Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” |
There are no translations available. ҶАНБАҲОИ ҲУҚУҚИИ МАНЪИ ИСТИФОДА БУРДАНИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
(бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар санаи 23 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе такид намуда буданд, ки: “Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад. Вале дар баробари ин, мо борҳо таъкид кардаем, ки бояд маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаи интернет риоя карда шавад. Ҳоло таҳқиқоти олимон исбот намудааст, ки истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ба сустшавии фаъолияти ҷисмонӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ, қабули ахбор, бемор шудани узвҳои шунавоӣ ва ҳатто ба безурётӣ оварда мерасонад. Имрӯз ҷойгиркунии истгоҳҳои базавии ширкатҳои мобилӣ дар бомҳо ва девори биноҳои истиқоматӣ сокинонро ба ташвиш овардааст. Тавре ки огоҳ ҳастед, аз соли 2008 ҷойгиркунии чунин истгоҳҳо дар боми беморхонаҳо ва дар ҳудуди мактабҳо манъ карда шудааст. Табибон таъсири алоқаи мобилиро дар бадани кӯдакон омӯхта, ба хулоса омадаанд, ки бинобар ҳассос будани бадани кӯдак зарари телефон дар онҳо бештар ҳис карда мешавад. Бинобар ин, дар Британияи Кабир аз соли 2001 инҷониб фурӯши телефонҳои мобилӣ барои кӯдакон ва мактаббачагон манъ гардидааст. Оқибати таъсири телефони мобилӣ ба организми инсон бо мурури замон аён мегардад. Олимони Ирландия исбот намудаанд, ки хасташавии умумӣ, парешонхотирӣ, вайроншавии хоб, заиф гардидани масуният, пайдоиши бемориҳои гуногуни мағзи устухон ва ғадудҳои эндокринӣ нишонаҳои шуохӯрии аз ҳад зиёд буда, баъд аз се соли истифодабарии телефонҳои мобилӣ хавфи пайдошавии омоси мағзи сар се баробар зиёд мегардад. Дар баробари зарари ҷисмонӣ аксари наврасону ҷавонон аз телефон ва шабакаи интернет на барои гирифтани маълумоти мукаммалкунандаи донишу малака, балки барои дарёфти дигар маълумоти ба ахлоқи ҷомеа зарарнок сару кор мегиранд. Бо вуҷуди таъкидҳои мунтазам ва андешидани тадбирҳои зарурӣ бозори истифода ва хариди телефонҳои мобилӣ торафт меафзояд. Агар дар соли 2010 шумораи умумии муштариёни телефонҳои мобилӣ дар мамлакат 6 миллионро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 10 миллион расидааст. Дар ин давра шумораи истифодабарандагони интернет аз 1,3 миллион то ба 3 миллиону 730 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Яъне ин нишондиҳанда танҳо дар ду соли охир се баробар зиёд гардидааст”. Бо ташаббуси қонунгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгири намудани зараррасонии телефон барои хонандагон ва донишҷӯён дар қонунгузории кишвар якқатор меъёрҳои манъкунанда муқаррар карда шудаанд. Аз ҷумла дар асоси қисми 10, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” аз 22 июли соли 2013, № 1004 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тарафи донишҷӯён, аспирантон, докторантон, омӯзгорон ва дигар кормандон истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим манъ аст. Инчунин дар сархати 7, қисми 1, моддаи 51 ин Қонун муқаррар шудааст, ки омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия уҳдадоранд дар вақти дарс аз телефони мобилӣ истифода набаранд.
Агар ба таърихи қонунгузории соҳаи маориф назар афканем ин муқаррарот аз соли 2009 ҷой дорад. Чунки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, № 488 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ба моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи маориф" қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шуда буд: "Дар ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) овардан ва истифода бурдани телефони мобилӣ манъ аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ аз ҷониби донишҷў, докторант, аспирант, унвонҷў ва омўзгор истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим манъ аст".
Дар асоси қисми 13, моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 531 "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст. Инчунин тибқи сархати 6, қисми 6, моддаи 26 Қонун кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ уҳдадоранд дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд. Якқатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар Тоҷикистон қабул шудаанд, ки онҳо масоили манъи истифода бурдани телефонҳои мобилиро дар муассисаҳои таълимӣ танзим менамоянд.
Мутобиқи сархати 16, 19, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 762 "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" падару модар дар тарбияи фарзанд уҳдадоранд ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии оншо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд, ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ, тундгароӣ ва ҷудоихоҳиро манъ намоянд. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадории мазкур ба волидайн мутобиқи моддаи 90 (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 ҳангоми набудани аломати ҷиноят, огоҳӣ дода мешавад ё ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон дар ин самт нисбат ба давлатҳои хориҷа пешсаф мебошад. Масалан дар қонунгузории Фаронса соли 2017, Испания соли 2020, Федератсияи Росия соли 2021 ва Британияи Кабир соли 2024 чунин муқаррарот ҷойгир карда шуд.
Моҳи декабри соли 2017 дар бораи манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳои Фаронса қонун қабул шуд. Тибқи он ба хонандагон ва донишҷӯён ҳангоми дарс истифодаи телефонҳои мобилӣ манъ гардид. Онҳо бояд пеш аз ворид шудан ба синф телфонро хомӯш кунанд. Аз сентябри соли 2018 дар мактабҳои Фаронса мамнӯъияти мутлақи телефонҳои мобилӣ ҷорӣ карда шуд, яъне хонандагону донишҷӯён на дар вақти дарс ва на дар вақти танаффус наметавонанд телефони мобилии худро истифода баранд. Онҳо танҳо то ворид шудан ба мактабу донишгоҳ ва баъд аз берун шудан аз муассиса ҳуқуқи истифодаи телефони мобилӣ доранд.
Дар охири моҳи декабри соли 2019 дар Испания тибқи қонунгузорӣ истифодаи смартфонҳо дар мактабҳо ва коллеҷҳо манъ карда шуд, ки ин қонун аз соли 2020 амал менамояд. Ҳоло дар ҳама синфхонаҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ, смартфонҳо ва планшетҳо комилан манъ аст. Хонандагону донишҷӯён наметавонанд аз смартфонҳо истифода баранд, агар муаллим телефонро барои раванди таълим зарур нашуморад. Хонандагон метавонанд ба мактаб смартфон, планшет ё соатҳои смарт биёранд, аммо дастгоҳҳо бояд хомӯш карда шаванд ва дар ҷузвдони худ ё ҷевонҳои худ нигоҳ дошта шаванд. Майдончаи бозӣ низ мактаб маҳсуб мешавад, аммо дар ин маврид худи мудирҳо тасмим мегиранд, ки оё хонандагон метавонанд аз дастгоҳҳои интеллектуалии худ истифода баранд ва ё не. Агар ин қоидаҳоро хонанда ва донишҷӯ риоя накунад, қонун аз роҳбарияти мактаб талаб мекунад, ки хонанда ва донишҷӯро муҷозот диҳад. Як назарсанҷии ширкати GESOP нишон дод, ки аксарияти волидон (86%) аз манъкунӣ дар Испания ҷонибдорӣ намуданд.
Дар аввали моҳи январи соли 2021 дар бораи манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳои Русия санад нав - Қоидаҳои санитарию эпидемиологии СП 2.4. 3648-20 қабул шуд. Дар банди 3.5.3. ин Қоидаҳо муқаррар шудааст, ки: «Барои мақсадҳои таълимӣ воситаи мобилӣ истифода намешавад». Таҷҳизоти алоқаи мобилӣ аксар вақт андозаи экрани хурд доранд, ки ин боиси шиддати визуалӣ ва ҳолати бад мегардад, аз ин рӯ телефонҳои мобилиро ҳангоми дарс ба ҷои компютер ё планшет истифода бурдан мумкин нест. Бо мақсадҳои таълимӣ хонандагон метавонанад компютерҳо ва планшетҳоро истифода баранд. Диагонали минималии монитори компютер ё ноутбук на камтар аз 39,6 см ва планшет 26,6 см бояд бошад. Истифодаи мониторҳо дар асоси найҳои катодӣ иҷозат дода намешавад. Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки кӯдакони синфҳои 1-2 бояд дар назди компютер на бештар аз 20 дақиқа, синфҳои 3-4 - на бештар аз 25 дақиқа, синфҳои 5-9 - на бештар аз 30 дақиқа ва дар ниҳоят, синфҳои 10- 11 - на бештар аз 35 дақиқа шинанд. Аз 19 апрели соли 2022 бо тавсияи Вазорати маорифи Федератсияи Русия ба тасвиб расид, ки тибқи он хонандагон бояд қабл аз ворид шудан ба мактаб ё синф гаҷетҳои худро супоранд, то дар дарс парешон нашаванд.
19 феврали соли 2024 Вазорати маорифи Бритония Тавсияеро нашр кард, ки дар қатори муққаррароти дигар, манъи пурраи истифодаи смартфонҳо ва телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо дарҷ гардид. Қайд карда мешавад, ки аз аввали соли 2024 директорони муассисаҳои таълимии Бритония мустақилона қоидаҳои истифодаи гаҷетҳоро дар мактабҳо муқаррар мекунанд. Ҳамзамон дар он шарҳ дода мешавад, ки чӣ гуна манъи истифодаи телефонро на танҳо дар дарсҳо, балки ҳангоми танаффус ва хӯроки нисфирӯзӣ низ ҷорӣ кардан лозим аст. Чор схемаи асосӣ вуҷуд дорад. Ин комилан мамнӯъияти овардани дастгоҳҳои мобилӣ ба муассисаи таълимӣ, супурдани онҳо ҳангоми расидан ба мактаб ё нигоҳ доштани онҳо дар ҷои амн ва дастнорас мебошад. Илова бар ин, бо салоҳдиди роҳбарият, хонанда метавонанд смартфонро бо худ нигоҳ доранд, ба шарте ки аз онҳо истифода набаранд ва худи гаҷетҳо ба ҳолати хомӯшӣ гузаронида бошад. Ба мактаббачагоне, ки манъкуниро вайрон мекунанд, ҷазои интизомӣ татбиқ мегардад. ¬Ғайр аз ин, муаллимон метавонанд аз ин гуна талабагон дар муҳлати муайянкардаи қоидаҳои дохилии мактаб воситаи мобилиро мусодира кунанд. Қоидаҳои нав ба омӯзгорон ҳуқуқ медиҳанд, ки ҷузвдони хонандаро барои доштани гаҷетҳо ҷустуҷӯ кунанд ва аз даъвоҳои эҳтимолии волидайн барои гум кардан ё осеб дидани дастгоҳҳои мусодирашудахудро ҳимоя кунанд.
Дар ҳоли ҳозир инчунин дар Олмон, Озарбойҷон, Юнон низ манъи истифодаи гаҷетҳо дар мактабҳо амал мекунад. Дар Канада ин масъала дар сатҳи минтақавӣ ҳал карда мешавад. Ҳамин тариқ, дар Онтарио манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ ба ҳама мактабҳо ва дар Квебек танҳо ба мактабҳои давлатӣ дахл дорад. Дар ИМА, ҳамааш ба қонуни иёлот вобаста аст. Дар Массачусетс, иҷозат дар сатҳи роҳбарияти мактаб дар Ню Йорк мақомоти шаҳр дода мешавад.
Соли 2019 гурӯҳи олимони Институти физикаи биохимиявии ба номи Н.М. Эмануэл Академияи илмҳои Русия ва Кумитаи миллии Русия оид ба муҳофизат аз радиатсияи ионизатсиякунанда таҳқиқоти 14 соларо оид ба таъсири радиатсияи электромагнитӣ аз телефонҳои мобилӣ ба нишондодҳои психофизиологии мактаббачагонро анҷом доданд, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Маълум шуд, ки корбарони фаъоли телефонҳои мобилӣ вокуниши худро ба сигналҳои рӯшноӣ ва садоӣ суст карда, иштибоҳҳо ҳангоми навиштан ба таври қобили мулоҳиза зиёд шудаанд. Нишондиҳандаҳои фаъолият низ коҳиш ёфтанд, диққат ва хотираи семантикӣ суст мешавад. Муаллифони тадқиқот мутмаинанд, ки тағйирот дар параметрҳои психофизиологии кӯдаконе, ки телефонҳои мобилиро истифода мебаранд, ба таври боварибахш исбот мекунанд, ки таъсири доимии шуоъҳои электромагнитӣ ба кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Кӯдакон зери хатар қарор доранд, зеро косахонаи сарашон нисбат ба калонсолон бориктар аст ва вазни майнаи онҳо камтар аст - аз ин рӯ, сохторҳои ҳаётан муҳимтар метавонанд ба радиатсия аз гаҷетҳо дучор шаванд.
Пас ҳар як хонанда, донишҷӯ, магистрант, докторант, аспирант, унвонҷӯ ва омӯзгор бояд уҳдадории худро оид ба истифода набурдани телефони мобилӣ риоя намояд. Дар ҳолати вайрон кардани ин уҳдадорӣ бояд нисбати шахсони зикршуда аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Дониёр Сангинзод,
муовини ректор оид ба корҳои илмии ДДОТ
ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор
Шараф Алланазаров,
мудири шӯъбаи тарбияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ.
|