• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ МЕҲВАРИИ СУХАНРОНИИ  ПРЕЗИДЕНТ  ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар партави  суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вохӯри бо кормандони илм баргузор гардид. Сараввал вазъи корҳои илмӣ, мушкилот ва пешомади соҳа мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода шуд. Таъкид шуд, ки рушди илм ҳамвора дар суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат таъкид мегардад ва дар суханронии Президент дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимогни дини мамлакат низ бори дигар зикр шуд, ки «Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад», - иброз дошт муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод.
Зимни тавзеҳи нуктаҳои меҳварии мулоқоти мазкур дар хусуси пешгирии гаравиши  ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ҳифзи фарҳанги миллӣ, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, софдилона ба нафъи халқу меҳан заҳмат кашидан, омӯзиши илму технологияи навин сухан рафт. Зеро тавре Президенти мамлакат таъкид доштанд «Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд».
Ҳамзамон аз кормандон ва ходимони илми донишгоҳ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нуктаҳои меҳварии суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат фаъол бошанд, барои пайванд намудани илм бо истеҳсолот сайъ намоянд, ҷиҳати дар руҳияи ободкориву ҳифзи манфиатҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас ҷидду ҷаҳд варзанд ва нуктаҳои меҳваврии мулоқоти мазкурро сармашқи кор қарор диҳанд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj