• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА РУШДИ ҶОМЕА
Возможно, это изображение 8 человек, люди учатся и текстИмруз бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи "Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеа" баргузор гардид.
Дар ҳамоиши илмӣ бевосита мудири кафедраи ҳуқуқ, профессор Қозиён Шариф Қозӣ дар мавзӯи "Маърифати ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеа" баромад намуда, қайд намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023-юм таҳти рақами 668
соли 2024-ум "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон карда шуд, ки он дар шароити имрӯза зарурати мубрам дорад, ки дар ташаккул ва инкишофи давлату давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар кишвар замина гардид.
Барои ташаккули донишҳои ҳуқуқӣ ва рушди дараҷаи саводнокии аҳолӣ ҷиҳати дарки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инҷо атрофи шуури ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, олимони соҳа таҳқиқотҳо бурдаанд ва назарияҳои худро пешкаш намудаанд.
Пасон, декани факултет н.и.п., профессор Каримов М.Б. ибрози ақида намуд, ки саҳми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлату давлатдории тоҷикон ҳамто надошта дар ислоҳоти ҳуқуқи пас аз ба даст овардани истиқлолият то ба имруз хело ҳам назаррас мебошад. Иқдомҳои кафедраи ҳуқуқ дар татбиқи ҳадафҳои ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ зиёд аст. Инчунин дар ҳамоиши илмӣ доктори илмҳои ҳуқуқ, профессори кафедра Сангинзод Д.Ш., дар мавзӯи "Мафҳум ва моҳияти тарбияи ҳуқуқӣ" бо қироати шеърҳои навэҷоду дилчаспи хеш бахшида ба Конститутсия, н.и.т., дотсент Алаиов Ҳ.Н., дар мавзӯъи "Баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон", н.и.ҳ., дотсент Камолзода Ш.Ҷ., дар мавзуъи "Нақши Конститутсия дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд", ассистенти кафедра Абдуллозода М.А., дар мавзуъи "Фаъолияти хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ" ва донишҷӯёну хоҳишмандони дигар дар мавзӯъҳои гуногуни замони муосир дар ташаккули давлатт ҳуқуқбунд ва ҷомеаъи шаҳрвандӣ мулоҳизаҳои хешро баён намуданд. Ҳамин тариқ ҳамоиоши илмӣ- назариявӣ дар як фазои илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар охир мудири кафедра профессор Қозиён Ш.Қ. барои иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ-назариявӣ изҳори қанотмандӣ намуда иброз дошт, ки дар чунин шакл кафедраи ҳуқуқ иқдомҳои хуберо ки аз дастурҳои мунтазами ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ибодуллозода А.И., ба масъулини донишгоҳ дар бораи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, ки аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд ба нақша гирифтааст, ки давра ба давра амали хоҳонд намуд.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj