барои шаҳрвандони Тоҷикистон 8 квотаи омӯзишӣ ҷудо мекунад.
Ҳамкории байни Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи маориф дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилотии ҳарду кишвар ва ҳам дар чаҳорчӯбаи ИДМ бомуваффақият идома доранд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2021/2022 дар Беларус 641 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Дар чаҳорчӯбаи аҳдномаҳои мустақим оид ба ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилотии ду кишвар дар факултетҳои муштараки Беларус 365 нафар ва 18 нафар дар чаҳорчӯбаи барномаҳои таҳсилотии муштарак таҳсил мекарданд. Дар Душанбе ҳоло 4 факултети муштарак – факултети муштараки ДМТ бо донишгоҳҳои Беларус (Донишгоҳи давлатии Беларус, Донишкадаи давлатии байналхалқии экологӣ ба номи А.Д. Сахарови назди ДДБ, Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи давлатии Полотск); факултети авиатсияи граждании Академияи давлатии авиатсияи Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ; факултети муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ; факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полотск дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон амал мекунанд. Ҳамчунин аз соли 2018 дар шаҳри Душанбе Маркази иттилооти ҳуқуқии чаҳорчӯбавии Ҷумҳури Беларус ва Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои таҳсилотӣ заминаи устувори ҳуқуқиву меъёрии ҳамкориҳои дуҷониба эҷод шуда, як силсила созишномаҳои байниҳукумативу байниидоравӣ ва 165 созишномаҳои байнидонишгоҳии мустақим ба имзо расидаанд. Созишномаи муштарак барои додани ҳуқуқҳои баробар ба шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии Аҳднома оид ба амиқгардонии ҳамгароӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ аз 29 марти 1996 барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ амал мекунад. Тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон имконияти дохилшавиро ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти касбиву техникӣ, миёнаи махсус ва олии Беларус соҳиб шудаанд. Дар чаҳорчӯбаи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва баъдидонишгоҳӣ ҷониби Беларус ҳар сол 5 шаҳрванди Тоҷикистонро ройгон барои гирифтани маълумоти олӣ дар Беларус қабул мекунад. Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон имконияти таҳсилро дар Беларус дар асосҳои грантӣ доранд. Аз ҷумла, соли 2023 Вазорати маорифи Беларус дар бораи дар соли таҳсили 2024/2025 ба шаҳрвандони Тоҷикистон 4 гранти таҳсилотиро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Беларус дар ихтисосҳои «кори табобатӣ» ва «информатика ва технологияи барномасозӣ» ҷудо кард.
Тайи солҳои охир баргузории намоиш-ярмаркаҳои таҳсилотӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2023 дар Тоҷикистон ёздаҳуми намоиш-ярмаркаи байналхалқӣ бо номи «Таҳсилоти Россияву Беларус. Тоҷикистон - 2023» баргузор гардид, ки дар он 10 донишгоҳи Беларус ва Маркази робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Беларус иштирок карданд. Дар ин ҷараён алоқаҳои байнидонишгоҳии ду кишвар хеле боло рафтаанд. Моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Минск форуми дуюми ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар баргузор гардид, ки дар рафти он Нақшаи амалҳои муштараки байни вазоратҳои маорифи Беларус ва Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 ва 29 созишномаи байнидонишгоҳӣ ба имзо расиданд. Зимнан солҳои 2008, 2009, 2010, 2015, 2018 ва 2021 Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки гуманитарӣ расонда буд.
Ҳамчунин динамикаи мусбии робитаҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои дигари гуманитарӣ ба назар мерасанд. Робитаҳои судманд дар сатҳи китобхонаҳо, осорхонаҳо ва театрҳои миллии ду кишвар низ тавсеа меёбанд. Дар соли 2023 ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду маротиба силсилаи китобҳои мероси маънавӣ ва моддии халқи беларус, интишороти классикҳои беларус, китобҳои бахшида ба Қаҳрамонони Беларус, геносиди халқи беларус, ёдгориҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Душанбе туҳфа карда шуда буданд. Алоқаҳои судманд дар соҳаҳои варзиш ва сайёҳӣ ҳам идома ёфта, варзишгарони тоҷику беларус дар чорабиниҳои варзишии дар ҳар ду кишвар баргузоргардида иштирок намудаанд. Моҳи июни соли 2022 намояндагони вилояти Минск дар мусобиқаҳои кушоди варзишӣ дар Ҷоми раиси вилояти Суѓд ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллии Тоиҷкистон ва 30-солагии иҷлосияи XVI Шурои олиии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамчунин моҳи октябри соли 2022 дастаи беларусҳо дар Бозиҳои делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе ва моҳи июни соли 2023 дар мусобиқаи дзюдо – «Гран при Душанбе» иштирок карда буд. Моҳи августи соли 2023 дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои дуюми кишварҳои ИДМ дар шаҳри Минск иштирок намуда, соҳиби 14 медал ва ҷойи 8-ум гардида буд.
Ҳамин тавр, бо назардошти омилҳои зикршуда, метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки:
1. Ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистону Беларус дар шароити навин давоми мантиқии беҳтарин суннатҳо ва анъанаҳои устуворшудаи ду халқи бародар, ки аз замони Шӯравӣ сарчашма мегиранд, буда, бо туфайли сиёсати хирадмандона, фарҳангдӯстона ва маорифпарваронаи Сарварони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко торафт равнақ ва мазмуну мундариҷаи нав касб кардааст.
2. Ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангиву таҳсилотии ду давлат далели татбиқи муваффақонаи шарикии стратегӣ дар соҳаи гуманитарӣ буда, силсилаи чорабиниҳо ва ниҳоду механизмҳои ба кор андохташаванда дар ҳоли такомул ва рушд мебошанд.
3. Ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар дар самти маориф торафт миқёси васеъ пайдо карда, самтҳо ва сатҳҳои гуногуни ҳамкориро аз татбиқи барномаҳои муштараки таҳсилотӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ то татбиқи барномаҳои хоси ҳамкориҳо, кушодани факултетҳои муштарак, филиалҳои донишгоҳҳои пешрафтаи Беларус дар кишвари мо, то таъсиси марказҳои илмиву таҳқиқотӣ хислати рушдёбанда пайдо кардаанд.
4. Ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф татбиқи силсилаи нақшаву барномаҳое, ки ба ташаккули фазои ягонаи таҳсилотӣ дар маҳдудаи собиқ Шӯравӣ равона шудаанд, мусоидат менамоянд.
Кенҷаев Фаридун
сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ
ва илмию омӯзгории ДДОТ ба номи С. Айнӣ
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj