• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
ОМӮЗГОРОН ДАР МУСОБИҚА БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ” ДОНИШГОҲРО ДАР МАҚОМИ БЕҲТАРИНҲО МУАРРИФӢ НАМУДАНД
Возможно, это изображение 14 человек22-юми феврали соли равон дастаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми вазири корҳои дохилӣ”, ки таҳти шиори “Варзиш бар зидди нашъамандӣ” миёни корхонаву идораҳои кишвар баргузор шуд, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Ҳамин тавр, пас аз анҷоми мусобиқа омӯзгорони донишгоҳ ба гирифтани се ҷои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Аз намуди шоҳмот миёни мардон омӯзгори донишгоҳ Намозов Ашуралӣ соҳиби ҷойи 2-юм, аз намуди шашка миёни ҷавонони то 35-сола ва мардон
омӯзгорон Азизбеки Маъруфҷон ва Муборакиён Сиддиқ сазовори ҷойҳои ифтихории 2-юм ва 3-юм гардида, бо ифтихорномаҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj