• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
ВОХӮРӢ БАҲРИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО САФОРАТИ ОЛМОН
Возможно, это изображение 3 человека, отдел новостей и текст29-уми феврали соли ҷорӣ Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо намояндагони сафоратхонаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон, аз ҷумла доктор Улрике Миттер аз Хадамоти мубодилаи академии Олмон ва Афзалшоҳ Ҷабборов кордор оид ба фарҳанг, матбуот ва сиёсат вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои судманд ибрози назар намуда, нақшаи дурнамои ҳамкориҳои донишгоҳу сафоратро баррасӣ
намуданд. Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба омӯзиши забону фарҳанги олмонӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса дошта, ният дорад дар ояндаи наздик самтҳои табодули академии донишҷӯёну устодонро ҷоннок намуда, ба ин васила саҳми худро дар рушди ин илм гузорад.
Ҷонибҳо ба созмон расиданд, ки ҳамкориҳоро ҷоннок намуда, дар ояндаи наздик дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои бошукуҳро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор намоянд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj